Нархи бензин дар Осиёи Марказӣ: Аз ҳама баланд – дар Тоҷикистон (ИНФОГРАФИКА)

Нархи бензину дизел дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ. Барои муқоисаи нархҳо рӯи акси боло зер кунед.

Муқоисаи нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нархи аз ҳама баланди бензину дизел дар Тоҷикистон будааст.

Муқоисаи нархи маҳсулоти нафтӣ дар ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ин маҳсулот дар кишварҳои нафтхези ин қаламрав – Туркманистону Қазоқистон ва Узбакистон аз ҳама арзон ва нархи дар минтақа аз ҳама баланди бензину дизел дар Тоҷикистон будааст.

Як литр бензини навъи АИ-92 дар Туркманистон 94 танга,муодили 27 сенти амрикоӣ Қазоқистон 125 танга, ё 35 сент, дар Узбакистон 2235 сӯм, ё 37 сент, дар Қирғизистон 33 сом, ё 44 сент нарх доштаанд. Ин навъи бензин дар Тоҷикистон аз 5 сомониву 10 дирам то 5 сомониву 30 дирам фурӯхта мешавад, яъне муодили 65 сент.

Як литр бензини навъи болотари АИ- 95 дар Туркманистон 1 манат (28 сент), дар Қазоқистон 138 танга (38 сент), дар Узбакистон 2460 сӯм(38 сент), дар Қирғизистон 37 сом (49 сент) ва дар Тоҷикистон аз 5,30 -5,50 сомонӣ, муодили тақрибан 69-70 сенти амрикоӣ арзиш дорад.

Ҳамин тавр, дар мавриди нархи дизел низ Тоҷикистон дар минтақаи дар ҷои якум меояд. Нархи як литри солярка дар Туркманистон 90 танга, ё 25 сент, дар Қазоқистон 99 танга (27 сент), дар Узбакистон 2200 сӯм (36 сент), дар Қирғизистон 32 сом(42 сент) ва дар Тоҷикистон 4 сомониву 80 дирам, муодили тақрибан 60 сенти амрикоист.

Тоҷикистон манобеи зиёди нафт ва тавони тавлиди бензину соляркаи кофӣ дар худи кишварро надорад ва маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад. Ҳукумати Русия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки имсол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 830 000 тонна маҳсулоти нафтиашро бидуни боҷи гумрукӣ содир хоҳад кард. Воридоти бидуни боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия аз ҷумлаи имтиёзҳоест, ки Маскав дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон ва аз ҳаққи иҷораи ин пойгоҳ даст кашидани Душанбе ба ин кишвар дар соли 2013 ато кард.

Сомонаи globalpetrolprices.com, ки нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои кишварҳои дунёро рӯзбарӯз пайгирӣ мекунад, барои имрӯз, 12 феврал, нархи миёнаи бензинро дар Тоҷикистон 74 сенти амрикоӣ баровард карда, ин кишварро аз нигоҳи нархи ин навъи маводи сӯхт дар байни 188 кишвар дар ҷои 59-ум гузоштааст. Ин назар ба 97 сент нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон 23 сент, ё тақрибан 2 сомонӣ арзонтар, вале аз арзонтарин нархи бензини ҷаҳон, ки дар Венесуэла 1 литраш ҳамагӣ 2 сент қимат доштааст, 37 маротиба - гаронтар.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раддабандии globalpetrolprices.com аз ҳама мақоми баландро Туркманистон дорад, ки баъди Венесуэалаву Кувайт ва Арабистони Саудӣ дар мақоми чорум ҷой гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Туркманистон аз 1 январи соли равон нархи бензину дизелро якбора 60 дарсад боло бурд.

Нархи бензин дар Туркманистон то 1 январ

Амонмурод, хабарнигори маҳаллӣ дар Ишқобод дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, қаблан бензин дар Туркманистон “тақрибан мисли об бепул шуда буд. Дар даврони раҳбарии Сафармурод Ниёзов ба ҳар нафари соҳиби мошини шахсӣ талон медоданд, ки ӯ ҳар моҳ бо ин талон мтеавонист то 120 литр бензинро бепул дарёфт кунад. Аммо раисиҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи июли соли 2015 ин имтиёзро аз байн бурд, ки хашми мардумро ба бор овард. Вале ҳоло, тавре ба назар мерасад, он даврони тилоии бензини бепул пушти сар шудаанд ва ҳукумат дар фикри боз ҳам боло бурдани нархи маҳсулоти нафтист.”

Дар якуним соли охир нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ севуним маротиба арзон шуд, вале дар Тоҷикистон нархи бензину солярка чандон тағйир накард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нархи маҳсулоти нафтӣ дар Русия – манбаи асосии таъмини бозори бензину дизели Тоҷикистон – тағйир наёфтааст ва аз тарафи дигар, интиқоли ин маҳсулот аз Русия то Тоҷикистон харҷи зиёд дорад.

Қарор аст, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо кумаки Чин як корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ бино шавад. Вале то сохта шудани ин корхона зоҳиран Тоҷикистон ҳамчунон маҷбур аст, маҳсулоти нафтиро дар шакли тайёр, вале бо нархи нисбат ба нафти хом хеле баландтар аз хориҷ ворид кунад.