Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни будҷаи соли 2018 воридоти баъзе маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷ ба Душанберо аз НДС ё андоз аз арзиши изофӣ озод кард. Ин маводро асосан Корхонаи истеҳсол, захира ва фурӯши маҳсулоти ҳукумати шаҳри Душанбе ворид менамояд.
Мақомот гуфтанд, ки ҳадафи ин иқдом ҷилавгирӣ аз камбуди маҳсулоти ниёзи аввалия ва болоравии нарх дар шаҳри Душанбест. Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми март дар порлумон гуфт, “дар ин сурат амнияти маводи ғизоӣ дар пойтахт таъмин хоҳад шуд”.
Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии тақрибан 9 миллионнафарии Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд.
Ҳадафи дигар, ба қавли муовини вазир, “муътадил нигоҳ доштани нархҳо” ва “бо нархи арзон ба маҳсулоти хушсифат дастрасӣ пайдо кардани сокинони пойтахт аст”. Қарор аст, номгӯи ин маҳсулот аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Ба гуфтаи Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, соли гузашта бо назардошти талабот ба маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт индекси нархҳои маҳсулоти ниёзи аваллия нисбат ба молҳои ғайри хӯрокворӣ ва хидматрасониҳо афзуда, афзоиши таварруми истеъмолӣ нисбат ба соли 2016 беш аз 10 дарсадро ташкил дод. Ҳоло нархи 1 кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 3-3 сомониву 50 дирам, пиёз аз 2,5 то 3,5 сомонӣ, гӯшт 38-40 сомонӣ, моҳӣ 30-40 сомонӣ, қанд 6-7 сомонӣ, шир 4 сомонӣ, равғани растанӣ – 10 сомонӣ, як халта орд аз 125-130 сомонӣ аст.
Вакилони порлумон дар овоздиҳии рӯзи 6-уми март бо тағйири қонуни будҷа мувофиқат карданд. Тоҳир Ҷобирзода, як вакили порлумон гуфт, ин имкон медиҳад, то мисли солҳои пеш дар дарёфти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ҳарҷу марҷ пеш наояд ва сокинон тавонанд бо дилпурӣ маҳсулоти лозимаашонро бо нархи муносиб дастрас кунанд.
Маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон аксаран аз хориҷа ворид мешавад ва тағйирёбии нарх ҳам маъмулан ба арзиши воридотии ин маҳсулот ва пардохтҳои гумрукиву хароҷот бастагӣ мегирад. Болоравии нархи ғизо, инчунин, дар мавсими идҳои муҳими миллӣ ва диние ба мисли Рамазон ва Қурбон ҳам мушоҳида мешавад. Инро бархе корошиносони соҳа натиҷаи “спекулятсия” ё машварати таъминкунандагони захираҳои маводи ғизоӣ ҳам ном мебаранд.
Иқтисодшиносон мегӯянд, мавзӯи ғизо ва захираи хӯрок як мавзӯи стратегӣ барои давлат аст ва дар сурати камбуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ҳолатҳои норизоияти иҷтимоӣ ҳам эҷод мешавад.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик, дар ин бора гуфт: “Дар бештари бозорҳо нақши логистикӣ ё таъминкунандаи маҳсулотро шахсони ҳуқуқӣ – соҳибкорони хусусӣ иҷро мекунанд ва аз ин рӯ назорат кардану ба танзим даровардан хеле мушкил хоҳад шуд. Ҳамакнун Кумитаи амнияти бехатарии озуқаворӣ ташкил шудааст, ки фикр мекунам дар амри назорат ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот ва танзими нархи он мусоидат хоҳад кард”.
Ба таъкиди ин иқтисоддони тоҷик, ин иқдом кӯмак ба шаҳрдори нав – Рустами Эмомалӣ аст, то битавонад дар расидагӣ ба мушкилоти мардум муваффақ бошад. Рустами Эмомалӣ писари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур аст, ки соле пеш баъди чанд соли раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъин гардид.
Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии тақрин 9 миллион нафарии Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд. Иқтисодшиносон мегӯянд, ин қишри ҷомеа 70 дарсади даромадашонро барои хариди хӯрокворӣ сарф мекунад. Болоравии андаки нархи ғизо ҳам дар тавони харидории ин қишри ҷомеа хеле таъсир мегузорад.
Созмони ҷаҳонии озуқа дар тадқиқоти ахири хеш мегӯяд, 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон ё ҳар нафари панҷум аз амнияти ғизоӣ бархӯрдор нест ва ё ба ибораи дигар ҳамеша қудрати хариди ғизои кофӣ барои худ ва аҳли оилаи хешро надоранд.