Агар Нобовар Чанорро дар наврасияш медидед, аслан намешинохтед, аммо Баҳроми Ғафурӣ зиёд дигар нашудааст ва каме диққат додан ба хатту холаш шуморо дар шинохтани акси замони наврасии ӯ комёб мегардонад.
Имрӯзҳо дар чанде аз шабакаҳои иҷтимоӣ барномае роҳандозӣ шудааст, ки ба одамон имкон медиҳад, симои тахминии худро баъд аз 50 соли дигар бубинанд. Зоҳиран, баъзе одамон сахт тағйир меёбанд, вале баъзеи дигар вижагиҳои чеҳраи давраи ҷавонӣ ва наврасии худро нигоҳ медоранд.
Таҷрибаи мо дигар аст. Мо суратҳои давраи тифлӣ ва наврасии 10 чеҳраи саршиноси саҳнаи Тоҷикистонро ҷамъ овардем ва нақшаи аввалия ини буд, ки симои замони наврасии онҳо бо чеҳрае, ки имрӯз доранд, муқоиса карда шавад. Аммо тасмими ниҳоӣ ин шуд, ки аз ин аксҳо як озмуне барпо кунем ва хонандагони арҷманд худ талош кунану ҳадс зананд, ки дар акси кӯдак ё наврасе киро мебинанд.
Ин бахши аввали аксҳост ва дар ояндаи наздик акси сиёсатмадорон ва адибонро низ ба ин шева пешниҳод хоҳем кард. Дар зимн, агар Шумо низ акси ҷолибе аз замони кӯдакию наврасии худ ё чеҳраҳои маъруф доред, ба воситаи “Сафҳаи хонандагон” ба мо фиристед.