"Фалсафа"-и хомӯшии аҳзоб ва ҷомеаи тамошобин

Бо гузашти се сол аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки мақомот онро кӯшиши табаддулоти давлатӣ унвон карданд, аҳзоби сиёсии Тоҷистон аз ҳоли рукуд ва аз чорчӯбе, ки мақомот барои онҳо сохтаанд, берун нашуданд. Баъди ошӯби муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода дар соли 2015, Ҳизби акнун мамнӯи наҳзати исломӣ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун шуда, 7 ҳизби дигар боқӣ монд.

Ҳоло вақте сухан аз сиёсат меравад, бархе аз сокинони Тоҷикистон аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ интиқод мекунанд, ки чанд сол боз дар баробари мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр кардаанд ва ба ҳизбҳои коғазӣ табдил шудаанд. "Аз сӯи дигар, боздошт ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон алайҳи чеҳраҳои шинохта, ба монанди Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров ҳизбҳои дигарро аз ҳад беш эҳтиёткор кардааст",- мегӯянд таҳлилгароне, ки мо ҳангоми таҳияи ин гузориш бо онҳо сӯҳбат кардем.

Ба андешаи таҳлилгарон, камфаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва камтаваҷҷуҳии ҷомеа ва ҷавонон ба сиёсат метавонад дар оянда барои шакл гирифтани ҷомеаи озоду демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.

Тоҷикистон расман низоми бисёрҳизбӣ дорад, аммо сокинон мегӯянд, аҳзоб танҳо дар остонаи интихоботҳо аз худ дарак медиҳанд ва ба суроғи райъдиҳанда меоянд. Дар вақтҳои дигар натанҳо мардумро ба гӯшаи фаромӯшӣ мебаранд, балки дар баробари масъалаҳои муҳими дохилу хориҷ ҳарфе намегӯяд.

Ин сукут ва камфаъолӣ ҳам, ба андешаи бархе аз таҳлилгарон, ба фарҳанги сиёсии мардум ва шаклгирии афкори сиёсӣ латма ворид мекунад.

Аҳзоби сиёсӣ "камбуд доранд"

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ як сабаби камфъолу ором будани аҳзоби сиёсиро ба оромии фазои сиёсии кишвар рабт медиҳад. Аммо дар айни замон ӯ таъкид мекунд, ки дар воқеъ аксар аҳзоби сиёсӣ ин "камбудро доранд" ва ғолибан баҳсҳои сиёсӣ ва фаъолияти аҳзоб дар кишвар ба қавли ӯ дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, мисли интихобот, бештар мешавад.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ.

Сайфулло Сафаров мегӯяд, бояд аҳзоб бо мардум кор кунанд ва нашрияҳои худро дошта бошанд ва дар ташаккули фарҳанги сиёсии мардум саҳм гузоранд. Ба бовари оқои Сафаров, аҳзоб бояд на танҳо дар масоили сиёсӣ, балки дар дигар арсаҳо ҳам фаъол бошанд,
то мардум онҳоро бубинанд ва аз пайи онҳо биравад.

Барои фаъол будан ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, пеши роҳи аҳзобу нерӯҳои сиёсӣ ягон мушкилу маҳдудияте нест ва онҳо озоданд ва фақат ба таҷрибаи сиёсии бештар ниёз доранд. Сайфулло Сафаров узви ҳизби ҳокими халқи демократӣ аст ва ин ҳизб аз фаъолтарин нерӯи сиёсӣ дониста мешавад. Ҳизбҳои дигари расман амалкунанда имконияти иҷтимоиву молии кофӣ надоранд,

Ҳизбҳои сиёсӣ "пухтатар" шудаанд?

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҳизби сотсиал демокртии Тоҷикистон, ки каму беш бо мавқеъгирии худ имрӯз аз аҳзоби дигар фарқ дорад, мегӯяд, ҳоло як давраест, ки ҳизбҳои сиёсӣ бояд "пухтатар" бошанд ва вобаста ба вазъ амал кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дигар давраи соддагии нерӯҳои мухолиф ва сиёсӣ гузашт ва ҳоло бештар онҳо аз амал ба таҳлил гузаштаанд.

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҳизби сотсиал демокртии Тоҷикистон.

"Ҳамин ҳодисаҳое, ки соли 2015 рух доданд, тасодуф набуд. Ҳадафнок буд. Аз ин рӯ бояд ҳар як нерӯи сиёсиву солим рафтору амали худро мутобиқ ба низоми сиёсӣ бисозад ва пухта бошад. Ман фикр мекунам дар солҳои 90-ум аз ҷумла ҳизби сотсиал-демократ соддатарин ҳизб буд. Мо ба бисёр чиз бовар мекардем. Мо аввал гӯш мекардему амал мекардем, вале ҳозир як давраест, ки гӯш мекунему бештар таҳлил мекунем, то ин таҳлили мо барои оянда як асоси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бошад."

