Рушди ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон – занҳо дар пайи зебоӣ. ВИДЕО

Дар миёни бонувони тоҷик низ таваҷҷӯҳ ба зебоиву ҷарроҳии пластикии намуди зоҳирӣ торафт мӯд мешавад. Зани муосири тоҷик қолабшиканӣ мекунад. Ӯ барои зебо шудан омода аст ва огоҳона худро зери теғи ҷарроҳи пластикӣ мегузорад. Афзоиши ҳаҷми сина, ринопластика ё таҳрири шакли бинӣ, тағйири шакли чашм ва ғафс кардани лабҳо - танҳо чанде аз номгӯи ҷарроҳии пластикист, ки як бонуи тоҷик ва қаҳрамони Радиои Озодӣ дар худ таҷриба кардааст.

Ҷарроҳӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи шавҳар

Ба гуфтаи Фарангис, таҷрибаи таҳрири шакли табиии ҳуснаш чанд сол пеш аз ҷарроҳии бинии шикастааш шурӯъ шуд. Баъдан ӯ тасмим гирифт, ки дигар “нуқсонҳои” зоҳириашро низ аз байн барад. Ҳоло чеҳраи ӯ саҳифаҳои зиёди корбарони Инстаграмро зеб медиҳад.

Фарангис, ки як зани сарватманд аст, мегӯяд, алоқамандӣ ба анҷоми амалиёти пластикӣ бештар дар миёни бонувони доро эҳсос мешавад. Танҳо ҳамин қишри занон омода мешаванд, ки пулҳои зиёдро барои таҳрири сурат ва бадани худ сарф кунанд.

Ба нақли Фарангис, ин ҷарроҳиҳо барояш осон даст надод. Чандин марҳилаи беҳушгардониву давраи барқарорсозиро пушти сар кард ва барои ҳар як ҷарроҳӣ аз 500 доллар бештар пул дод. Вале ӯ пушаймон нест, зеро мегӯяд, бо ин васила мехост таваҷҷӯҳи шавҳарашро, ки дар ин авохир дар "Инстаграм" чашмонашро бо акси занҳои зебои бегона“об” медод, ба худ ҷалб кунад.

Фарангис мегӯяд: "Ҷомеа чунин аст, ки бештари мардҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд ва дар он ҷо ҳамсарони рус мегиранд. Дар дохили кишвар мардон каманд. Барои ҳифзи оилаву ҳамсарам занҳо ба ҳар кор омодаанд. Зери теғи духтур рафтан ҳам яке аз ҳамингуна қурбониҳо аст, ки мо, занҳо, ба хотири ҳамсарон анҷом медиҳем. Аз тарафи дигар, занҳо ҳам мехоҳанд аз ин роҳ эътимод ба нафси худро боло баранд. Дар ҷомеаи мо нафароне, ки нуқси зоҳирӣ доранд, мавриди писханди мардум қарор мегиранд. Барои духтарон ин дарднок аст”, - мегӯяд Фарангис.

Ҷарроҳии пластикӣ маъмул мешавад

Ба ақидаи Фарангис, дар Тоҷикистон истифода аз хадамоти ҷарроҳии пластикӣ дигар кори маъмул мешавад. На танҳо занони солдида, балки ҷавондухтарон низ мехоҳанд зоҳири худро таҳрир кунанд. Ин гуфтаҳои Фарангисро навбатпоиҳои зиёд дар қабулгоҳи Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии барқарорсозӣ тасдиқ мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рушди ҷароҳии пластикӣ дар Тоҷикистон -- занҳо дар пайи зебоӣ

Ба ҷавондухтароне, ки ҳеҷ нуқси зоҳирӣ надоранд, пизишкон анҷоми ҷарроҳии пластикиро машварат намедиҳанд. Ҳатто барои онҳо фурсат медиҳанд, ки аз фикри худ баргарданд. Аммо бо ин вуҷуд дар ин марказ бинобар зиёд будани талабот амалҳо аз чанд ҳафта пеш барномарезӣ мешаванд. Дар як рӯз то се нафаррро ҷарроҳӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки маркази мазкур ягона муассисае нест, ки чунин амалҳоро анҷоммедиҳад.

Дар Душанбе ҳоло амалиёт бо истифода аз ботекс, туршӣ ва ё худ кислотаи гиалурон анҷом дода мешавад. Ин навъи хадамот то ҳадде маъмул ва дастрас аст, ки онро на танҳо дар марказҳои махсус, балки онҳое ҳам пешниҳод мекунанд, ки мутахассиси ин кор нестанд. Дар натиҷа муштариён ба ҷои зебоӣ, ба худ дарди сари нав мехаранд.

Натиҷаҳои баръакси ҷарроҳиҳои пластикӣ

Фарангис гуфт: "Теъдоди ба ном “косметологҳо”-и бидуни ихтисос хеле зиёд шудааст. Онҳо бидуни маълумоти касбӣ сӯзандору мегузаронанд, ожангҳоро нонамоён ва лабҳоро ғафс мекунанд. Дар бархе маврид ин натиҷаи баръакс медиҳад. Ман худам бевосита дар Душанбе шоҳиди ҳодисае будам, ки баъди ботекс рӯи зан варам кард. Як зани деҳотие, ки дар қабулгоҳи духтур дар назди ман менишаст, нақл кард, ки ду маротиба кӯшиш кард бинии каҷшудаашро рост кунад, вале ҷарроҳӣ муваффақ набуд ва ӯ ҳоло базӯр нафас мекашад».

Намояндаи клиникаи муосири “Промо Италия” дар Душанбе, номзади илмҳои тиббӣ аз Украина Елена Королёва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муштариён сари ҳар чанд вақт барои бартараф кардани оқибатҳои манфии чунин амалҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд.

"Мо кӯшиш мекунем ба онҳо кӯмак расонем. Аммо бартараф кардани оризаҳо мушкилтар аст. Дар аввал вақте ба мо муроҷиат мекунанд, мо ба занҳо ҳар гуна муолиҷаҳои ҷавонгардониро тавсия медиҳем, вале агар фоида накард, худамон ҷарроҳии пластикиро машварат медиҳем, – гуфт Королёва.

"Дар байни муштариёни мо шумори онҳое бештар аст, ки барои сафед кардани пӯст муроҷиат мекунанд. Занон пеш аз он, ки ба назди мо оянд, дар ин бора дар интернет маълумот мегиранд ва омода мешаванд. Ҳатто дар ин бора саволҳои касбӣ низ медиҳанд",-афзуд вай.

"Дороҳо бештар алоқаманд ҳастанд"

Фарангис, ки як зани сарватманд аст, мегӯяд, алоқамандӣ ба анҷоми амалиёти пластикӣ бештар дар миёни бонувони доро эҳсос мешавад. Танҳо ҳамин қишри занон омода мешаванд, ки пулҳои зиёдро барои таҳрири сурат ва бадани худ сарф кунанд. Ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, дар Душанбеи хурд, ҳолати рақобатро ҳам эҷод мекунад, чунки аксари ин бонувон мехоҳанд зеботар аз ҳамдигар бошанд.

Фарангис гуфт: "Ҳоло дар байни занҳои мо рақобати сахт шурӯъ шудааст. Духтарони аз 15 то 25-сола аз ҳар гуна ҷарроҳии пластикӣ истифода мебаранд. Ин духтарҳо бештар ба ғафс кардани лабу дароз кардани мижгонҳо таваҷҷӯҳ доранд. Бо ин амалашон дигар занҳоро низ ташвиқ мекунанд. Ҳоло ғафс кардани лабҳо ва ноаён кардани ожанг чунон осону маъмул шудааст, ки мисли тобистон ба “Баҳористон” рафтанро мемонад".

Вале Фарнгис мегӯяд, аксари занҳову духтарон истифода аз ҷарроҳии пластикиро пинҳон медоранд. Онҳо аз бархӯрди бади ҷомеаву пайвандони шавҳар меҳаросанд ва метарсанд, ки мавриди хандахариш дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегиранд.

Ба гуфтаи намояндаи яке аз клиникаҳои давлатӣ, ҷарроҳии маъмул ринопластика ва ё ислоҳи шакли бинӣ аст. Баъдан таҳрири шакли чашм, бузург кардани сина ва бартараф кардани паёмадҳои таваллуд талабгорони зиёд дорад. Дар маҷмӯъ, дар як сол на камтар аз 1000 амалиёт анҷом мешавад.

Талабгорони зиёди ҷарроҳиҳои пластикӣ

Тақрибан ҳамин теъдод ҷаррориҳиро занон дар хориҷи кишвар аз ҷумла Эрону Ҳиндустон ва Русия ҳам анҷом медиҳанд. Занон мегӯянд, дар он ҷо албатта харҷ зиёдтар, вале сифат ва кафолати ҷарроҳӣ беҳтару бештар аст. Дар ин авохир боз шудани намояндагии клиникаи кореягӣ дар Душанбе низ аз он далолат мекунад, ки дар кишвар ҷарроҳии пластикӣ талабгорони зиёд дорад. Ин марказ занонро ба Сеул мефиристад, ки дар он кишвар чунин хадамот аз 10 то 30 ҳазор доллар арзиш дорад.

Дар навбати худ ба гуфтаи намояндагони клиникаҳои Душанбе муштариёни онҳо танҳо занони маҳаллӣ нестанд. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар Тоҷикистон бисёре аз навъҳои ҷарроҳӣ нисбат ба Русияву Олмон ва Эрон арзонтар аст, занон аз Австралияву Шветсия ва Белорусияву дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон буданд, аз теғи ҷарроҳони пластикии мутахассисони тоҷик истифода карданд.

Фарангис мегӯяд, ҳоло давраи нав фаро расидааст ва бо вуҷуди қолабҳои шахшуда дар ҷомеаи Тоҷикистон, зани тоҷик омода аст, ки зебо, ҳамқадами замон ва дар муносибатҳои иҷтимоӣ мустақил бошад.

"Ман хатари ҷарроҳиро дарк мекунам, вале худро боздошта наметавонам. Вақте як бор амалиёт хуб гузашт ва нигоҳҳои тасхиршудаи атрофиёнро мушоҳида мекунӣ, мехоҳӣ идома бидиҳӣ. Муҳим ин аст, ки муносибати шавҳарам бо ман беҳтар шуд ва чун пештара ба таҳрир намудани чеҳраам муқобилият нишон намедиҳад. Яъне ман аз ҳаққи интихоб истифода кардам ва зебо шудам. Ман дар намоиши мутақилияти худ пирӯз шудам."