Аз арш то фарши Туркманистон. Тасвирҳо аз дохили кишвари бастаи Осиёи Марказӣ

Аксбардор Эмос Чаппл ин тасвирҳоро тобистони соли 2012 ҳангоми сафараш ба Туркманистон бардоштааст. Дар ин аксҳо намунаҳои ҳайратовар ва ҳам даҳшатноки яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон таҷассум ёфтаанд. Баъзе аз ин аксҳо бори аввал нашр мешаванд.

Дугоникҳо дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Ашқобод

Зане ҳангоми покиза кардани саҳни Кохи ақди никоҳ

Кох ё Хонаи ақди никоҳ. Дар девори он акси президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро овехтаанд

Боғбоне ниқоб дар рӯй дар наздикии Кохи ақди никоҳ. Ин ниқоб барои ҳимоят аз офтоби сӯзони тобистон пешбинӣ шудааст. Дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво то 50 дараҷа гарм мешавад.

Лимузин баъд аз маросими ақди никоҳ ба маркази Ашқобод ҳаракат дорад

​​

Ҳароратсанҷи калон дар Ашқобод. Дар тарафи пеши он таблои электронӣ аст, ки дар он ҳар лаҳза акси раҳбари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов иваз мешавад

Дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот Туркманистон дар ҷойи охир аст

Акси Бердимуҳаммадов дар дохили таксӣ. Дандонпизишке, ки 12 сол боз яке аз низомҳои саркӯбгар дар ҷаҳонро раҳбарӣ мекунад. Вай соли 2006, баъд аз даргузашти Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) ба қудрат расид ва ба таҷрибаи шахспарастӣ идома дод.

Муҷассамаи 12-метрӣ ва зарҳалии президенти нахустини Туркманистон. Сафармурод Ниёзов аз соли 1990 то замони маргаш дар соли 2006 раиси ҷумҳури Туркманистон буд.

Ҳайкали Ниёзов дар Маҷмааи Бетарафӣ

Нақши тилоӣ дар Маҷмааи Бетарафӣ. Бердимуҳаммадов соли 2010 амр дод, ки ин маҷмааро ба канори шаҳри Ашқобод кӯчонанд

Модару духтар аз боронгарии шадид паноҳ мебаранд

Муҷассамаи Қонуни асосӣ (чап) ва Бурҷи Туркманистон (рост). Ин муҷассамаи 185-метрӣ яке аз сохтмонҳои баландтарин дар Туркманистон аст.

Нигаҳбони ифтихорӣ дар назди муҷассамаи Қонуни асосӣ

Марде аз зери сояи муҷассамаи Қонуни асосӣ берун меояд

Биёбоне дар атрофи Ашқобод

Ҷанговари қадимии туркман ба тарафи Ашқобод "менигарад"

"Масири саломатӣ"

Ҷуфти ҷавон аз маркази фароғатии “Алем” берун меоянд

Муҷассамаи президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов

Деҳае дар шимоли Ашқобод

Ду шутур

Аксбардор Эмос Чаппл дар назди “Дарвозаи дӯзах”

Ронандаи таксӣ ба боқимондаҳои ҳавопаймои ҳарбии МиГ нигоҳ мекунад, ки дар замони Шӯравии собиқ партофта шудааст. Қисмҳои муҳими ҳавопайморо кандаанд.

Писарбачаи туркман дар зери офтоби сӯзони моҳи июл об менӯшад.

​​