Номҳои "Шоҳнома" - дар номгузории гурҷиҳо ва арманиҳо ва халқҳои дигар

Рустам аз маъруфтарин номҳои "Шоҳнома" барои халқҳои мухталиф боқӣ мемонад.

Номҳои қаҳрамонҳои "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ дар миёни гурҷиҳо, арманиҳо ва халқҳои дигар то ҳол маъруф боқӣ мемонад. Гурҷиҳо ҳатто номҳое аз "Шоҳнома" доранд, ки эрониҳову тоҷикҳо истифода намебаранд.

4 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Нижний Новгород – Фаридун Саидов, Эраҷ Исоев, Манучеҳр Шафиев ва Рустам Назиров – моҳи гузашта дар анҷумани илмие дар Русия дар мавзӯи “Шоҳнома – ҳамчун манбаи номгузории тоҷикӣ” суханронӣ карданд.

Эраҷ Боев, раҳбари илмии ин 4 донишҷӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номҳои баргирифта аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ то ҳол аз номҳои писандидаи мардуми тоҷик боқӣ мемонад. Ӯ мегӯяд, як далели ин номи худи ӯ – Эраҷ - ва ҳамаи 4 муаллифи ин рисола – Фаридун, Эраҷ, Манучеҳр ва Рустам – мебошад, ки ҳама номҳои “Шоҳнома”-ӣ мебошанд.

Эраҷ Боев, ки дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омада, дар Русия ба воя расидааст ва ҳоло дар Нижний Новгород Анҷумани халқҳои форсизабонро раҳбарӣ мекунад, истифодаи ҳарчи фаровонтари хонаводаҳои тоҷик аз исмҳои форсӣ ва бахусус номҳои “Шоҳнома”-иро дар номгузории фарзандонашон барои боло бурдани эҳсоси худшиносии мардум фавқулодда муҳим меномад.

Ӯ мегӯяд, мазҳабишавии ҷомиа як муддат номҳои асили тоҷикӣ, аз ҷумла исми қаҳрамонҳои “Шоҳнома”-ро дар Тоҷикистон як муддат аз “муд” берун кард ва ҳатто ҳолатҳое буд, ки афрод исмҳои форсии волидонашон ба онҳо гузоштаро аз сари таассуби динӣ ба номҳои арабии ба истилоҳ “китобӣ” иваз карданд: “Буданд мавридҳое, ки нафаре бо исми Рустам таҳти таъсири маъвизаҳои рӯҳониён ба Абдулло табдили ном мекард, ё Сӯҳроб ба Абӯҳамза ва Таҳмина – ба Фотима ва амсоли ин. Аммо равандҳои мазҳабишавии ҷомиа маъмулан зуд мегузарад ва ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ боз ба маҷрои худ бармегардад.”

Эраҷ Боев гуфт, дар ҳоле дар Тоҷикистон як қисми мардум муддате аз истифодаи номҳои “Шоҳнома” парҳез мекунанд, ки ин номҳо дар номгузории миллатҳои дигар то ҳол роиҷ боқӣ мемонад. Бахусус Рустам ва Сӯҳроб - ду қаҳрамони асосии "Шоҳнома".

Эраҷ Боев

Эраҷ Боев афзуд: “Ҳатто мардуми рус номҳое доранд, ки решааш аз “Шоҳнома” аст. Руслан, ки як номи роиҷ аст инҷо, дар асл ҳамон Рустами Дастон аст. Ё решаи Даря аз шоҳ Дорост. Вале аз номҳои форсӣ дар Қафқоз ва бахусус мардуми гурҷӣ фаровон истифода мебаранд. Гурҷиҳо то ҳол номҳое аз “Шоҳнома” доранд, ки мо, тоҷикҳо ва ҳатто эрониҳо истифода намебарем. Ба мисли Теймураз, ки ҳамон шоҳ Таҳмурас, аз қаҳрамонҳои маъруфи “Шоҳнома”-и Фирдавсист ё Тамаз, ки баргирифта аз исми шоҳ Таҳмосп, яке дигар аз қаҳрамонҳои Фирдавсист.”

Георгий Саникидзе, эроншиноси маъруфи гурҷӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Гурҷистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, истифодаи номҳои форсӣ дар байни гурҷиҳо аз замоне роиҷ шуд, ки дар асри 11 барои бори аввал “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ба гурҷӣ тарҷума карданд.

Гуштигири гурҷӣ Манучар Тсхадая ҳангоми набард бо паҳлавони эронӣ Саид Мурод Абдувалӣ. Истамбул, соли 2011

Профессор Саникидзе мегӯяд: “Тарҷумаи “Шоҳнома” ба фарҳанги гурҷӣ таъсири фавқулоддае гузошт. Достонҳои маъруфи гурҷӣ ва ҳатто “Палангинапӯш”-и Шота Руставели ҳам аз осори Фирдавсии бузург об хӯрдаанд. Вале ончӣ аз ҳама ҷолиб аст, ба таври собит ба номгузории мардуми гурҷӣ роҳ ёфтани номҳои қаҳрамонҳои “Шоҳнома” аст. Гиви – Гев, Зураб – Сӯҳроб, Ростом – Рустам, Теймураз –Таҳмурас, Тамаз – Таҳмосп. Мо исми Манучар ҳам дорем, ки ҳамон Манучеҳри “Шоҳнома” аст. Ва ҷолиб ин аст, ки ин номҳои форсӣ ҳеҷ аз муд намераванд. Барои мисол, исми Таҳмосп ҳоло ҳатто дар байни форсизабонҳо қариб аз истифода мондааст, аммо шакили гурҷиаш - Тамаз - дар баробари номҳое, чун Давид, Георгий ё Нино аз маъруфтарин номҳо барои гурҷиҳо боқӣ мемонад.”

