Интихобот-2020. ҲХДТ -- ҳизби пешво бо мероси шӯравӣ

Акс аз бойгонӣ.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки бо имкониятҳои фаровони молӣ ва тарғиботӣ вориди интихоботи порлумонии соли 2020 шуд, 25 соли пеш дар ҳамин моҳ аз ҷониби комунистҳои собиқ таъсис ёфта буд. Ҳизбе, ки ба гуфтаи коршиносон, аз "батн"-и Ҳизби коммунисти замони Шӯравӣ берун омад, ҳоло идораи ҳукумат ва аксар курсиҳои порлумони Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад.

Дар анҷумани пешазинтихоботии рӯзи 13-уми декабр, ин ҳизб барномаи иштирок дар интихоботи моҳи марти соли оянда ва рӯйхати номзадҳояшро эълон мекунад.

Дар чаҳор интихоботи гузаштаи порлумонӣ, аз замоне ки дар соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбари ин ҳизб мебошад, соҳиби аксар курсиҳо дар порлумон номзадҳои ин ҳизб шудаанд. Дар Тоҷикистон дар панҷ сол як бор сокинон барои 63 курсӣ дар порлумон вакил интихоб мекунанд. Соли 2015 аз 63 курсӣ 51 ва дар интихоботи соли 2010 то 55 курсиро намояндагони ин ҳизб соҳиб шуда буданд.

Мунтақидон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин пирӯзиҳо бар асоси тақаллуб бо истифода аз имкониятҳои давлатӣ, ки зери назари аъзои он қарор дорад, ба даст меояд. Аммо масъулини ҳизб чунин чизеро рад карда, мегӯянд, номзадҳои онҳо дар асоси рақобат вакил интихоб мешаванд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, "аз аввал ин ҳизб ҳамчун як абзори сиёсӣ ва такягоҳи асосии ҳукумати иҷроия истифода шудаааст".

Ба гуфтаи сиёсатшинос, "ба қуллаҳои баланди сиёсӣ ҲХДТ танҳо бо кумаки ҳаматарафаи ҳукумати феълӣ расида тавонист ва аз аввали таърихаш, ҳукумати иҷроия барои ин ҳизб дар ҳамаи сохтору сатҳҳои ҷомеа, тамоми шароитҳои заруриро фароҳам оварда буд".

Дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ низ ба гуфтаи ӯ, аз фишангҳои таъсиргузорӣ давлатӣ барои пирӯз шудани номзадҳои ҳизб истифода шудааст.

Назаре, ки Абдураҳмон Хонзода, раиси дастгоҳи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба он розӣ нест ва мегӯяд, "раҳбари ҳизб (Эмомалӣ Раҳмон) таъкид мекунанд, ки набояд аз ресурсҳои ҳукуматӣ дар интихобот истифода кунем".

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки телевизионҳои давлатӣ ба таври васеъ, баръакси дигар аҳзоби сиёсӣ, ҲХДТ ва амалҳои ӯро густарда таблиғ мекунанд.

Ин ҳизб каме бо шакли дигар корҳоеро анҷом медиҳад, ки тақрибан 30 соли пеш Ҳизби комунисти Шӯравӣ анҷом медод. Таблиғот зидди ифротгароӣ, сулҳу ваҳдат ва ҷалби сокинон ба шанбегиҳои монанд ба замони Шӯравӣ аз кори аслии ин ҳизб дар маҳалҳо табдил ёфтааст. Сомонаҳо, нашрияҳои ин ҳизб дар маҳалҳо фаъол аст ва намояндагонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ якнавохт ва бо усули кӯҳна "ободкорӣ"-ҳоро таблиғ мекунанд ва "хоинони давлату миллат"-ро барои "шукри истиқлол" накардан ва "ба қадри меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат" нарасидан маҳкум мекунанд.

Ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар аксари навоҳии кишвар на дафтари корӣ доранд на намоянда, аммо ҲХДТ дар дуртарин мактаб ё беморхонаи кишвар бахши ҳизбӣ (ячейка)-и худро дорад. Донишҷӯён, омӯзгорон, табибон ва кормандони ҳукумат аксаран узвияти ин ҳизбро доранд ва мисли замони Шӯравӣ, бе узвият дар ин ҳизб расидан ба зинаҳои болоии мансаб мушкил аст.

"Халқӣ" ва бидуни "Демократӣ"

Ин ҳизб дар моҳи декабри соли 1994 дар ҳоле таъсис ёфт, ки дар Тоҷикистон танҳо Ҳизби коммунистӣ амал мекард. Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар охирин солҳои пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ сабти ном шуда буданд, дар Тоҷикистон мамнӯъ шуданд.

