Додгоҳ мегӯяд, ки қарори мазкур моҳи январ содир шудааст.
Мирзоаҳмад Бобоев, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 13 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо пешниҳоди мақомоти тафтишотӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, қарор шуд, ки Умаралӣ Қувватов дар ғайбаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Мирзоаҳмад Бобоев гуфт, азбаски Умаралӣ Қувватов дар хориҷи Тоҷикистон қарор дорад, мақомоти тафтишоти пешакӣ дар як муҳокимаи додгоҳие, ки моҳи январ сурат гирифт, ҳукм кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Умаралӣ Қувватов, соҳибкор ва муассиси “Гурӯҳи 24”, ки аз охири моҳи декабр дар боздоштгоҳи шаҳри Дубай ба сар мебарад, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар тақаллуби молӣ ва азхудкунии маблағҳо айбдор мешавад.
Ҳуқуқшиносон мегуянд, ҳабси пешакӣ дар шароите содир мешавад, ки шахси гумонбар дар берун аз Тоҷикистон ба сар бурда, дар содир кардани ҷинояти сангин гумонбар дониста шавад. Додгоҳ ба хотири он ҳабси пешакиро эълон мекунад, ки айбдоршаванда то замони содир шудани ҳукми додгоҳ барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар боздоштгоҳи мувақатии як кишвари хориҷӣ нигаҳдорӣ шавад.
Додрас Бобоев таъкид кард, ки судури қарори ҳабси пешакӣ дар нисбати Умаралӣ Қувватов ба маънои гунаҳкор будани ӯ нест. “Гунаҳгории ӯро додгоҳ муайян хоҳад кард”, гуфт Бобоев.
Ин дар ҳолест, ки Николай Николаев рузи 13 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, аз манобеъи худ санаде ба дасташ расидааст, ки тибқи он гӯё 15 декабри соли 2012 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти сарварии додрас Мирзоаҳмад Бобоев, котиб З. Абдурозиқов ва бо ширкати муовини Додситони кулли Тоҷикистон, сарвари раёсати назорати молиявӣ Б. Асоев мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст. Николаев иддао дорад, ки Умаралӣ Қувватов дар ғайбаш аз рӯи моддаи 247, қисмати 4, банди «б» дар қаллобӣ дар ҳаҷми бузург айбдор дониста шудааст. Ин дар ҳолест, ки таърихи боздошти Қувватов дар фурудгоҳи шаҳри Дубай 23 декабри соли 2012 мебошад.
Вале Мирзоаҳмад Бобоев додраси додгоҳи Фирдавсӣ иддаои вакили мудофеъи Қувватовро нодуруст шуморид ва гуфт, ки додгоҳи Фирдавсӣ ин гуна қароре дар мавриди муттаҳамсозии Қувватов содир накардааст, балки қаблан мақомоти тафтишоти пешакӣ уро бо қаллобӣ айбдор карда буданд.
Умаралӣ Қувватов, собиқ мудири кулли ширкати «Фароз» ва муассиси «Гурӯҳи 24», як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Маскав ташкил шуд, бо изҳороти тундлаҳни интиқодиаш дар ҳақи шахсиятҳои аввали ҳукумати Тоҷикистон ном баровард. Ба қавли вакили дифоъ, Қувватов то чанд рӯзи пеш дар боздоштгоҳи муваққатии Департаменти полиси ҷиноии Дубай нигоҳ дошта мешуд ва ҳоло ба зиндон интиқол ёфтааст, ки шароити хуби зиндагӣ, аз ҷумла кати хоб, оби гарм, хӯроки хуб ва маҳалли сайругашт дорад.
Радиои Озодӣ