Арманистон, ки таърихан дар марз бо ду империяи бузург Эрон ва Рум (баъдан салтанати туркони усмонӣ) қарор дошт ва то замони рафтанаш зери султаи Русия байни Эрону Рум аз даст ба даст мегузашт, низ аз фарҳанги эронӣ ва номгузории форсӣ зиёд об хӯрдааст. Барои мисол, Гурген, аз номҳои маъруфи арманӣ баргирифта аз Гургин аст. Арташес – Ардашер, Анушаван – Анӯширвон, Зограб – Сӯҳроб, Ростом – Рустам, Ширак – Шерак низ аз “Шоҳнома” ба номгузории мардуми арманӣ омадаанд.

Ё исми хонаводагии бузургтарин лашкаркаши арманитабори даврони Шӯравӣ – маршалл Иван (Ованес) Баграмян – аз Баҳроми Чӯбина, яке аз қаҳрамонҳои шоҳасари Фирдавсист.

Вазири хориҷаи Арманистон Эдвард Наълбандиён

Бо гароиши арманиҳо ба дини масеҳӣ, ин мардум бештар ба номҳои масеҳӣ рӯ овард, вале то ҳол дар номҳои арманӣ, бахусус дар диаспораҳои арманиҳое, ки хориҷ аз Арманистон ва аз ҷумла дар Эрон ба сар мебаранд, исмҳои форсӣ, аз ҷумла номҳои баргирифта аз "Шоҳнома" истифода мешаванд. Решаи исми хонаводагии теннисбози аргентинии арманитабор Давид Налбандян, шоир Микаэл Налбандян, рассом Дмитрий Налбандян ё вазири хориҷаи имрӯзаи Арманистон Эдвард Налбандян ҳамон Наълбандиёни форсист, ки ба гуфтаи забоншиносони арманӣ, зоҳиран ба касби авлодии ин хонавода – наълбандӣ – ишора мекунад.

Ҷолиб ин аст, ки яке аз исмҳои дар Тоҷикистон тақрибан фаромӯшшудаи форсӣ – Анӯш – маҳз бо шарофати тарҷумаи асарҳои адибони арманӣ дар замони Шӯравӣ дигарбора дар байни мардуми тоҷик зинда шуд ва бавижа дар ибтидои солҳои 1990 аз пуристифодатарин номҳо дар номгузории тоҷикӣ ба шумор мерафт.

Номҳои "Шоҳнома" дар номгузориии халқҳои туркзабони сокини Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия низ то ҳол маъруф боқӣ мемонад.

Эраҷ Боев мегӯяд, тағйироти ахир ба Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки аз 16 июн ба иҷро медарояд ва танзими номгузории миллиро ба ҳадаф дорад, метавонад дар амри эҳёи номҳои асили форсӣ, бахусус номҳои “Шоҳнома”-ӣ нақши муассир бозӣ кунад. “Аммо набояд дар ин амр ба ифрот роҳ дод ва барои номҳои форсӣ аз ҳисоби манъи номҳои арабӣ роҳ кушод. Дини Ислом низ решаҳои амиқе дар фарҳанги мардуми тоҷик дорад ва мардум табъан ба номҳои арабӣ ҳамчунон таваҷҷӯҳи зиёд нишон хоҳанд дод. Ба назари ман, ин раванди табиист ва бо гузашти вақт таносуби байни номҳои форсӣ ва арабӣ дар номгузории тоҷикон ҷойгоҳи тақрибан баробар пайдо хоҳанд кард,” – мегӯяд раҳбари Анҷумани халқҳои форсизабон.

Баҳси номгузорӣ дар Тоҷикистон аз баҳсҳои дерин аст. Қишри рӯҳонӣ ба мардум интихоби номҳои ба истилоҳ “китобӣ”-ро барои номгузории фарзандон ташвиқ мекунад. Як гурӯҳи равшанфикрони миллигаро ба навбати худ корбурди номҳои арабиро барои тоҷикон хилофи арзишҳои миллии ин мардум меноманд ва ҳатто талош ҳам кардаанд, ки номҳои роиҷи арабиро ба тоҷикӣ “тарҷума” кунанд.

Ҳоло Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар пайи таҳияи феҳристи пурраи номҳои тоҷикист, ки ба гуфтаи масъулонаш, аз 4 то 5000 номро дар бар гирифта, “ба волидон имкон медиҳад, ки барои фарзандони худ номҳои зебо интихоб кунанд.”

Масъулони ин кумита мегӯянд, дар ин феҳристи номҳо аз исми ҷонварҳо танҳо Шер, ки тимсоли шуҷоату далерист, ва аз паррандаҳо Товусу Шоҳин ва аз растаниҳо танҳо номҳое, ки зебоиро тараннум мекунанд, ворид шудаанд. Истифодаи номи рӯзҳои ҳафта, ба истиснои Сешанбеву Якшанберо ҳам иҷозат медиҳанд, вале истифодаи номи меваҳо ҳамчун номи инсон, ки дар байни мардум то ҳол роиҷ буд, ва ҳамин тавр, номҳое, чун Табару Теша, Кулӯх, Майна, Зоғ, ё пасвандҳое, чун “қул”, ё “тӯра” манъ мешавад.