Рамзҳои каждуму шер дар рӯйи бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистон акнун бо акси сарояндаҳои маъруфи Афғонистону Тоҷикистон -- Аҳмад Зоҳир ва Манижаи Давлат иваз шудаанд. Мутахассисони мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бар пояи таҷрибаи худ ҳадс мезананд, ки тағйири тамғаи бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистон мумкин аст ба талошҳои оммавӣ кардани тиҷорат ва истеъмоли марговартарин моддаи нашъаовар бастагӣ дошта бошад.
Лида Крикчикова, мудири ташхисгоҳи додгоҳии Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, барчаспҳое бо рамзҳои каждум ва шер асосан ба сифати ҳероин рабт дода мешуд, аммо акнун рӯ задани акси овозхононро дар болои бастаҳои ҳероин шарҳ додан мушкилтар аст. “Бубинед, акси Манижаи мо ва Аҳмад Зоҳир инъикос ёфтааст. Аммо солҳои охир бештар дар бастаҳо акси каждуму шер ва мор инъикос ёфтааст. Бастаҳои ҳероин бо аксҳои шутурҳои корвон, асп ва навиштаҳои мухталиф ҳам дар ин миён ҳастанд. Эҳтимол ҳар корхонаи тавлидкунандаи ҳероин бренди худро доранд. Мо дақиқ намедонем, чаро онҳо бештар акси каждуму шерро интихоб мекунанд, аммо тахмин задан мумкин аст, шояд ба сахттасир будани маҳсулоти истеҳсолии худ таъкид мекунанд”,-афзуд ӯ.
Дар миёни 5 тонна маводи мухаддир, ки Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми чанд соли охир кашфу мусодира кардааст, пушти бастаҳои онҳо 500 тамға, бо аксҳои мухталиф сабт шудааст. Ҳадафи ба тамғаи бастаҳои ҳероин табдил додани акси ин ду сароянда маълум нест, аммо маъмултарин бастаҳои ҳероин, ки ба Тоҷикистон аз Афғонистон интиқол меёбанд, тамғаҳое бо акси каждум ва шер доранд, ки то ҷое ҳадафашон рӯшантар аст.
Дар миёни ин тамғаҳои пушти бастаҳои ҳероин тамғаҳои дигаре низ ҳаст, ки бидуни шарҳ ҳадафаш рӯшан аст. Пушти ин бастаҳо харитаи Осиёи Миёна кашида шудааст ва бо хати самтгир сӯи Тоҷикистон ишора мешавад. Бо эҳтимоли зиёд, ин ишора ба он аст, ки корхонае танҳо барои интиқол ба Тоҷикистон маводи мухаддир тавлид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Хушнуд Раҳматуллоев -- сухангӯи Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ин тамғаҳо танҳо рамзи корхонаҳое ҳаст, ки ғайриқонунӣ ва хеле пинҳонӣ дар хоки Афғонистон ҳероин тавлид мекунанд. Раҳматуллоев мегӯяд, Оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни афғону руси худ чанд масири интиқоли маводи мухаддиррро ошкор карданд. Ба қавли ӯ, ин ниҳод аз аввали сол 669 кило маводи мухаддир мусодира кард, ки дар муқоиса бо соли гузашта 100 кило бештар мебошад.
Аммо ба гуфтаи Раҳматуллоев, қочоқбарон талош доранд, то масрири худро ҳамеша дигар кунанд: “Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, ду соли ахир самти интиқоли маводи мухаддир дигар шудааст. Ба факту рақамҳо назар кунем, аз аввали сол дар Арманистон беш аз 1 тонна маводи мухадир мусодира шуд, дар Гурҷистон 2 тоннаву 700 кило. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масир аз Афғонистон ба давлатҳои Қафқоз ва Русияву Аврупо тағийр ёфтааст. Ин роҳе, ки тариқи Осиёи Миёна буд, хеле омӯхта шуда буд ва қочоқчиён роҳҳои наве ҷустуҷӯ мекунанд, ки барои мақомот ноошно бошад.”
