Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико дар Вошингтон

Сироҷиддин Аслов ва Нишай Бисвал

Дар даври панҷуми Машваратҳои дуҷонибаи солонаи байни Амрикову Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар, масоили амниятӣ, озодии дин ва ҳуқуқи инсон баҳс шудааст.

Рӯзи 16 июн дар қароргоҳи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вошингтон даври панҷуми Машваратҳои дуҷонибаи солонаи байни Амрикову Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва ҷониби Амрикоро ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Ниша Десай Бисвал раҳбарӣ мекарданд.

Бино ба гузориши сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайати Душанбе дар ин Машваратҳои солона бо Амрико муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев, раиси Кумита оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ шомил буданд. Ҷониби ИМА, бино бар ин манбаъ, “инчунин аз намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ, Департаменти тиҷорат, Департаменти меҳнат, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар мақомотҳои расмӣ иборат буд.”

Тафсилоти баҳсҳои тарафайн ҳанӯз маълум нест, вале бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон “зимни машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, энергетика ва сармоягузориро муҳокима намуданд. Инчунин табодули назар оид ба ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои амниятӣ, озодии дин ва ВАО ва ҳуқуқи инсон сурат гирифт.”

Дар хабари кӯтоҳе, ки дар сомонаи Департаменти давлатӣ – вазорати умури хориҷии Амрико нашр шудааст, гуфта мешавад, ки баҳсҳо рӯи паҳлуҳои башарӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии равобити Амрикову Тоҷикистонро тамаркуз мекунанд: “Тавассути Машваратҳои дуҷонибаи солона ва дигар муколамаҳои сатҳи баланд Амрико ба тақвияти равобиташ бо Тоҷикистон, як шарики муҳим дар минтақаи мавриди аҳамияти афзояндаи ҷаҳонӣ нигоҳ мекунад.”

Аммо Машваратҳои дуҷонибаи Амрикову Тоҷикистон ҳафтае баъд аз Муколамаи ҳуқуқи башар байни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон сурат мегиранд. Дар Брюссел мақомоти аврупоӣ аз шеваи баргузории интихоботи парлумонии рӯзи 1 март, қонуни нави созмонҳои ғайридавлатӣ, маҳдуд шудани озодиҳои динӣ ва пайваста маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон изҳори ташвиш карданд.

Сафорати Амрико низ дар ибтидои моҳи июн бо пахши як баёния аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои интернетии Ютубу Фейсбук ва сомонаҳои иттилоотии Озодӣ ва Азия Плюс дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки дастрасии бидуни мамониат ба васоили хабариро барои шаҳрвандонаш таъмин кунад.

Машваратҳои дуҷонибаи солона байни Амрико ва Тоҷикистон ҳамчун василаи муколамаи дипломатӣ миёни ду кишвар дар соли 2010 таъсис ёфта, имсол барои бори панҷум доир мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон, бино ба гузориши қаблии вазорати хориҷаи ин кишвар, аз 14 то 18 июн дар Амрико қарор хоҳад дошт. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Амрико дар иттилоияш хабар додааст, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамчунин дар зиёфате аз тарафи канслер - мушовири вазири хориҷаи Амрико Томас А.Шеннон ширкат варзида, рӯзи 17 июн бо муовини вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен низ мулоқот мекунад.

Равобити дипломатӣ байни Амрикову Тоҷикистон соли 1992 оғоз ёфтанд. Амрико умдатарин кишвари имдодрасон ба Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1992 ба ин тараф тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар кумак расондааст.

Дар буҷаи имсолаи Амрико танҳо ёриҳои иқтисодии ин кишвар ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 21,1 миллион доллар дар назар гирифта шуда, дар тарҳи буҷаи соли оянда, қарор аст, ёриҳои иқтисодии Вошингтон ба Душанбе 28,4 миллион доллар расонда шавад. Тоҷикистон аз нигоҳи дастрасӣ ба ёриҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ баъди Қирғизистон дар ҷои дувум аст