Шаҳр холӣ, кӯча холӣ... Прага дар авҷи нигарониҳо аз коронавирус
Яке аз тарабхонаҳо дар Прага. Ин аксро соати ҳафти шоми 13-уми март гирифтаанд. Он замон дар дохили тарабхона ҳамагӣ ду нафар буданд.
Яке аз роҳравҳо дар маркази Прага, ки аз маҳалҳои серравуои ҷаҳонгардон аст. Шоми ҷумъа, 13-уми март
Дар мусофирбарҳо сокинонро ба кабинаи ронанда наздик шудан намемонанд
Дар ин маҳал, ки як замон пур аз ҷаҳонгардон буд, сайёҳони хеле камро мебинед
Гӯшаҳои холӣ аз собун ва маводи дигари дастшӯӣ дар баъзе фурӯшгоҳҳо
Истгоҳи холии метро дар ҷануби Прага. Шоми 13-уми март
Сайёҳон бо ниқоби тиббӣ дар метрои Прага. 14-уми март
Роҳро ба ошёнае, ки тарабхонаву қаҳвахонаҳо ҷойгир аст, мебанданд. Фурӯшгоҳи бузурги Панкратс. 14-уми март