Абӯбакр Смаилов - сухангӯи Вазорати дифоъи Қазоқистон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин воқеа соатҳои 11:30-и рӯз дар фурудгоҳи низомии Ҷеттиген воқеъ дар вилояти Алмаато ҳангоми иҷрои машқҳои ҳавоӣ ва замони фурудоии иҷбории ҳавопаймо рух додааст. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Қазоқистон, ҳангоми ба фазо боло шудани ҳавопаймо дар он норасоии фаннӣ ба мушоҳида мерасад ва ин боиси сар задани фалокат мегардад. Ӯ гуфт, баъди ба фазо боло шудани ҳавопаймо муҳаррики рости он аз кор мемонад ва сарнишинҳо барои фурудоӣ тасмим мегиранд. Дар ҳамин маврид муҳаррики дуюми он низ аз кор мебарояд.
Чун ҳавопаймо ҳамагӣ дар баландии 150 метр қарор дошт, ҳангоми ба замин фуруд омадан он ба фалокат дучор мегардад ва дар натиҷа майор Александр Ковязин яке аз сарнишинҳо ва сарвари ситоди гурӯҳи ҳавопаймоӣ ба ҳалокат мерасад ва ба сарнишини дигар Виталий Дилмуҳаммадов муяссар гардидааст, ки бо ёрии чатри наҷот худро аз ҳавопаймо берун афканад. Ин сарнишин ҷароҳати вазнин мебардорад ва ӯро ба бемористон интиқол медиҳанд.
Ҳавопаймои низомии МИГ-29 ба пойгоҳи ҳавоии 600-умини Вазорати дифоъи Қазоқистон тааллуқ доштааст. Дар ҷои воқеа комиссиюни вижа барои муайян кардани сабабҳои рух додани ин фалокат фаъолият дорад. Алъон дастгоҳи худнависи ҳавопайморо пайдо кардаанд. Тавре Абӯбакр Смаилов-- сухангӯи Вазорати дифоъ мегӯяд, ҳоло фарзияи асосии суқути ҳавопаймо мавҷудияти норасоии фаннист.