То кунун 560 корбари торнамои Радиои Озодӣ дар назарпурсии мо дар бораи шеваи даъвати ҷавонон ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок карда, мавқеяшонро баён доштаанд. Аз ин ҳисоб беш аз 64 дарсадашон, яъне қисмати аслии онҳо гуфтаанд, мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш “мисли ҳамеша, бо облава” хоҳад гузашт.
Ҳудуди 13 дарсад аз назардиҳандагон гуфтаанд, вазъ аз солҳои қаблӣ ҳам бадтар хоҳад шуд. 9.9 дарсад тахмин задаанд, ки шояд вазъ дар муқоиса ба мавсими даъватҳои гузашта беҳтар шавад ва 6.6 фоиз ҳам ба ин боваранд, ки “дар чорчӯби қонун мегузарад”. Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, чунин мавзӯъ барояшон ҳеч аҳамияте надорад ва ин гурӯҳ аз 558 назардиҳанда 5.5 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ҳама гуруҳи кӯчаки назардиҳандагон, ки каме бештар аз 2 дарсаданд, гуфтаанд, дар ин бора аслан чизеро намедонанд.
Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба саффи артиш оғоз ёфтааст ва ин маърака то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Солҳои гузашта бино бар сарпечии ҷавонон аз артиш, мақомоти низомӣ, зимни рейдҳои ногаҳонӣ онҳоро аз кӯчаву бозор боздошт мекарданд ва рост ба артиш интиқол медоданд. Ин амали мақомоти низомӣ боис ба интиқоди шадид дар ҷомеа шуд ва раиси ҷумҳур ҳам хоста буд, аз шеваи маҷбурӣ кор нагиранд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ҳафтаи гузашта тайи як ҷаласа ба аъзои кумисюнҳои даъвати тирамоҳӣ гуфт, ба облава роҳ надиҳанд, балки аз роҳи фаҳмондадиҳӣ сокинони ҷавонро ба ҳимояти Ватан хонанд. Ӯ гуфта буд, дар навбати аввал бояд рӯйхати фарзандони мансабдори маркази Суғд таҳия шуда, дар сурати ягон имтиёз надоштанашон ба хидмати ҳарбӣ интиқол ёбанд.
Масъулони Кумисюни даъвати сарбозон ба артиш, таҳти назари муовини нахуствазири Тоҷикистон -- Марҳабо Ҷабборӣ, низ мегӯянд, “облава” ё боздошти сарбозони синни хидмати аскарӣ дар кӯчаҳо сурат нахоҳад гирифт. Онҳо иддао доранд, ки дар даъвати баҳории соли ҷорӣ танҳо ду мавриди боздошти ҷавонҳо дар кӯча ҷой доштааст, ки онҳо ҳам зуд ҳал шудааст. Ба қавли ёвари муовини сарвазир онҳо талош доранд, то “облава” комилан аз байн бурда шавад ва ҷавонон довталабона ва аз рӯи садоқат ба ватан ба хизмати аскарӣ бираванд.
Аммо ҳодисаҳои маргу латту кӯби баъзе аз сарбозони тоҷик дар ду соли охир волидонро нигарон кардааст. Вақте суҳбат аз артиш меравад, бештари онҳо аз тақдири Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт мисол меоранд, ки баъд аз адои донишгоҳ довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта, аммо бо дасту пойи беҳаракат аз он ҷо берун омад ва то ҳол дар беморхона табобат мегирад. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард ва баъдан ба табобаташ дар бемористони вилоятии Суғд идома дод. Ҳарчанд додгоҳ Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро, ба 9 соли зиндон маҳкум кард, вале волидони ӯ мегӯянд, беҳтар буд ин иттифоқ рух намедоду фарзандашон солиму бардам мемонд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳар сол дар ҷараёни даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба камияш 15 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар мешаванд. Онҳо баъд аз ду сол ба саффи нерӯҳои захиравӣ мепайванданд ва дар ҳолатҳои мабодо метавонанд дубора ба хидмат даъват шаванд.