Попи Рум аз мусалмонҳои фирории Роҳинҷа узрхоҳӣ кард

Поп Франсис. Бангалдеш, 1-уми декабри 2017

Поп Франсис – раҳбари католикҳои ҷаҳон – баъди сафараш ба Мянмар ё Бирма аз Бангладеш ҳам дидан кард, ки дар онҷо беш аз 600 ҳазор мусалмони фирории Роҳинҷа ба сар мебаранд. Вай рӯзи 1-уми декабр бо теъдоде аз паноҳҷӯёни қавми Роҳинҷа дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, мулоқот кард ва дарди дили онҳоро шунид.

Ҳукумати Мянмар ҳамеша иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда, гуфтааст, ки фақат шӯришгаронро саркӯб намудааст

Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз паноҳҷӯёни Роҳинҷа ба хотири ончи "бетаваҷҷуҳии ҷаҳон" ба вазъияти ногувори онҳо хонд, узрхоҳӣ кард. Поп Франсис дар айни ҳол аз ҳукумат ва мардуми Бангладеш ба хотири паноҳ додан ба муҳоҷирони Роҳинҷа сипосгузорӣ намуд.

Вай, ки дар ҷараёни дидор аз Мянмар аз истифодаи калимаи “Роҳинҷа” худдорӣ карда буд, рӯзи ҷумъа нахустин бор Роҳинҷа, номи ақаллияти мусалмони Бирмаро ба кор бурд. Дар Мянмар, ки сокинони он аслан буддоиҳоянд, истифодаи оммавии калимаи "Роҳинҷа" манъ аст. Дар ин кишвар ба ақаллиятҳои мусулмон шаҳрвандӣ намедиҳанд ва онҳоро ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунии "банголӣ" медонанд.

Тайи тақрибан чаҳор моҳи ахир беш аз 600 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Мянмар ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва Амрико иқдоми низомиёни Мянмарро “поккории қавмӣ” номиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар аввали моҳи сентябр дар як суҳбати телефонӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, ҳодисаҳои Мянмарро маҳкум кард ва онро натиҷаи исломбадбинӣ хонд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам аз мардум хост, ки дар ҳаққи мусалмонҳои Мянмар дуо кунанд.

Аммо ҳукумати Мянмар ҳамеша иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда, гуфтааст, ки фақат шӯришгаронро саркӯб карда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Модар ҷудо, фарзанд ҷудо. Сарнавишти паноҳҷӯёни Роҳинҷа