Қаноти ҳавопаймо шикаст (9 АКС)

Ҳавопаймое ки дучори садама шуд.

Як ҳавопаймои мусофирбар ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон дучори садама шуда, қаноти чапаш шикастааст.

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати қирғизии “Авиа Траффик” субҳи 22 ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш нишасти садамавӣ анҷом дод. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ба далели обу ҳаво ва туман ҳавопаймои “Boeing 737 “ аз хатти парвоз берун рафтааст. Дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, бар асари садама, ки субҳ, соати 7:50 рух дод, шассии ҳавопаймо осеб дида, қаноти чапаш шикастааст.

Дар ин ҳавопаймо 148 мусофир ва 5 узви экипаж парвоз мекарданд. Гуфта мешавад, баъди кӯчондан(эвакуатсия) 6 нафар аз сарнишинони ҳавопаймои садамадидаро ба бемористон бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир 4 тани онҳо ҳамоно таҳти муоинаи табибон боқӣ мемонанд.

Мирғозӣ Мамарасулов, навбадори вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон шоми 22 ноябр ба ба хши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар байни мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи Ӯш ҳанӯз баста боқӣ мемонад, чунки ҳавопаймои садамадида то ҳол хатти парвози фурудгоҳро банд кардааст.

Дар хадамоти иттилоотии фурудгоҳи Ӯш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фурудгоҳ ба далели ғафсии туман то соати панҷи шоми 22 ноябр баста шуда, анҷоми парвозҳо то он соат қатъ шудаанд.

Сарвазири Қирғизистон Темир Сариев билофосила баъди ин ҳодиса ҷаласаифаврие барпо карда, дар он ҷиҳати таъсиси як кумиссиюни байнидавлатиии иборат аз раҳбарони вазоратҳову идораҳои масъул ва корӯиносони мустақил тасмим гирифтааст. Раҳбарии ин кумиссиюнро ба вазири нақлиёту мухобирот Аргинбек Малабоев супурдаанд. Малабоев ва кумиссиюни ӯ бояд дар зарфи 10 рӯз сабабҳои садамаи ҳавопайморо дақиқ кунанд.

Темир Сариев гуфт, «ба аъзои кумиссиюни давлатӣ амр шудааст, ки оҷилан ба маҳалли ҳодиса сафар кунанд. Бояд ба мусофирон тамоми кӯмаки тиббии лозим расонда шавад.”

Ҳамчунин ба кормандони фурудгоҳи Ӯш амр шудааст, то хатҳои парвозро тоза карда, шароитро барои азсаргирии парвозҳо муҳайё созанд.

9 акс аз хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш:

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар Ӯш

Гуфта мешавад, ҳавопаймои “Boeing 737”-и ширкати “Авиа Траффик” рӯзи 22 ноябр нахустин парвозаш дар масири Красноярск – Ӯшро анҷом медод. Ин ҳавопаймо бояд ҳанӯз соати 04-48-и субҳ дар фурудгоҳи Ӯш менишаст. Вале ба далели обуҳавои номусоид ҳавопаймо дар Ӯш нишаста натавонист ва дар фурудгоҳи эҳтиётии Бишкек нишаст. Баъди каме хубтар шудани обу ҳаво ҳавопаймо дигарбора аз фурудгоҳи “Манас”-и Бишкек ба қасди Ӯш парвоз кард, вале соати 07:50, вақте алакай ба замин нишаст, аз хатти парвоз берун рафт ва қаноташ шикаст.

Ин алакай дувумин мавриди дучсори садама шудани ҳавопаймоҳои мусофирбари Қирғизистон дар соли ҷорист. Сарвазир Темир Сариев гуфт, “хушбахтона, ин ҳодиса бидуни қурбонӣ анҷом ёфт. Вале дар оянда набояд ба чунин ҳодиса роҳ дод.”

Ҳавопаймои “Boeing 737”-и ширкати “Авиа Траффик”, ки дучори садама шуд, 25 сол боз мавриди истифода қарор доштааст. Ин ҳавопаймо то соли 2011 аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Филлипин, Индонезия ва Арабистони Саудӣ истифода мешуд ва 4 сол пеш ба ихтиёри ширкати “Авиа Траффик”-и Қирғизистон гузашт.

Парки ҳавопаймҳои ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз 3 ҳавопаймои Boeing 737-и сохти солҳои

1987, 1991 ва 1996 ва як ҳавопаймои ВАе 146-200 иборат аст. “Авиа Траффик” аз шаҳрҳои Қирғизистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, Қазон, Иркутск ва Красноярски Русия, ҳамчунин ба Алма-Атои Қазоқистон, Урумчии Чин, Машҳади Эрон ва ҳам ба шаҳри Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад.