Талоқҳои телефонӣ бесабаб нест

Ин номаи хонандаи торнамои “Озодӣ” бо номи Шаҳбоз аз Душанбе дар шарҳи матлаби ҳамкорамон Хуршеди Ҳамдам зери унвони “Шӯрои уламо "талоқҳои телефонӣ"-ро манъ мекунад?” ба дасти мо расид.
Салом, хонандагони азиз!

Ман фикр мекунам,ки сабабҳои асосии талоқҳои телефонӣ дар Точикистони азиз, ин беаҳамиятии занҳо нисбат ба шавҳар ва гуфтаҳои ӯ мебошад.

Мувофиқи қонуни шариат зан бе иҷозати шавҳар ба хонаи падари худ,ки ҳатто агар ҳамсояашон бошад,
Умедҷон, зани Шумо раққоса шудааст ва ё раққосаи ҳамон ҳофизай?..
ҳаққи рафтан надорад. Вале занҳои тоҷики мо на қонуни шариатро риоя мекунанд ва на суханҳои шавҳаронашонро эҳтиром.

Точикписарони бечора барои қути лоямуте ба Федератсияи Русия мераванд, то ки зану фарзандаш гурусна намонад. Бовар кун, хонандаи азиз, азобе ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия мекашанд, ин хел азобро барои саг раво дидан убол аст.

Занҳои тоҷик бошанд,парво надоранд,ки шавҳараш дар кӯча хобаст ва ё дар истгоҳ! Барои зани тоҷик муҳимаш ин аст, ки ин шавҳари муҳоҷир пул равон кунад!!!

Ман як нафар тоҷикро мисол меорам, ки вай дар Русия касетаи тӯйи як ҳамдеҳаашро тамошо мекунад,ки занаш дар ҳамон тӯй ба чунон нозу ишва бо мардҳои ношинос рақс дорад,ки бовараш намеояд,ки ҳамин занаш аст.

Нафароне,ки ҳамроҳ бо ин ҷавонмард ин касетаро тамошо доштанд, мегӯянд: «Умедҷон, зани Шумо раққоса шудааст ва ё раққосаи ҳамон ҳофизай?» Инро мегӯянду механданд. Ин шахсро виҷдонаш дигар бардошт намекунаду баъд аз 10-дақиқа ба занаш телефон мекунаду мегӯяд: «Бар падарат лаънат, зани беномус, се талоқат кардам...»

Биёед, ба ҷои ин шахс як бор худамонро тасаввур кунем. Чӣ кор мекардем. Албатта, талоқ мекунем.

Сабаби талоқ дар ҷомеаи мо нофаҳмӣ байни оилаҳои ҷавон мебошад ва сабаби дигараш камбизоат будани яке аз тарафҳо яъне таънаи якдигар мебошад.
Дар ин чо танҳо шаҳрвандон гунаҳгор нестанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам сабабгор аст. Агар дар ватан кору даромади хуб мавҷуд мебуд, ин қадар мардум ба Русия ё кишварҳои дигар муҳоҷир намешуд ва дур аз зану фарзанд, азоби, чуноне ки гуфтам, сагона намекашид. Ва оилаҳо ҳам пароканда намешуду фарзандон зиндаятим намемонданд, занҳо беахлоқ намешуданд.

Барои ҳамин ҳукумат ҳам бояд эътироф кунад, ки дар ин ҳодисаҳои ғамангез саҳм дорад ва пули муҳоҷирон, ки ба иқтисодиёти кишвар кӯмак мекунад, бояд ба оилаҳои онҳо ғамхорӣ шавад ва ҳаддалимкон муҳоҷират кам карда шавад.

Ман пешниҳод менамоям,ки дар Точикистон синни никоҳиро барои мардон бояд аз 25-солагӣ ва барои занҳо аз 22-солагӣ ҷори намоянд. Ва як сабаби дигар дар он аст,ки дар Тоҷикистон қонунро аксарият намедонанд ва риоя намекунанд, чунки қонунро Парламент қабул мекунанду вале ба халқ намефаҳмонанд.

Шаҳбоз, муҳоҷири собиқ, шаҳри Душанбе