Порис-2024: аз Осиёи Марказӣ 218 варзишгар иштирок мекунад

Аз Қирғизистон дар Бозиҳои олимпии Порис 16 нафар иштирок мекунад.

Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-юми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - баргузор мешавад, кишварҳои Осиёи Марказиро 218 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи олимпии ҚАЗОҚИСТОН дар Олимпиадаи Порис 92 варзишгар шомил аст. Онҳо дар 25 намуди варзиш, ба монанди бокс, бадминтон, гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, ҷудо, гимнастикаи варзишӣ, варзиши сабук, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, тирпарронӣ, шамшерзанӣ, камонварӣ, теннис, шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, таэквондо, тенниси рӯи миз ва ғайра мубориза мебаранд. Теъдоди зиёди варзишгарони қазоқ дар мусобиқоти бокс, ҷуло ва варзиши сабук ширкат меварзанд.

Мунтахаби Қазоқистон дар муддати 28 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 71 медал (14 тилло, 21 нуқра ва 36 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони қазоқ соҳиби 8 медали биринҷӣ гардида буданд.

Ҳайати мунтахаби УЗБЕКИСТОН дар Бозиҳои ХХХIII тобистонаи олимпӣ аз 90 варзишгар иборат аст. Варзишгарони узбек дар 16 ришта ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба гайр аз намудхое, ки варзишгарони узбек натиҷаҳои баланд доранд, имсол бори аввал ба мусобиқоти футбол, ҷаҳиш ба об, камонварӣ, гуштии занона роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, 36 дар сади олимпичиёни Узбекистон занонанд.

Мунтахаби Узбекистон дар муддати 28 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 36 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Олимпиадаи Токио-2020 мунтахаби Узбекистон соҳиби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) гардида буд.

Варзишгарони ҚИРҒИЗИСТОН дар Олимпиадаи Порис бо шумули 16 нафар дар панҷ ришта: гуштии варзишӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, ҷудо ва бокс рақобат мекунанд. Мунтахаби Қирғизистон дар муддати 28 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони қирғиз соҳиби 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ шуда буданд.

Дар Олимпиадаи Порис ҳайати мунтахаби ТОҶИКИСТОН аз 14 варзишгар - шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таэквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда – иборат аст.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати тими олимпии ТУРКМАНИСТОН дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пори 6 варзишгар дар чор намуд: ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук дохил аст.

Варзишгарони туркман дар муддати 28 соли иштироки худ дар Бозиҳои олимпӣ (аз соли 1996 то инҷониб) танҳо як медал ба даст овардаанд. Дар Олимпиадаи Токио-2020 Полина Гурева дар вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 51 кило медали нуқра гирифт.

ОЛИМПИАДАИ ПОРИС БО МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ШУРУЪ ШУД

Барномаи сеҳафтаинаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж рӯзи 24-уми июл бо бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Узбекистон ифтитоҳ ёфт. Ин бозии гурӯҳи С , ки дар варзишгоҳи "Парк де Франс" доир шуд, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Миср ва Ҷумҳурии Доминикан бо ҳисоби 0:0 анҷом пазируфт.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал дар гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи А – Гвинея – Зеландияи Нав – 1:2, Фаронса – ИМА – 3:0; гурӯҳи В – Аргентина - Марокаш – 1:2, Ироқ – Украина – 2:1; гурӯҳи D – Ҷопон – Парагвай – 5:0, Мали – Исроил – 1:1.

Дар рӯзи аввали мусобикот ба ғайр аз футбол, бозиҳо дар риштаи регби барпо гардиданд. Аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ рӯзи 27-уми июл дар ду намуди варзиш – ҷаҳидан ба об аз трамплин ё баландии семетрӣ миёни занон ва тирпарронй аз милтиқи пневматикй (омехта, 10 метр) - муайян карда мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти КБО, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис-2024 қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Порис, ки шоми ҷумъаи 26-уми июл шуруъ шуда, се соат идома мекунад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Порисро дар бар мегирад.

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис интихоб шудааст. Қарор аст, маросими пӯшидашавии Бозиҳо рӯзи 11-уми август дар варзишгоҳи «Стад де Франс» баргузор шавад.

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ДЕҲАИ ОЛИМПӢ ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД

Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; шиноварон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов, инчунин даванда Фаворис Музрапов - дар Деҳаи олимпии Порис қарор доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Порис мераванд.

Ҷадвали оғози рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис-2024 (бо вақти Душанбе):

27-уми июл (шанбе)

Бокс. -63,5 кг. 1/16 финал. Баҳодур Усмонов, 20:00

28-уми июл (якшанбе)

Ҷудо. -66 кг. Эмомалӣ‌ Нуралӣ, 13:00

Бокс. -92 кг. 1/8 финал. Давлат Болтаев, 15:00

29-уми июл (душанбе)

Ҷудо. -73 кг. Беҳрӯзи Хоҷазода, 13:00

30-юми июл (сешанбе)

Ҷудо. - 81 кг. Сомон Маҳмадбеков, 13:00

Бокс. -57 кг. 1/16 финал. Миҷгона Самадова, 16:00

31-уми июля (чоршанбе)

Ҷудо. -90 кг. Комроншох Устопириён, 13:00

1-уми август (панҷшанбе)

Ҷудо. -100 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов, 13:00

2-юми август (ҷумъа)

Ҷудо. +100 кг. Темур Раҳимов, 13:00

Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Фахриддин Мадкамов.

3-юми август (шанбе)

Дав. 100 м. Фаворис Музрапов, 13:45

Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Екатерина Бордачева, 14:00

9-уми август (ҷумъа)

Гуштии озод. -74 кг. Виктор Рассадин, 14:30

10-уми август (шанбе)

Таэквондо. +67 кг. Мунира Абдусаломова, 12:00

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.