Сиёсатшиносону таҳлилгарони тоҷик дар иртибот ба мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Украина назарҳои мухталиф доранд.
Амриддин Шарифов, устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "агар пиёдасозии манфиатҳои Ғарб дар Украина ҳамин тавр сурат бигирад, хоҳ-нохоҳ ба манфиатҳои Русия бархӯрда, боиси таҷзия ё парокандагии Украина мегардад, ки ин ба манфиати ҳам Украина, ҳам Русия ва ҳатто кишварҳои собиқ Шӯравӣ нест." Ба ин далел, ҷаноби Шарипов, хатти машши Кремлро дар ин масъала то ҷое қобили дастгирӣ медонад ва мегӯяд, месазад, то Тоҷикистон низ аз он ҳимоят кунад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, низ дар шароити феълӣ вайрон накардани муносибот бо Русия барои Тоҷикистонро муҳим медонад ва мегӯяд, "бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон ба Русия вобастагии зич дорад ва халалдор кардани муносибат бо ин кишвар ба манфиати Тоҷикистон нест."
Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Муллоҷонов, "амалкарди Русия нисбати Украина нақзи қавонини байналмилалӣ аст, аз суи ҷомеаи байналмилалӣ истиқбол намегардад ва ҳатто вокуниши манфиро ба вуҷуд меорад."
Ба ин хотир ин сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, "Тоҷикистонро лозим аст, то аз рӯи мақоли "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад" кор бигирад. Ҳам кӯшиш кунад, ки муносибаташро бо Русия ҳифз намояд ва ҳам талош кунад, ки ҷомеаи байналмилалӣ низ аз амлакарди Тоҷикистон наранҷад."
Аммо Комёб Ҷалилов, собиқ коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, "дар шароити феълӣ беҳтар аст, то Тоҷикистон дар фикри манфиат ва амнияти худаш бошад." Зеро ба таъкиди ҷаноби Ҷалилов, "таҳлили ахир нишон медиҳад, ки агар Русия дар масъалаи Украин муваффақ шавад, дигар пай дар пай кишварҳои дигари пасошӯравиро мисли Украин ба худаш тобеъ хоҳад кард." Ҳатто ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, "ҳадафи ниҳоии Русия ин аст, ки дар оянда як кишвари бузурги Русияро ташкил кунад".
Аммо чунин дурнамо ба мазоқи ҳокимони кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар ин 22 сол маззаи истиқлолро хуб чашиданд, намефорад. Аксари ин кишварҳо дар робита ба бӯҳрони Украина як мавқеъи зоҳиран интизориро пеша кардаанд ва бо ироаи баёнияҳои хушке дар бораи зарурати ҳалли сулҳомези қазия ё ҳадди аксар таъкид ба зарурати эҳтиром ба асли якпорчагии ин кишвар иктифо мекунанд.
"Раисиҷумҳуре ки фирор кард, дигар қонунӣ нест"
Танҳо Қирғизистон аз ин миён мавқеи равшантареро интихоб кардааст. Вазорати хориҷаи ин кишвар рӯзи 11 март, билофосила ба дунболи изҳороти ахири Виктор Янукович, кидар он ӯ бори дигар худро раҳбари қонунии Украина номид ва гуфт, бо беҳтар шудани вазъ ба Киев бар хоҳад гашт, дар як баёнияи шадидуллаҳн ҳам изҳороти Янукович ва ҳам "ҳар навъ иқдомеро, ки ташаннуҷи вазъ дар Украинаро ба ҳадаф дорад," маҳкум кард.
Бишкек гуфт, "раисиҷумҳуре ки боварии мардумашро пурра аз даст дода, амалан салоҳиятҳои раёсатҷумҳуриашро гум кардааст ва гузашта аз ин, аз кишвари худ фирор кардааст, наметавонад қонунманд бошад. Маҳз аъмоли бефикрона ва фасодзадагии мақомоти Украина боиси бӯҳрони имрӯза ва ҳалокати даҳҳо нафари бегуноҳ шуд."
Дар Украина баъди 3 моҳи эътирозҳо раҳбари рӯ ба Русияи ин кишвар Виктор Янукович рӯзи 22 феврал аз Киев фирор кард ва худи ҳамон рӯз бо қарори парлумон аз мақом барканор шуд. Ӯ ба баъди чанд рӯз дар Русия зоҳир шуд ва Маскав ба дунбол эълон кард, ки аз Янукович дархост гирифтааст, ки бо ҳадафи "барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ" ба Украина нирӯи низомӣ ворид кунад. Нирӯҳое, ки бовар меравад, аз Русия бошанд, дар ҳоли ҳозир вилояти Қримро тасарруф карда, як ҳукумати рӯ ба Русияро рӯи кор овардаанд. Ин ҳукумат рӯзи 16 март дар Қрим райъпурсиро барпо мекунад, ки як суол дорад: Ин вилояти аксари аҳолиаш русзабон дар ҳайати Украина бимонад ё ба Русия бипайвандад?
Кишварҳои Ғарб амалкардҳои Русияро дар Украина, бавижа ишғоли низомии Қримро маҳкум карда, ҳушдор додаанд, ки алайҳи Маскав таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард.