Таваҷҷуҳи сокинони Эрон барои анҷоми ҷарроҳиҳои пластикӣ афзуда, Ҷумҳурии Исломиро дар қатори даҳ кишваре қарор додааст, ки теъдоди бештарини чунин амалҳоро анҷом медиҳанд. Мутахассисони ҷарроҳии пластикӣ дар Эрон мегӯянд, ки агар дар гузашта талабгорони ин навъи ҷарроҳиҳо занон буданд, ҳоло теъдоди мардон низ бештар шудааст.
Ҷаводи Амирзод, узви Анҷумани ҷарроҳони пластик ва зебоии Эрон, мегӯяд, “дар гузашта танҳо 5 дарсади мардон худро зери теғи амали зебоӣ мегузоштанд, ҳоло ин рақам ба 35 дарсад расидааст.” Ӯ гуфт, аксари онҳое, ки ба мутахассисони ҷарроҳии пластикӣ муроҷиат мекунанд, хостгори ҳарчӣ зеботар кардани сохти биниашон ҳастанд. “Теъдоди занҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд синаҳояшонро бузург кунанд,” – афзуд Амирзод.
Нозанин мехоҳад барои севумин бор биниашро ба теғи мутахассиси ҷарроҳии пластикӣ бисупорад. Ӯ қарор кардааст, ронҳояшро низ аз ин тариқ аз чарбуи изофӣ тоза кунад. Маҳнози Меҳрӣ, зани дигари эронӣ мегӯяд, ба ин кор танҳо баъд аз ҷарроҳии бинии хоҳару модараш майл пайдо карда ва аз кори кардааш пушаймон нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Анҷумани ҷарроҳони пластик ва зебоии Эрон дар соли 2013, се соли қабл, гузориш дода буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ баъд аз Мексика, Бразилия ва Амрико аз рӯи теъдоди ҷарроҳии зебоӣ бар рӯи бинӣ қарор доштааст.
Ба қавли Ҷаводи Амирзод, омори расмӣ баёнгари он аст, ки дар Эрон ҳар сол то 40 ҳазор амали зебоӣ сурат мегирад ва 60 дарсадаш ҳам марбут ба бинӣ будааст. Ин мутахассис бовар дорад, ки омори ғайриарсмӣ бештар аз ин рақамҳост.
Дар ҳоле ки бисёриҳо ҷарроҳии пластикиро муғойир бо шариати ислом медонанд, вале Ҷаводи Амирзод ин равандро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, ки “ин мудерн (замонавӣ ё муосир) шудани ҷомеа аст. Ин чизи бад нест. Мо бояд хушҳол бошем, ки ҷомеа дорад мудерн мешавад.”
Солҳои охир анҷоми ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон ҳам мисли аксар кишварҳои хориҷ роиҷ шудааст. Бемористоне, ки ҳоло чунин ҷарроҳиҳоро анҷом медиҳад, Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии барқароркунӣ ном дорад ва соли 1998 таъсис ёфтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Табибон мегӯянд, ки дар солҳои аввали таъсиси ин марказ ба онҳо 50-60 нафар муроҷиат мекарданд, аммо ҳоло дар сол даҳҳо чунин ҷарроҳиҳо анҷом мешаванд. Ба қавли табибон, дар баробари ҷарроҳии бинӣ, талабот барои ҷавону зебо кардани чеҳра ва аз ожанг холӣ кардани пӯсти рӯй ва ҳамчунин гирифтани пардаи шикам низ зиёд будааст.
Як табиби ҷарроҳи пластик дар Тоҷикистон гуфт, аммо дар кишвар мардоне ки барои анҷоми ҷарроҳии пластикӣ муроҷиат мекунанд, хеле каманд. Дар соли 2012 дар ин марказ се мард ҷарроҳии пластикӣ шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрандони хориҷӣ будаанд.
Дар соли 2014 беморхонаи Ибни Сино дар Тоҷикистон низ хабар дод, ки бо ворид кардани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба шаҳрвандоне, ки аз симои зоҳирияшон розӣ нестанд, имкон фароҳам овардааст, то тариқи ҷарроҳии пластикӣ ҷавону зебо бишаванд. Дар гузашта онҳое, ки маблағи кофӣ доштанд, барои анҷоми ҷаррориҳои зебоӣ ба хориҷ мерафтанд.