Равшан Ҳикматов, устоди риштаи таърихи муосир мегӯяд, Ҳизби демократ ва ҳизби наҳзат дар соли 1992 "сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ" эълон шуда буданд. Дастгоҳҳои таблиғотӣ, ки ҳанӯз зери нуфузи комунистҳо қарор доштанд, якҷониба тамоми нооромиҳо дар кишварро кори дасти пайравони созмону аҳзоби сиёсӣ медонист.

Дар ин шароит ба гуфтаи ӯ, бар асари таблиғоти густурда як фазои ҳизббадбинӣ ба вуҷуд омада буд ва вожаи демократия ба як мафҳуми бад табдил ёфта буд.

"Инҳо бовар доштанд, ки Шӯравӣ барқарор мешавад ва Ҳизби коммунист низ аз нав барқарор хоҳад шуд. Лекин фаҳмиданд, ки ин кор нашуданист. Ғайр аз ин, созмонҳои хориҷӣ ва абарқудратҳо ҳукуматро маҷбур карданд, ки системаи бисёрҳизбӣ ҷорӣ шавад. Зарурати сохтани як ҳизб ба вуҷуд омад, чун фақат як ҳизби коммунист буд",-гуфт ӯ.

Абдулмаҷид Достиев, муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олӣ-ниҳоде, ки амалан кишварро идора мекард, ба таъсиси ҳизб камар баст. Номи ин ҳизби таъсисдодаи комунисти собиқадор дар оғоз танҳо "Ҳизби халқӣ" буд.

Равшан Ҳикматов мегӯяд, зоҳиран ин иқдоми инфиродии Абдулмаҷид Достиев буд, дар ибтидо дигар аъзоёни ҳукумат узви он нашуданд ва коммунистҳо зид баромаданд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соле пеш аз интихоботи соли 1999, ки фазо дигар ва нуфузи Достиев зоҳиран кам шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон узви ин ҳизб шуд ва ба номи он вожаи "демократӣ"-ро ҳамроҳ карданд.

"Вақте Раҳмон раҳбари ҳизб шуд, бештари коммунистҳои мансабдор вориди ҳизб шуданд. Яъне, бисёриҳо фаҳмиданд, ки ин ҳизби асосӣ аст ва мешавад тариқи он карйера сохт. Лекин на ҳамаи мардум дар бораи ин ҳизб медонанд. Дар интихобот вақтҳое мешавад, ки мардум ба Ҳизби демократ овоз медиҳанд, чун фикр мекунанд, ки ин ҳамон ҳизби асосӣ аст",-гуфт ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ҲХДТ - ҳизби ҷадид, ё меросхӯри Ҳизби коммунист?

Роҳ дар ин интихоботи порлумонии соли 2020 барои ҲХДТ бозтар ва бидуни рақиби ҷиддӣ баргузор мешавад. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки онро коршиносон ягона ҳизби воқеии мухолиф дар низоми сиёсии Тоҷикистон медонанд, зери фишорҳо ҷойгоҳи худро аз даст додааст ва бинобар мушкили молӣ шонси хеле ками ширкат дар интихоботро дорад.

Дар гузашта бо вуҷуди ширкат дар интихобот номзадҳои ин ҳизб ноком буданд ва интихоботҳоро ношаффофу ғайридемократӣ унвон мекарданд. Яке аз рақибони дигари ин ҳизб-ҲНИТ, ки дар баробари ҲХДТ дар тамоми шаҳру навоҳӣ рақобат мекард, соли 2015 ҳамагӣ шаш моҳ пас аз интихоботи порлумонӣ бо баҳонаи даст доштан дар ҳодисае, ки мақомот онро ошӯб бо роҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ мегӯянд, мамнӯъ шуд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад мекунанд.

Намояндагони ҲХДТ рақиби ҷиддӣ надоштан дар интихоботи соли ояндаро рад намекунанд.

"Аксарият ҷонибдори ҳизби мо буд ва ҳаст. Фикр мекунам оянда ҳам хоҳанд буд. ҲНИТ дар интихобот барои мо рақиб набуд. Он ҳизб ба ҷуз воҳима ҳеч қудрати воқеӣ надошт", -- мегӯяд Абдураҳмон Хонзода, раиси дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

Аммо ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ иддао дорад, ки дар интихоботҳои порлумонӣ бо тақаллуб райъи мардумро ба манфиати ҳизби ҳоким мешумурданд. Аз ҷумла, соли 2010 раҳбарони ҳизб иддао карда буданд, ки 30 дар сади райъи интихобкунандагонро дар интихоботи порлумонӣ ба даст овардаанд. Ҳарфе, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон онро рад карда буд.