Тағйири тамғаҳо дар пушти маводи мухаддирро мақомоти Тоҷикистон ба хароб шудани корхонаҳои тавлиди ҳероин вобаста медонанд, ки гоҳ-гоҳе дар пайи амалиёти нерӯҳои НАТО ва Афғонистон ба миён меояд.
Аммо коршинсон мегӯянд, барои қочоқчиён тамғаи пушти бастаҳои ҳероин ҳеч аҳамият надорад. Марде, ки боре дар гарави қочоқбарони афғон афтода, шоҳиди додугирифти онҳо бо қочоқбарони тоҷик шудааст, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин додугирифт касе ба тамғаи пушти бастаҳои ҳероин таваҷҷӯҳ накард: “Аз он ҷое, ки мушоҳида кардам, ҳероинҳо ду ё се навъ тамға доштанд. Онҳо ҳангоми додугирифт, ки ҳамчун гаравгон шоҳид будам, ба тамғаҳо аҳамияте надоданд. Онҳо барои худ санҷишгар доранд, ки онро “пробчик” меноманд. “Пробчик ” зоҳиран истеъмолкунандаи маводи мухаддир аст ва бо каме истеъмол кардани он ба харидорон сифати беҳтарин доштан ё надоштани маводро шарҳ медиҳанд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин мард мегӯяд, қочоқбарони афғон барои ҳамтоёни тоҷики худ то 30 километри дохили марзи Тоҷикистон маводи мухаддирро меоранд ва додугирифт ҳам дар хоки кишвар сурат мегирад. Ин мард мегӯяд, ҳангоми сӯҳбати телефонӣ ин гурӯҳи қочоқбар ҳамеша аз рамз кор мегирифтанд ва ҳеч гоҳ номи ҳероин ва маводи мухаддирро ба забон намеоварданд.
Лида Крикчикова, мудири ташхисгоҳи додгоҳии Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, на ҳамаи он маводи мухаддир бо тамғаҳои гуногун ошкоршуда ҳероини холис буданд. Ба гуфтаи ӯ, зимни ташхис маълум мешуд, ки бо ҳероин маводи дигар низ омехта мекунанд ва сифати онро каме тағйир медиҳанд.
Ҳарчанд гурӯҳҳои қочоқбар Тоҷикистонро бештар ба ҳайси кишвари транзитии маводи мухаддир истифода баранд ҳам, аммо миқдоре аз маводи мухаддир дар ин кишвар барои истифода боқӣ мемонад. Миқдоре, ки дар Тоҷикистон мемонад ҳеч гуна тамға надоранд, балки ба таври хурд бештар дар қуттиҳои гӯгирдчӯб фурӯхта мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон бештар аз 6 ҳазор истифодабарандаи маводи мухаддир сабт шудааст ва соле бештар аз 20 нафар бинобар истифодаи беш аз меъёр ба ҳалокат мерасанд.
Хонаводаҳое, ки пайвандонашонро аз ҳисоби маводи мухаддир аз даст додаанд, намехоҳанд, дар ин бора сӯҳбат кунанд. Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори маҳаллӣ дар Кӯлоб, мегӯяд, гузареро дар ин шаҳр медонад, ки ҳар чаҳор марди ин хонавода аз ҳисоби истеъмоли маводи мухаддир фавтидаанд. “Мақомот тасдиқ мекунанд, ки инҳо аз ҳисоби беш аз меъёри маводи мухаддир фавтидаанд, аммо наздикони онҳо инро ҳамчун як доғ дониста, аз гуфтани ин ки фарзандашон ҳангоми истифодаи ҳероин фавтидааст, шарм медоранд”,-афзуд ӯ.
Тоҷикистон, ки бо давлати исломии Афғонистон беш аз ҳазор километр хатт марз дорад, кишваре дониста мешавад, ки тариқи он ба Русия ва Аврупо маводи мухаддир интиқол меёбад. Соле мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар аз ду тонна маводи мухаддир мусодира мекунанд, ки тамғаҳои гуногун доранд. Ҳарчанд, рамзи аксҳои каждуму мор пушти бастаҳои ҳероин маълум нест, аммо заҳри бадтар аз каждуму морро сокинони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баъди истеъмоли ин гуна маводи мухаддир чашидаанд.