Дӯсту душмани Тоҷикистон аз нигоҳи сафири Эрон (ВИДЕО)

Сафири Эрон дар Душанбе ҳангоми сӯҳбаташ дар мавриди эронситезӣ ва исломҳаросӣ гуфт, Тоҷикистон бояд дӯстро аз душман фарқ кунад. Вай ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 9 феврал баён дошт.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ -- сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, Теҳрону Душанбе бо ҳам муштаракоти забониву фарҳангӣ ва таърихӣ доранд ва бояд дар ин вазъу замон Тоҷикистон дӯстро аз душманаш фарқ кунад. Оқои Фағонӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон ва дар мавриди эронситезӣ ва исломҳаросӣ ба забон овард.

Ба бовари сафири Ҷумҳурии Исломӣ, дар ҷаҳон эронситезӣ дар заминаи исломҳаросӣ ба миён омадааст. “Эрон кишвари исломист ва ваҳдати ягонаи ин кишвар аз Ислом маншаъ мегирад. Кишварҳое, ки исломбадбин ҳастанд, ба хотири бад дидани Ислом, эронситезӣ мекунанд”,-таъкид дошт ӯ.

Сафири Эрон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати худ бо хабаргузории "Форс" аз баъзе гуруҳҳои салафӣ дар Тоҷикистон интиқод карда буд, ки дар баҳси шиаву сунниро доман мезананд ва ба қавли ӯ "пружаи эронситезиро дунбол мекунанд". Вай афзуда буд, "ман дар Тоҷикистон сиёсатеро, ки аз тарафи давлат бо ҳадафи эронҳаросӣ дунбол шавад, эҳсос накардам. Балки равобити мо бо давлати ин кишвар дӯстона ва бародарона мебошад. Бархе гуруҳҳои салафӣ дар ин ҷо ва ҷойҳои дигар дунболи доман задан ба ихтилофи шиа ва суннӣ ҳастанд ва табиатан пружаи эронҳаросиро ба унвони тазъифи кишвари парчамбардори ваҳдати шиа ва суннӣ аст, дунбол мекунанд. Вале инҳо на дар байни давлати Тоҷикистон ва на дар байни мардуми ин кишвар ҷойгоҳе надоранд."

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар идомаи сӯҳбаташ бо таассуф аз парокандагӣ дар ҷаҳони Ислом низ ҳарф зад ва гуфт, “кишварҳои бегона бо ҳар роҳу васила аз ин парокандагӣ истифода бурда, ба оташи ихтилоф миёни мусулмонон доман мезананд”.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар идома дар бораи қазияи миллиардери боздоштшудаи эронӣ -- Бобаки Занҷонӣ ҳам ҳарф зад. Ӯ гуфт, қазияи Занҷонӣ то ҳол ба анҷом нарасидааст ва дар мавриди он хулоса баровардан хеле душвор аст. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ афзуд, "Бобак Занҷонӣ, ки дар кишварҳои хориҷ тиҷоратҳои зиёде дошт, дар Эрон бо иттиҳоми истифода аз маблағҳои байтулмол муттаҳам мешавад."

Ба гуфтаи вай, ин ҳама иттиҳомоте ҳастанд, ки таҳқиқашон ҳанӯз ба поён нарасидааст ва намешавад дар ин мавзӯъ ҳоло қазоват кард. ​Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ изҳори умед кард, мақомоти Эрон ба қазияи Бобак Занҷонӣ ба таври мунсифона бархӯрд хоҳанд кард. Вай гуфт, дар масъалаи фасод Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои муштарак ва хуб доранд ва мутмаин аст, ки дар ин масъала ба натоиҷи мусбат даст хоҳанд ёфт.

Бобаки Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, 30-юми декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ки ин 2,5 миллиард еврои интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.

Фағонӣ дар поёни соли 2014 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад. Вай тақрибан баъд аз як соли барканории Алиасғари Шеърдӯст ба ин мақом таъин шуд ва ин нахустин нишасти хабарияш ба ҳайси сафир дар Душанбе буд. Сафорати Эрон дар Душанберо тӯли тақрибан як сол кордори ин сафорат раҳбарӣ мекард.