Аз Идора: Ба ин блог як сарлавҳаи дигар ҳам мешуд гузошт: Ба диққати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон! Хубии дигари навиштаи корбари Радиои Озодӣ дар он аст, ки на танҳо мушкил, балки роҳи ҳалли онро низ нишон медиҳад. Бо сипос аз муаллиф орзуи онро мекунем, ки ҳамкориро идома диҳад ва хонандагон аз навиштаҳои наву ҷолиби ӯ баҳравар бошанд.
Саттор Сатторов, блогнависи тоҷик
Оё медонед, ки чаро суръати қатораҳои мо суст мешавад?
Яке аз равандҳои асосии "осебпазире", ки то ба имрўз бархилофи равандҳои низоми ҷаҳонии нақлиёт дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, истифодаи мошинҳои шахсӣ дар рафтуомади байнишаҳрӣ мебошад.
Бино бар маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Тоҷикистон сатҳи маргумир дар садамаҳои нақлиётӣ дар як сол 19 касро ба ҳар сад ҳазор нафари аҳолӣ ташкил медиҳад. Яъне соле тақрибан 2000 инсон дар садамаҳо дар кишвар ба ҳалокат мерасанд.
Ман ба радабандӣ ё рейтинги кишварҳо аз рӯи фавти одамон дар садамаҳои нақлиётӣ низ нигоҳ кардам ва дидам, ки, мутаассифона, кишвари мо дар байни ҳамаи кишварҳо, ки дорои хадамоту сохтори пешгирии ин садамаҳо ҳастанд, ҷойи аввалро мегирад. Вазъияти танҳо он кишварҳое аз мо бадтар аст, ки роҳҳои иловагии бехатари байнишаҳрӣ ва роҳҳои оҳани наздишаҳрӣ надоранд (аз он ҷумла – Либерия, Зимбабве, Руанда, Чад, Сенегал, Ироқ ва ғайра).
Муҳоҷирони меҳнатии мо, ки ба ватан бармегарданд, метавонанд, масалан, чун гунае аз таассуроти сафари худ онро нақл кунанд, ки як қатораҳое ки дар тӯли чаҳор рӯз роҳи дарозеро бо суръати баланд тай мекунад, замоне, ки ба "Роҳи Оҳани Тоҷикистон" наздик мешавад, суръати худро чӣ қадар паст мекунад. Сабабаш шояд дар он бошад, ки таъмири бунёдии роҳи оҳан то ҳануз анҷом наёфтааст ва ҳам, чун кишварамон аз кишварҳои охиринест, ки то ба ҳол аз тепловоз ё қатораҳои дизелӣ фаъолона истифода мекунад, ба сӯхти нафтӣ пойбанд аст.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи мо, ислоҳи созанда, эҳё ва ва рушди роҳи оҳани барқӣ низ дар миён аст, махсусан барои қатораҳои байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, ки мусофири зиёдеро бо суръати баланд расонда метавонанд:
1. Қатораҳои шаҳриву наздишаҳрӣ метавонанд дар масофаи ҳар 3-5 километрӣ истгоҳ дошта бошанд. Дарозии умумии масофаи роҳи қатораҳои наздишаҳрӣ дар ҳудуди аз 15 то 200 км тул мекашад. Ба ин тариқ, ин масофа барои таъмини нақлиёти роҳи оҳани тамоми водии Ҳисор ва вилояти Хатлон кофӣ аст ва давомнокии сафар аз нуқтаи оғоз то нуқтаи ниҳоӣ ҳамагӣ аз як то се соатро ташкил медиҳад.
2. Ба ин тартиб, бо роҳи кам кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва олудагии муҳити зист, ҳукумат метавонад ба сабади истеъмолии ҳар як шаҳрванди кишвар то ба 1500 сомонӣ пасандоз биоварад.
3. Дастгирии давлат аз истифодаи автобусҳо метавонад ҳавасмандии шаҳрвандонро барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷои истифодаи мошинҳои шахсӣ бештар гардонанд ва бо ин роҳ хавфи садамаҳои марговар ва ҳам сатҳи “асабониятро” дар роҳҳо кам кунад.
4. Ва, албатта, чун дар ояндаи наздик кишварамон соҳиби нерӯи барзиёди барқ мешавад, онро бояд барои рушди иқтисоди миллиамон ба таври оқилона истифода барем, на ин ки мисли ин 30 соли гузашта ба шакли хом ба дигарон фурӯшем.
Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари ҳатмии мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.