Гурӯҳи баррасии масоили ислом, як бахши Маркази Jane's Information Group дар Лондон, мегӯяд, ки талошҳои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои ҳарчӣ бештар таҳти назорат гирифтани ислом паёмадҳои ногувор хоҳанд дошт.
Дар гузориши ахири ин гурӯҳ омадааст, ки баъди беш аз ҳафтод соли ҳукмронии атеизм дар Иттиҳоди Шӯравӣ сокинони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон истиқлоли кишварҳояшонро чун имкони ошноии дубора бо дини Ислом, дине, ки садсолаҳо бо фарҳанги ғании ин минтақа пайванди ногустанӣ дошт, пазируфтанд. Аммо тайи ду даҳсолаи ахир раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аксарашон аз раҳбарии ҳизби коммунист ба қуллаи баланди мансаб расидаанд, эҳёи исломро чун таҳдид ба қудраташон арзёбӣ мекунанд.
Ба навиштаи шореҳи гурӯҳ, вазъи дини ислом дар кишварҳои минтақа яксон нест. Қирғизистон ягона кишварест, ки духтарони толибилм ё донишҷӯ иҷозаи бо рӯсарӣ ба мактабу донишгоҳ рафтанро доранд ва созмони Ҷамоати Таблиғ манъ нашудааст. Дар Тоҷикистон ягона дар минтақа Ҳизби наҳзати исломӣ фаъол аст. Аммо сиёсати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз нигоҳи шореҳи Гурӯҳи баррасии масоили ислом, дар мавриди бартарӣ додан ба «исломи расмӣ», мубориза бо гурӯҳҳову ҷараёнҳои дигари исломӣ, ҳушдор аз хатари таҳоҷуми ифротгароӣ ва нигаронӣ аз афзоиши нуфузи гурӯҳҳои исломии мустақар дар хориҷи минтақа шабеҳи ҳам аст.
Ҳамсоягии ҷуғрофӣ бо Афғонистонро, ки бо се кишвари Осмиёи Марказӣ марзҳои муштарак дорад ва дар манотиқи шимолаш теъдоди бузурги тоҷикҳову туркманҳо ва узбакҳо ба сар мебаранд, мақомоти минтақа омили калидӣ ва манбаи аслии таҳдидҳои дохиливу берунӣ мехонанд. Афғонистон аллакай ба содиркунандаи асосии ҳероин ба кишварҳои воқеъ дар шимолу ғарб табдил шудааст. Аммо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бештар ба он нукта таъкид мекунанд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли равон онҳо бо таҳдиди гурӯҳҳои ҷиҳодии мустақар дар Афғонистону Покистон рӯбарӯ хоҳанд шуд. Яке аз ин гурӯҳҳо Ҷунбиши исломии Узбакистон аст, ки соли 1991 ба хотири сарнагунии ҳукумати Ислом Каримов ва ҷорӣ кардани қавонини шариат дар Узбакистон таъсис шуда буд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин гурӯҳ аз сӯи нерӯҳои мухолифин меҷангид ва чанд бор ба манотиқи ҷанубии Қирғизистон низ ҳамла карда буд. Айни ҳол теъдоди номаълуми сокинони Осиёи Марказӣ аз тарафи ин ҷунбиши наздик бо Толибон алайҳи ҳукумати Афғонистон, режими раҳбари Сурия Башор Асад ва давлати Покистон меҷанганд.
Аммо ба гуфтаи муаллифи гузориш, далелҳои мӯътамад дар мавриди нақшаи Ҷунбиши исломии Узбакистон барои ҷойи пой пайдо кардан дар Қирғизистон, Тоҷикистон ё Узбакистон, аз ҷумла, дар водии Фарғона, ки дар қаламрави ин се кишвар ҷойгир шудааст, зери даст нест. Бар пояи хабарҳо, ин ҷунбиш бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои байнумилалӣ дар Афғонистон заъиф шудааст ва аъзои он на сокинони Осиёи Марказӣ, балки бештар узбакҳо ва дигар қавмҳои муқими худи Афғонистонанд.
Дар қиёс бо Тоҷикистону Туркманистон марзи Узбакистон бо Афғонистон тулонӣ нест ва хуб ҳифз мешавад. Аммо дар ин марзҳо низ гоҳҳо даргириҳо бо «Толибон» сурат мегиранд ва ин баҳонае барои Тошканд оид ба пахши сару садоҳо дар мавриди омодагиҳои гурӯҳҳои тундрав ба ҳамла ба Узбакистон шудааст. Ҳукумати Ислом Каримов ин баҳонаро барои боздошту муҷозоти дигарандешон, аз ҷумла, рӯҳониёни берун аз итоати давлат ҳам истифода мебарад.
Зимнан, ба навиштаи Гурӯҳи баррасии масоили ислом, далелҳои зиёде мавҷуданд, ки кишварҳои минтақа, ба ҷуз Туркманистон, мамнӯъ эълон шудани фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрирро низ ҳамчун баҳона дар мубориза бо афроди ришдор, дигарандешон ва хабарнигорон истифода кардаанд. Зимнан ин ҳизби мамнӯъ миёни сокинони Узбакистон ва узбакҳои муқими Қирғизистон пайравони зиёд дорад.
