Зумрад Солиева, сардори Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки қазоват дар бораи гӯё ба Сурия рафтани сардори ОМОН, полковник Гулмурод Ҳалимов, ҳанӯз барвақт аст. Ӯ, ки 25 май дар бораи нишасти вазирони умури дохилӣ ва тартиботи ҷамъяитии кишварҳои узви ШОС дар Душанбе сӯҳбат мекард, афзуд, "таҳқиқ ҳоло ҷараён дорад ва бояд ҳаматарафа ва дақиқ сурат гирад. Ҳар як овоза ва ҷузъиёт санҷида мешавад."
Дар ҷавоб ба суоли он ки оё овозаҳо дар бораи ба рухсатӣ рафтани Гулмурод Ҳалимов то куҷо ҳақиқат дорад, Солиева гуфт, "ҳоло дар ин бора ҳам чизи дақиқ гуфтан мушкил. Чаро ки кормандони пулис ва сохторҳои
қудратӣ вақти муайяни рухсатӣ надоранд. Барои мисол, ман се сол боз рухсатӣ нарафтаам ва сари кор ҳастам. Ҳаргуна овозаҳо фарзия шуда наметавонад."
Ҳоло Додситонии кул ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нопадид шудани сарҳанг Гулмурод Ҳалимовро таҳқиқ доранд. Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, панҷ рӯзи пеш ба рӯзноманигорон гуфта буд, хабари гӯё пайвастани сарҳанги тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро таҳқиқ мекунанд. Рамазон Раҳимзода, низ ваъда дод, натиҷаи тафтишоти дохилии вазорат то охири ҳамин ҳафта дастраси расонаҳо хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар куҷо будани сарҳанг Ҳалимов аз аввали моҳи май ба ин сӯ дар сархатти расонаҳост ва бархе аз онҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки полковник Ҳалимов шаҳодатномаи хидматӣ ва силоҳи худро дар коргоҳаш гузошта, нопадид гаштааст. Дар ин робита фарзияҳои гуногуни ғайб задани сарҳанг Ҳалимов нашр шудаанд. Бино ба онҳо, сардори собиқи ОМОН гӯё ба ҷанҷгҷӯёни ДОИШ дар Сурия пайвастааст, дар сафари хидматӣ берун аз кишвар аст ё рухсатии худро дар Туркия идома медиҳад.
Пайвандони Гулмурод Ҳалимов мегӯянд, ӯ субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Ҳарчанд наздиконаш мегӯянд, ӯ чандон одами мазҳабӣ набуд ва хабари гӯё ба Сурия рафтанаш ба ҳақиқат рост намеояд, аммо рӯзи 12 май хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба нақли ҳамсӯҳбатони худ гуфт, ӯ вақтҳои охир ба “Давлати исломӣ” ва сохтору ақидаҳояш таваҷҷуҳ нишон дода, ба таблиғи ақидаҳои он пардохтааст ва даҳ нафарро ба ивази маблағ ба Сурия бурдааст.
Ба навиштаи ин оҷонсии хабарӣ, “дӯстони Ҳалимов гуфтанд, ӯ вақтҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти ДОИШ, ақидаи онҳо ва амалиёти ҷангияшон маълумоти комил ҷамъоварӣ мекарад. Вай фанатики ДОИШ шуда буд ва ақидаҳояшро дар миёни одамони наздикаш низ паҳн менамуд.”
Дар идомаи сӯҳбати рӯзи душанбеаш бо хабарнигорон, Зумрад Солиева -- сардори раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати умури дохилиӣ дар бораи нишасти Шӯрои вазирони умури дохилӣ ва тартиботи ҷамъиятии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе низ хабар дод. Ӯ гуфт, ин нишаст 5 июни соли ҷорӣ баргузор шуда, мавзӯи баҳсаш "густариши терроризму ифротгароист".
"Чаро ин мавзуъ матраҳ аст? Барои он ки фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва иротгароӣ бештар шуда, нигаронии кишварҳои ҳавзаи ШОС-ро ба вуҷуд овардааст,”-таъкид кард ӯ. Зумрад Солиева мегӯяд, инчунин вазирони умури дохилӣ ва тартиботи ҷамъиятии кишварҳои узви ШОС амнияти иттилоотӣ ва ҷиноятҳои кибернетикиро баррасӣ хоҳанд кард.