Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиром ва арҷгузории мавқеи забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ таъкид кард ва гуфт, “вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён” аст, ки ба ин “рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз” эҳтиром ва арҷгузорӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 март дар хитоб ба зиёиён гуфт, бояд андешаи нафароне, ки дину миллати худро фурӯхтаанд, қатъиян маҳкум шавад. Ин дар ҳолест, ки огоҳон мегӯянд, раисҷумҳур бо ин ишораи худ мавқеи
Агар Фирдавсӣ медонист, ки дар Тоҷикистон ба ҷои "шаҳрдорӣ" мегӯянд "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр" ва ҳама рутбаҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон русӣ ҳастанд, "Шоҳнома"-ро оташ мезад. Умед Ҷайҳонӣ
ҳукумат дар робита ба баҳсӣ порсӣ ё тоҷикӣ будани забон дар Тоҷикистонро равшан кард.
Хитоб ба аҳли зиё: қотеона маҳкум кунед
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мулоқот дар баробари шоирону нависандагон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ даъват шуда буданд. Дар мулоқот тамаркузи асосии раисҷумҳур ба масъалаи забони тоҷикӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ забони расмии аҳди Сомониён буд ва баъдан дар давоми таҳаввулоти таърихӣ тавонист дар қаламравҳои фаротар аз Мовароуннаҳру Хуросон доман паҳн карда, мақоми забони муоширати байналмилалиро дар қаламравҳои Ироқу Ҳинд ва дигар нуқот касб кунад.
Президент гуфт, дар ҳоле, ки ҳукумат ба рушди сайёҳиву ҷаҳонгардӣ ва ҷалби меҳмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардааст, шаҳрвандони ин кишвар ҳам бояд забони адабии тоҷикиро бояд хуб бидонанд.
"Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем. Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони меъёрии тоҷикӣ пайваста саъю кӯшиш кунем ва барои тозагии баён, ифодаи соддаву равон ва саҳеҳии фикру андеша талош намоем", - гуфт президент Эмомалӣ Раҳмон.
Президент гуфт, зиёиёну донишмандон набояд дар робита бо "дуруст истифода бурдани мафҳуми “забони тоҷикӣ” бетараф" бошанд ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоянд.
"Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед,” - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ҳукумат мавқеашро муайян кард”
Огоҳон мегӯянд, президент бо таъкид ба мақоми забони тоҷикӣ бештар ба нафароне муроҷиат кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯи порсӣ будани забони тоҷикӣ пофишорӣ мекунанд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки дар мулоқоти раисҷумҳур бо зиёиён иштирок дошт мегӯяд, дар долонҳои ҳукумат мехоҳанд ба баҳси забон аслан хотима гузоранд.
Маҳз ба ин хотир ба қавли ҷаноби Сафаров, раисҷумҳур дар ин робита мавқеи ҳукуматро расман рӯшан кард. “Ин мавқеи рӯшани ҳукумати Тоҷикистон ва мавқеи дурусти олимони Тоҷикистон аст. Дар Тоҷикистон забон - забони тоҷикӣ аст.”
Ҷаноби Сафаров мегӯяд, “ишораи дигари раисҷумҳур ба онҳое буд, ки мавқеи калаванда доранд ва ҳуввияти миллии худро то ҳол дарк накардаанд. Чун онҳо як забони дигар масалан русӣ ё англисиро омӯзанд, бештар хаёл мекунанд, ки муҳимтарин чиз ҳамон аст. Лекин дар Тоҷикистон забони давлатӣ ин муҳимтарин чиз аст ва муҳимтарин воситаи алоқаи байни мардум аст."
“Агар Рӯдакӣ инро медонист дуд аз кафанаш мебаромад”
Мавзӯи тоҷикӣ ё порсӣ будани забон дар Тоҷикистон аз баҳсҳои гарм дар миёни бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Тарафдорони ақидаи порсӣ будани забон бештар рӯи он таъкид мекунанд, ки тоҷикӣ ном гирифтани забон дар Тоҷикистон тасмимест, ки сохтаи аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва забони мардуми Тоҷикистон ҳамон порсӣ аст, ки ба он дар Афғонистону Эрон ва нуқоти дигари ҷаҳон сӯҳбат мекунанд.
Аммо Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷики муқими Маскав ва муаллифи лоиҳаи “Вожаҷӯ” дар интернет дар ин бора андешаи дигар дорад. Ӯ мегӯяд, “ин бахш аз суханронии раисҷумҳур бояд посух ба касоне бошад, ки аз мақолаи Фарҳод Раҳимӣ (президенти Академияи улуми Тоҷикистон) интиқод карда ва забони тоҷиконро порсӣ хонда буданд. Раисҷумҳур дар ин суханронӣ аз "забони давлатӣ" ёд мекунад ва онро "забони тоҷикӣ" меномад.”
Дар матлабе соли 2017 Фарҳод Раҳимӣ аз тоҷикӣ будани забон дар Тоҷикистон ҳимоят карда буд. Изҳори назарҳои донишманди тоҷик мавриди баҳсҳои гарм дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
Умед Ҷайҳонӣ дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ рӯзи 19 март навишт:
“Масалан, агар Рӯдакӣ медонист, ки давлати Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидии худро "Прокуратураи генералӣ" меномад, дуд аз кафанаш бар мехост. Агар Фирдавсӣ медонист, ки дар Тоҷикистон ба ҷои "шаҳрдорӣ" мегӯянд "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр" ва ҳама рутбаҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон русӣ ҳастанд, "Шоҳнома"-ро оташ мезад». Ҷайҳонӣ гуфт, дар Тоҷикистон забони гуфтугӯи «русӣ аст, на тоҷикӣ ва на порсӣ.”
Бо ин ҳама ба қавли Умед Ҷайҳонӣ, баҳси забон як баҳси донишгоҳӣ ё академикӣ аст ва бо роҳи сиёсӣ намешавад онро ҳал кард.
“Аввал тоҷик ё мусалмон?”
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолааш бо аҳли зиё ба ҷуз забон инчунин сари масъалаи баланд бардоштани ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ зиёд тамаркуз кард. Аз ҷумла, раисҷумҳур аз зиёиён хост, ба мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд. Коршиносон низ таъкидҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон ба “худшиносӣ” ва “худогоҳии миллӣ”-ро як навъ паёми ӯ ба ифротгароёне меноманд, ки талош доранд бартар будани дин аз миллатро дар тафаккури аҳолӣ ҷой созанд.
Коршиносон мегӯянд, талошҳои ҳукумат ҳам асосан ба хотири ҷилавгирӣ аз мазҳабишавии зиёди ҷавонон аст ва мақомот мехоҳанд тафаккури миллиро ҷойгузини ақидаҳои динӣ кунанд.
Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, феълан дар гумон аст, ки зиёиён тавонанд тафаккури ҷавононро аз сӯи ақидаҳои ифротӣ ба самти андешаҳои миллӣ баргардонанд. Зеро ба қавли ин коршиноси масоили динӣ, ҳоло дар Тоҷикистон нависанда ва шоироне нестанд, ки рӯи мағзи ҷавонон таъсири зиёд дошта бошанд. Ба ин хотир мегӯяд, Ҳодизода, вақте "зиёиёни дуруст нест, дар он вақт албатта ифротиён омада ҷойро мегиранд".
“Вақте мо ҷавон ва донишҷӯ будем мавзӯи суҳбатамон аз Ҳофизу Лоиқ буд. Мо ашъори шоиронро мехондем ва дар бораи дин тамоман гап намезадем. Дар бораи романҳои Улуғзода гап мезадем. Аммо ҳоло вақте имрӯзҳо суҳбатҳои ҷавонро гӯш мекунам, аз ин чизҳо тамоман бехабар ҳастанд. Вақте ҷавонон аз китобу шоир ва рассом ифтихори миллӣ надоранд, албатта ҳама чиз фурӯ меравад,” - гуфт Ҳодизода.
Мулоқоти раисҷумҳур бо аҳли зиё ҳамасола дар фасли баҳор баргузор мешавад. Дар гузашта бархе матбуот зиёиёни Тоҷикистонро интиқод кардаанд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ бо раисҷумҳур мушкилоти доғи ҷомеаро матраҳ намекунанд.