Афсари милиса дар рӯзи эълони ҳукм "ғайб зад". Ирониддини Аҳлиддин куҷо шуд? САДО

Акс аз бойгонӣ

Ирониддини Аҳлиддин, яке аз чаҳор корманди пешини Раёсати умури дохилии Душанбе, ки рӯзи 16-уми декабр ба зиндон маҳкум шуданд, эҳтимолан фирор кардааст. Ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ – "шиканҷа", "вайрон намудани дахлнопазирии манзил", "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ва "ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан" гунаҳкор донистанд. Ирониддини Аҳлиддин ба фарқ аз се ҳамроҳи дигараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд ва дар рӯзи қироати ҳукм дар додгоҳ ҳозир нашудааст.

Дастикам ҳабдаҳ сокини Душанбе шикоят карданд, ки чаҳор маъмури пешини милиса ҳангоми боздошт ва барои гирифтани маълумот ва ҳосил кардани иқрори иттиҳомот аз шиканҷа истифода кардаанд. Маъмурони милиса дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомро беасос хонданд.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ирониддини Аҳлиддин дар рӯзи қироати ҳукм ба додгоҳ наомад ва "эҳтимол фирор кардааст". Талошҳои мо барои пайдо кардани вакили мудофеъ ва пайвандони Ирониддини Аҳлиддин то ин дам бенатиҷа буд, аммо намояндаи Додситонии кул гуфт, "ҷустуҷӯяш расман оғоз шуд".

Дар гузашта ду маъмури милисаи муттаҳам ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов ҳангоми таҳқиқи парвандаашон "гум шуда буданд" ва дертар мақомот онҳоро бегуноҳ эълон карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ирониддини Аҳлиддин куҷо шуд?

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро аз ҳафт то ҳабдаҳ сол зиндонӣ кард. Дар мурофиаи ниҳоӣ додрас Тоҳирбек Мӯсобекзода пас аз он ки Ирониддини Аҳлиддин ба додгоҳ ҳозир нашудааст, ӯро ғоибона ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ ва додгоҳӣ, ки парвандаи милисаҳои пешинро зери назар доранд, Ирониддини Аҳлиддин бо навиштани забонхат барои берун нарафтан аз маҳалли зист дар ҳабси пешакӣ қарор надошт. Се ҳамроҳи ӯ – Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев ва Умед Ваҳҳобов – дар тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ дар боздошт буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа аз 7 то 17 сол зиндонӣ шуданд. САДО, ВИДЕО


Додрас нисбат ба Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати умури дохилии Душанбе 17 сол, ба Аваз Сабзаев 9 сол ва ба Умед Ваҳҳобов 7 сол ҳукми зиндон эълон кард. Наздикон ва вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо ҳукми додгоҳро беадолатона хонданд ва ба бознигарии он пофишорӣ доранд. Мақомот мегӯянд, нисбат ба ин афрод қисман қонуни афв татбиқ ва аз муҳлати ҳабсашон кам карда шудааст.

Рӯзи 19-уми декабр дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ирониддини Аҳлиддин дар мурофиаҳои қаблӣ дар додгоҳ ҳозир шуда, дар паҳлӯи вакили мудофеаш менишаст, вале рӯзи эълони ҳукм наомада буд.

Наргис Абдураҳмонова, вакили мудофеи Ҳамза Солеҳов, яке аз ҷабрдидаҳо дар қазияи милисаҳои собиқ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи эълони ҳукм аз адвокати Ирониддини Аҳлиддин ин суол пурсида шуд, ки чаро ӯ наомад. Вакили мудофеи Ирониддин дар бораи дар куҷо будани нафари зери ҳимояташ изҳори бехабарӣ кардааст. Абдураҳмонова мегӯяд, то ба ҳол дар бораи фирори Ирониддини Аҳлиддин маълумоти расмӣ нагирифтанд.

Ирониддини Аҳлиддин, сокини шаҳри Душанбе, рутбаи капитани милиса дошт ва то оғози парвандаи ҷиноӣ дар баҳори имсол дар Раёсати умури дохилии пойтахт кор мекард.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10