Камолиддин Рабимов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар шаҳри Порис, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳизбуттаҳрир ё ҷараёнҳое чун Салафия ва Ваҳҳобия барои Тошканд ба силоҳе дар мубориза бо рӯҳониёни фаъол ва норозӣ аз таъқибу фишори ҳукумат табдил шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Узбакистон на бо тундгароӣ ва терроризм, балки бо мардуми тақводор меҷанганд, барои онҳо бештар одамоне “дарди саранд”, ки бомдод ба намоз мераванд ваё риш мемонанд ё ягон маросими диниро адо мекунанд. Аз сӯи дигар, стратегияи ҳукумати Тошканд чунин аст, ки маърифати динии мардум дар сатҳи пойинтарин боқӣ бимонад, зеро болоравии сатҳи маърифати динӣ боиси фаъол шудан ва ҳақталошии онҳо хоҳад шуд.
Дар гузориши Гурӯҳи баррасии масоили исломӣ гуфта шудааст, мардуми ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ пайрави мазҳаби Ҳанафиянд ва ҳам ҳукумат ва ҳам муфтиёт талош доранд, ки ба ҷуз ин «мазҳаби расмӣ» дигар ҷараёнҳо миёни мардум раҳ наёбанд. Дар Туркманистон имом-хатибҳо дар масҷидҳои бунёд кардаи давлат ва ороёфта бо порчаҳо аз китоби «Рӯҳнома»-и раисиҷумҳури собиқ Сафармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ исломро тарғиб мекунанд. Дар Узбакистон рӯҳониён ошкоро ба ситоиши раисиҷумҳур Ислом Каримов миёни намозгузорон машғуланд. Масҷидҳои Тоҷикистон таҳти назорати шадиди мақомоти ҳукуматӣ қарор доранд. Дар Қазоқистон чанде қабл охирин масҷиде баста шуд, ки берун аз назорати муфтиёти таҳти ҳимояи ҳукумат монда буд. Муфтиёти Қирғизистон назар ба дигар идораҳои мусалмонҳои минтақа озодиҳои бештар дорад, аммо ин ниҳод низ дар бархе масоил «ҳамовоз»-и ҳукумат мешавад, аз ҷумла, муфтиёт аз тайғирот ба Қонуни дин, ки бар пояи он сабти номи ҷараёнҳои на он қадар бузурги динӣ манъ шудааст, пуштибонӣ намуд. Ин гуна талошҳои таҳти назорати комил гирифтани дину мазҳаб, аз нигоҳи Гурӯҳи баррасии масоили ислом, метавонад паёмадҳои номатлуб ба думбол дошта бошад. Муаллифи гузориш бар ин аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи бархӯрди манфиатҳои пайравони ислом, ки ҳуқуқҳои худро поймолшуда меҳисобанд ва ҷонибдорони низоми дунявӣ, ки ба афзоиши нуфузи шариат дар минтақа қатъан мухолифанд, қарор доранд.
Аз сӯи дигар, аз саҳнаи сиёсат рафтани раҳбарони солхӯрдаи минтақа Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов шояд боиси пойфишориҳои бештар барои нақши муҳимтару муаасиртари ислом дар ҷомеъаи ин ду кишвар шавад. Ин вазъ метавонад ҷомеъаро бештар пушти ду сангари ҷонибдорон ва мухолифини нуфузи ислом қарор диҳад ва боиси низоъҳо дар сартосари Осиёи Марказӣ гардад.
Мавлон Мухторов, пажуҳишгари масоили динӣ ва собиқ муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки муборизаву бархӯрди афкор дар ҳама ҷомеъаҳо мавҷуд аст ва Осиёи Марказӣ ҳам истисно нест. Аммо аз нигоҳи ӯ, дар Тоҷикистон бархӯрди манфиатҳои пайравони ислом ва ҷонибдорони низоми дунявӣ байид ба назар мерасад, зеро ҳамаи онҳо ҳуқуқҳои баробар доранд ва ин ҳуқуқҳояшон нақз намешаванд. Дар робита ба имкони талошҳои нақши боризи ислом дар Ӯзбакистон ва Қазоқистон мусоҳиби мо гуфт, ки ба ноором шудани авзоъ дар ин ду кишвар бар пояи дину мазҳаб бовар надорад, зеро он ҷо раҳбарони тавонои мазҳабие нестанд, ки ҷомеъа аз пушти онҳо бархезад. Зимнан, Камолиддин Рабимов ҳам ба имкони талошу пойфишориҳо барои нақши муассири дини ислом дар Узбакистон бо назари шубҳа менигарад, зеро ба гуфтаи ӯ, баъд аз сари Ислом Каримов дар Узбакистон ҳатман шахсе аз атрофиёни феълии сарвари давлат сари қудрат хоҳад омад ва сиёсати ӯро идома хоҳад дод.