Беш аз 7000 мӯътод дар Тоҷикистон

Тибқи иттилоъи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар соли гузашта ду корманди ин ниҳод барои иртикоби ҷиноят муҷозот шудаанд.
Рустам Назаров, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 6 феврал дар нишасти матбуотӣ бидуни бурдани номе гуфт, ки "яке аз ин кормандон, бо ҷурми қаллобӣ дар шаҳри Душанбе ва дигарӣ барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дар вилояти Бадахшон муҷозот шудаанд."

Тибқи гузориши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар як соли ахир дар қаламрави ин кишвар беш аз 7 ҳазор мӯътоди маводи мухаддир ё нашъаманд ба қайд гирфта шудаастт, ки 200 тани онҳо занонанд. Аз гузориши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир бар меояд, ки бештари мӯътодони маводи мухаддир - 3011 нафар, бо шумули 119 зан - дар шаҳри Душанбе будаанд.

Аммо гуфта мешавад, шумораи мӯътодон дар шаҳри Душанбе нисбат ба соли пеш як каме коҳиш ёфтааст. Дар соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон 3046 мӯътод, аз ҷумла 131 зани нашъаманд сабт шуда буд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.