"Почтаро монополия кардаанд." Гилаи сокинон ва сукути мақомот. ВИДЕО

Бархе аз сокинони Тоҷикистон шикоят доранд, ки имкони ба хориҷа фиристодан ва ё аз берун гирифтани номаву бастаи санадҳо ба воситаи почтаи кишвар мушкил шудааст. Онҳо мегӯянд, ё номаашон ба ҷойи таъйиншуда намерасад, ё хеле дер мерасад. Коршиносон ин вазъиятро ба баста шудани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва берақиб мондани "Почтаи тоҷик" дар бозори номакашонии кишвар рабт медиҳанд. Почтаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла DHL, ду сол пеш аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуданд.

Матни назари сокинонро дар бораи хадамоти почта дар Тоҷикистон дар зер хонед:

  • "Мо номаву бастаҳои худро барои фарзандон ба воситаи ягон хешу табор мефиристем. Дар бораи почта маълумот надорем."
  • "Асосан аз хидмати ёру дӯстон истифода мекунем."
  • "Мушкил ин аст, ки мактубҳо саривақт ба ҷойи зарурӣ намерасанд. Ё хато мешавад. Почтаи нав кушоданд, соҳа монополия шуд. Ман бо пардохти 71 доллар ба Малайзия як нома фиристодам. Бояд дар ҳафт рӯз мерасид. Мактуби моро ба Олмон фиристодаанд. Номае, ки бояд ба каси дигар ба Олмон мерафт, ба дасти писари ман ба Малайзия расид. Мо талаб дорем, ки пули моро баргардонанд".
  • "Ба бародарам дар хориҷа як баста фиристода будем. Тақрибан як сол нарасид. Дар Маскав дармонд. Баъд аз он дубора ба дасти мо баргашт. Маҷбур шудем, онро дубора ба воситаи баъзе аз ширкатҳо фиристем, бо нархи гаронтар."
  • "Сабаби асосӣ монополия будани почта дар Тоҷикистон аст. Онҳо тамоми кӯшиши худро ба харҷ доданд, ки дигар низомҳои байналмилалӣ, аз ҷумла DHL, фаъолият накунанд. Ба онҳо иҷозатнома надоданд. Коре, ки карда наметавонанд, ба он даст заданд. Имрӯз мардум аз кори онҳо розӣ нест."

Аз идора: То замони нашри видео муваффақ нашудем, ки назари масъулони "Почтаи тоҷик"-ро дар бораи нигарониҳо ва шикояти сокинон бигирем. Моҳи октябри имсол Ҷиёнхон Ёралиев, раиси ширкати "Почтаи тоҷик", ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо ба сабти номи дубораи почтаҳои байналмилалӣ дар кишвар розӣ буданд, "агар ширкатҳо шартро мепазируфтанд".

Яке аз шартҳои ҷониби Тоҷикистон ин будааст, ки почтаҳои байналмилалӣ танҳо бо хидматрасонӣ дар Душанбе ва Хуҷанд маҳдуд нашаванд ва номаҳову бастаҳои мардумро ба ноҳияҳои дурдасте ба мисли Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мурғоб низ расонанд. Пештар намояндагони ширкатҳои байналмилалии муросилотӣ гуфта буданд, Хадамоти алоқа барои сабти дубора шартҳое гузоштааст, ки иҷрояш номумкин аст.

Видеои суолу ҷавобро бо сокинон дар бораи хадамоти почта дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Почтаро монополия кардаанд"