Дар чунин шароит ва бидуни рақиби ҷиддӣ, ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, ин ҳизб шабеҳи ҳизби коммунисти Шӯравӣ шудааст. Танҳо фарқ ин аст, ки чанд ҳизби дигар ба хотири намоиши демократия дар арафаи интихоботҳо садо баланд мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов

Ӯ мегӯяд, "ояндаи ин ҳизб ба толеи ҳукумати феълӣ вобаста аст ва то он даме, ки ҳукумат онро тарафдорӣ мекунад, ояндааш дурахшон хоҳад буд".

Б гуфтаи сиёсташинос Муллоҷонов, ин ҳизб бе кӯмаки давлатӣ, пешомаду ояндаи сиёсӣ надорад ва дар шароити рақобати баробари сиёсӣ шояд ҳатто ба Маҷлиси Олӣ роҳ наёбад".

"Дигар камбудиаш дар он аст, ки идеологияи муайяну мушаххасе, ки барои ҳамагон фаҳмо ва ҷолиб бошад, то ҳол надорад. Вале бояд гуфт, ки ин хислати хамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мебошад. Тарафдорӣ ва тарғиби Пешвои Миллат, ин на идеология, балки бахше аз стратегияи сиёсӣ мебошад",-гуфт ӯ.

Ҷонибдорони ҲХДТ мегӯянд, ин ҳизб ягона ҳизб дар кишвар аст, ки барномаҳои интихоботиашро амалӣ кардааст ва барномаҳои мушаххас барои рушди кишвар дорад. Аз ҷумла, фаъол шудани ду чархаи нерӯгоҳи Роғунро мисол меоранд, ки дар барномаҳои қаблии ин ҳизб ҷой дошт.

Хайрулло Асозода, вакили порлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократӣ мегӯяд, ҳизби онҳо амалгаро аст ва шиорҳояш хушку холӣ нест. Ӯ ин назарро, ки вакилони ин ҳизб дар порлумон зоҳиран бо ширкат дар як маъракаи интихоботӣ таъин мешаванд ва пирӯзиашон аз пеш маълум аст, ҷиддан розӣ нест. .

"Дар ҳавзае, ки ман интихоб шудаам, 120 ҳазор нафар овоз додаанд. 120 ҳазор одамро маҷбур карда намешавад. Ҳар кас фикри худашро дорад ва интихобро худаш мекунад. Барои вакил шудан ман муборизаи ҷиддӣ бурдам. 36 вохӯрӣ гузаронидам. Қариб ҳамаи минтақаро гаштам. Фикрҳо бисёр аст, вале халқро фиреб карда намешавад",-гуфт ин вакили порлумон аз ҲХДТ.

Бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна танҳо пас аз фурупошии Шӯравӣ пайдо шуд. Феълан, дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 25 000 узви ҷадиди ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ

Кишварҳои тозаистиқлол, ки низоми худро демократӣ унвон карданд, ба таъсиси аҳзоби сиёсӣ ба шаклҳое иҷозат доданд, вале ба қавли Николай Борисов, доктори улуми сиёсӣ ҳизбҳои ҳоким дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба василаи "истихдоми нухбагон ва таъмини тасаллут бар порлумон ва ниҳодҳои ҳокимият дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ" табдил ёфтанд.

Ба гуфтаи ин коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, дар Қазоқистон ҳангоми интиқоли дуввуми қудрат дар шакли нарм президент раиси ҳизб боқӣ монд ва ҳоло дар ихтиёри худ салоҳиятҳои зиёди расмиву ғайрирасмиро нигоҳ медорад. Николай Борисов мегӯяд, ҳизбҳои ҳоким дар Қазоқистон ва Тоҷикистон аъзои бешуморе доранд, вале аз сӯйи дигар онҳо ҳамчун ниҳоди султаталаб болои гуруҳи мушаххаси сиёсӣ ташаккул ёфтаанд.

"Дар Қазоқистон ҳамчунин рисолати таҳкими ҷомеаро низ дорад ва дар Тоҷикистон рисолати ниҳодинасозиро. Маълум аст, ки низомҳои ҳукумати шахсӣ нисбат ба низомҳое, ки бар пояи ҳизбҳои султагаро асос ёфтаанд камтар устувор аст. Бо дар назар гирифтани ин, нухбагон талош доранд кадом як ниҳодҳоеро шакл бидиҳанд, ки субот ва пойдории режимро баъди аз қудрат рафтани раҳбарони феълӣ низ таъмин намояд",-мегӯяд ӯ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки рақиби ҷиддие надорад, соли оянда дар ду интихобот-порлумонӣ ва президенӣ иштирок мекунад.

Аз 4 миллион аҳолии қобили раъй дар Тоҷикистон, ним миллион-беш аз 15 дарсад узвияти ҳизби ҳокимро доранд.