Ҳатто хурдтарин рӯйдоди варзишие набудаву нест, ки аз заррабини ӯ берун монда бошад. Дар ториктарин давраҳои Тоҷикистон, замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъдӣ, Нарзуллоҳи Латиф борҳо гуфтааст, ки варзиш яке аз беҳтарин дармонҳои дардҳои бешумори Тоҷикистон аст. Он вақт навишта буд, ки бояд ба аввалин барандаи ҷоизаи тилои бозиҳои олимпӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Зеро чунин пирӯзӣ метавонад санги асосе барои сулҳу осоишу пешрафти Тоҷикистон шавад.
Пирӯзиҳои имрӯзаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис аз силсилаи орзуҳои ӯ буда, ки бояд ҳамроҳ бо ғолибон ҷашн гирифта шавад. Дар ин барномаи “Ҷаҳони варзиш”, ки ӯ солҳо муаллиф ва барандаи он буд, бишнавед, ки аз вазъи варзиш ва ояндаи он чӣ мегуфт. Агар тавонед, аз Осорхонаи ӯ дидан кунед, ки ҳам таърихи варзиши Тоҷикистон аст ва ҳам таърихи журналистикаи варзишии кишвар.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад