Раҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Бенедикти шонздаҳум гуфтааст, ки тақвими масеҳӣ бар пояи як иштибоҳ танзим шуда ва Исои Масеҳ чанд сол қабл аз он ба дунё омадааст.
Поп Бенедикти шонздаҳум, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар китоби худ, ки ба тозагӣ чоп шудааст, мегӯяд, ки тақвими масеҳӣ бар пояи як иштибоҳи солшумории таърихӣ танзим шуда ва Исои Масеҳ чанд сол қабл аз таърихе, ки тасаввур мешавад, зода шудааст.
Поп дар китоби худ бо номи «Исои носирӣ, ҳикояти кӯдакӣ», ки рӯзи чаҳоршанбе ба чоп расид, менависад, ки ин иштибоҳ маҳсули хатои як роҳиби масеҳӣ аст, ки бо номи Дионусиюс Ексигюс дар қарни шашум зистааст. Ба навиштаи рӯзномаи бритонии Daily Telegraph, дар ин китоб, ки дар аввалин чопи он, як миллион нусха вориди бозор шудааст, Поп менависад, «солшумории вобаста ба оғози тақвими мо, ки бар асоси таваллуди Исои Масеҳ танзим шудааст, тавассути Дионусиюс Ексигюс анҷом ёфт ва вай дар шумориши худ чандин сол иштибоҳ кард. Таърихи таваллуди воқеии Исои Масеҳ чандин сол зудтар будааст.»
Ин иддао, ки шумориши пояи тақвими масеҳӣ иштибоҳ аст, нуктаи наве нест. Бисёре аз таърихнигорон мӯътақиданд ки Исои Масеҳ байни ду то ҳафт сол қабл аз мелод таваллуд шудааст. Аммо тарҳи ин мавзӯъ ва изҳори шакку тардид дар мавриди яке аз муҳимтарин унсурҳои суннати масеҳӣ тавассути як раҳбари католикҳои ҷаҳон, як нуктаи бисёр муҳиме аст.
Дионусиюс Ексигюс, роҳиби масеҳии қарни шашум ба унвони бунёдгузори тақвими нави масеҳӣ шумурда мешавад, ки акнун бахши густурдаи ҷаҳон аз он истифода мекунанд. Яке аз ангезаҳои вай барои ихтирои чунин тақвиме, дурӣ гирифтани дунёи масеҳият аз тақвиме буд, ки нуқтаи оғози он, шуруи даврони ҳукмронии Диослетиан, императори Рум буд.
Ин император дар даврони худ масеҳиёнро саркӯб карда буд. Бинобар ин масеҳиён, ки аз қарни панҷум ва шашум қадам ба қадам қудрати худро дар Аврупо мустаҳкамтар карданд, афзал шумурданд, ки ба ҷои даврони зимомдории вай, таърихи таваллуди Исои Масеҳро пояи оғози тақвими нави худ қарор диҳанд.
Рӯзноми Daily Telegragh ёддоварӣ мекунад, ки шеваи муъайян кардани замони таваллуди Исои Масеҳ тавассути Дионусиюс Ексигюс комилан мушаххас нест ва бисёре аз таърихнигорон ба назари Поп, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар мавриди иштибоҳи мавҷуд дар ин тақвим мувофиқанд.
Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашудааст. Ба назар мерасад, ки Дионусиюс Ексигюс барои муъайян кардани соли таваллуди Исои Масеҳ ба як ишораи норӯшан ба оғози даврони паёмбарии вай дар матнҳои муқаддас ва ҳамчунин замони «ғусли таъмид»-и ӯ, ки дар даврони зимомдории Тибериюс, яке аз имрераторҳои Рум сурат гирифт, такя кардааст.
Замони таваллуди Исои масеҳ танҳо мавзӯи баҳсбарангези ин китоби Поп нест. Ӯ дар бахши дигаре аз китоб мегӯяд, ки бар хилофи суннати роиҷ байни аксарияти масеҳиён, дар лаҳзаи таваллуди Исои Масеҳ, ки тибқи ривоятҳо дар як оғил рӯй додааст, ҳеҷ ҳайвоне, аз ҷумла улоғ ё хар дар он оғил набудааст.
Аксари католикҳои ҷаҳон ҳанӯз тибқи сунатҳои дерина, ҳангоми фаро расидани таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ ба унвони бахше аз ороиши Кресмес, саҳнаи таваллуди вайро ороиш медиҳанд, ки фазои даруни як оғил, Марями муқаддас, Довуд, Исои навзод ва чанд ҳайвони хонагӣ, аз ҷумла улоғ ё хар низ шомил мешавад.
Поп Бендикати шонздаҳум дар мавриди маҳали таваллуди Исои Масеҳ низ назари муаррихонеро, ки мӯътақиданд вай дар Носирия таваллуд шудааст, рад мекунад ва мегӯяд, ки вай дар Байтуллаҳм ба дунё омадааст.
Рӯзномаи Daily Telegraph аз қавли профессор Ҷон Бартон, устоди инҷилшиносии донишгоҳи Оксфорд менависад, ки аксари таърихнигорон ба назари Поп мувофиқ ҳастанд, ки тақвими милодӣ иштибоҳ аст ва Исои Масеҳ байни чаҳор то шаш сол қабл аз милод таваллуд шудааст. Ба гуфтаи вай, дар китоби муқаддаси масеҳиён ба замони таваллуди Исои Масеҳ ҳеҷ ишораи дақиқе нашуда ва тамоми ончӣ, ки мушаххас аст, ин аст ки вай дар даврони зимомдории Ҳероди Бузург, зода шуда, ки як сол қабл аз мелод даргузашт.
Ба гуфтаи профессор Ҷон Бартон, ин эътиқод, ки Исои Масеҳ дар рӯзи 25-уми декабр таваллуд шуда аст, низ ҳеҷ пояи илмӣ ва дақиқе надорад. Ба гуфтаи вай, ҳатто ҳеҷ санаде вуҷуд надорад, ки фасл ё моҳи таваллуди вайро мушаххас кунад.