Ба қавли Зиров, вақте як ҳизб каме сукут мекунад, бардошт чунин мешавад, ки ӯ тарсид. Аммо ба қавли ӯ, хомӯшӣ ҳам худ сиёсат аст. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, ҳоло дар ҷомеи падидае ба вуҷуд омадааст, ки як гурӯҳ ё ҳизб бояд амал кунад ва ҷомеа тамошобин бошанд. "Мегӯянд, канӣ шумо амал кунед, мо мебинем, ки ба чӣ натиҷа мерасед? Лекин аз тарафи худи ҷомеа ягон амал нест. Мардуме, ки дар дохил зиндагӣ мекунанд, ба сиёсат ягон пайвандие доштан намехоҳанд",-мегӯяд Зоиров

Зойиров мегӯяд, бо ин ҳама онҳо фаъол ҳастанд, агарчӣ мисли пеш дигар фаъолияти оммавӣ надорад, вале пайваста ба минтақаҳо сафар ва бо як гурӯҳи мардум мулоқот мекунад. Зойиров таъкид мекунад, ки ӯ ҳар сол ҳудуди 20 изҳорот медиҳад ҳарчанд аз ин изҳоротҳо фоидаи зиёде нест.

"Фаъолияти аҳзоб аз изҳорот додан иборат нест"

Имрӯз дар порлумони кишвар ба ҷуз аз ҳизби ҳоким, 4 ҳизби дигар намоянда доранд. Мунаққидон мегӯянд, ки маъмулан ин аҳзоб дар қабули қонунҳо саҳми бориз надоранд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили порлумони кишвар, мегӯяд, фаъолияти сиёсии ҳизбҳо аз изҳорот додан ва аз ҳар ҳодисаву таҳаввулот дар кишвар ҳангома сохтану нооромӣ ба миён овардан нест. Ҳизби сиёсӣ ба гуфтаи ӯ муаррифгарӣ як табақаи ҷомеа буда бояд таҳлилу пешниҳод кунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили порлумон.

“Вақте дар ҷомеа як мушкил аст ва ба ҳизби сиёсӣ писанд нест бояд таҳлил ва пешниҳод кунад. Дар баъзе ҳолатҳо мо ҳам мавқеи худро чӣ дар мавзӯи бонкҳо буд чӣ дар робита ба ихтисори бархе аз сохторҳои давлатӣ мувофиқи имкон изҳор кардем. Дар баъзе ҳолат посух ҳам мегирем. Дигар як давлат як камбудӣ кард шарт нест, бигирему дар ҳама сомонаҳо ҳангома созем. Ин паёми хуб надорад. Роҳ ҳаст фақат бояд таҳлилу пешниҳод кард. Ба ин хотир, андешаҳое, ки ин ҳизб кисагӣ аст, ҳизбҳо хомӯшанд, каме сабук аст.”

Бо ин ҳама мунаққидон мегӯянд, ҳукумати феълӣ ба фаъолияти ҳизбҳои мустақил манфиатдор нест ва дар симои онҳо барои худ хатарро мебинад. Мақомот манфиатдор нестанд, ки камбудиҳои ҳукумат гуфта шаванд ва гӯши ҷомеа интиқодро бишнавад. Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд сохтори феълӣ ҳанӯз фарҳанги бисёрҳизбиро ҳазм накардааст. Ба гуфтаи онҳо, ҷомеаи сиёсӣ ё афкори сиёсиро ҳамеша ва дар ҳар шароит ҳизбҳо ба вуҷуд меоранд, вақте онҳо сукут мекунанд, ҷомеа ҳам нисбати сарнавишти худу кишвар бетафовут мешавад.

"Набуди рақобати сиёсӣ ба манфиат нест"

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд ҳоло бо истифода аз усулҳои хос, фикру зеҳни мардум бо фикрҳои ғайрисиёсӣ пур мешавад ва ин ҳама мунҷар ба камтаваҷҷуҳии мардум ба фазои сиёсӣ мегардад. Ба гуфтаи ин коршинос, набуди рақобати сиёсӣ ба манфиати ягон кишвар нест.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Ба гуфтаи вай, агар рақобат нест рушд нест ва вуҷуд надоштани рақобати сиёсӣ ба рукуди кишвар мебрад, чун ин рақобат асоси ҳама гууна рақобатҳои дигар аст. "Вақте як вазир эҳсос намекунад, ки дар паси ӯ рақиби беҳтаре аст, ки метвонад ҷойгузини ӯ шавад, наметавонад фикри наве орад. Шахшуда мемонад. Набуди муборизаи сиёсӣ боис мешавад, ки мардум ҳам наметавонад, ки рушд кунад. Фикри мо фақат ба нақшаи имрӯзаамон банд мешавад. Нақшаву стратегияи дарозмудат сохта наметавонем",-мегӯяд Абдумалик Қодиров.

Роҳи бурунрафт аз ин вазъ ҳам ба гуфтаи ин таҳлилгар вуҷуд дорад ва мушкил ҳам нест. "Барои зиндагии беҳтар бояд аз ҳаққи худ талаб кард. Шарт нест, ки мо эътироз кунем, бояд ҳар кас дар ҷойи худ, бигузор дар сатҳи маҳаллаи худ аз ҳаққи худ талаб кунад, дар он сурат мақомот маҷбур мешавад, дар хизмати халқ бошад".

Дар маҷмӯъ ба андешаи таҳлилгарон, камфаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва камтаваҷҷуҳии ҷомеа ва ҷавонон ба сиёсат метавонад дар оянда барои шакл гирифтани ҷомеаи озоду демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.