Харҷи беш аз дахли сокинон дар Хатлон

Акс аз бойгонии Озодӣ.

Оҷонсии омори вилояти Хатлон мегӯяд, мизони хароҷоти сокинони Хатлонзамин аз ҳаҷми даромади молии онҳо бештар шудааст.
Сарфи назар аз ин ки, тибқи омори расмӣ, имсол даромади пулии сокинони Тоҷикистон ҳудуди 14,5 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта қариб 25 фоиз афзудааст, хароҷоти пулиашон аз марзи 16 миллиарду 150 миллион сомонӣ убур кардааст.

Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон, гуфт, имсол музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар минтақа 338 сомонӣ, муодили 70 доллари амрикоӣ буда, назар ба соли 2011-ум қариб 20 фоиз зиёд шудааст. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ин нишондиҳандаи қобили таҳсин нест, чун музди миёнаи кор дар саросари Тоҷикистон ба 123 доллари амрикоӣ баробар шуда, аз моҳонаи миёнаи хатлониҳо 53 доллар бештар аст.

Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон.

Наврӯз Саидалиев, корманди яке аз ниҳодҳои давлатӣ, мегӯяд, ҳарчанд мизони даромади молии ӯ дар қиёс бо соли пеш миқдоре афзун шудааст, аммо ҳамзамон харҷи ӯ барои таъмини хонаводааш дастикам 50 дарсад бештар гардидааст, яъне ӯ аз болоравии ҳаҷми даромадаш беҳшавии рӯзгорро эҳсос накардааст.

Вай мегӯяд, "аз нигоҳи тинҷӣ гӯем, албатта, тинҷу ором зиндагӣ дорем, аммо аз ҷиҳати иҷтимоӣ бошад, дар шароити бениҳоят паст қарор дорем. Андозҳо баланданд, истеҳсолот дар дохили кишвар кам, бештар импорт мешавад молу маҳсулот. Маблағҳо агар аз хориҷи кишвар, аз муҳоҷират ояд ҳам, боз барои воридоти мол ба хориҷи кишвар меравад. Нарху наво бисёр баланд ва даромад кам аст."

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон, низ бо такя ба маълумоти расмӣ мегӯяд, болоравии арзиши маводи ғизоӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар Хатлон ба афзоиши хароҷоти сокинони маҳаллӣ боис шудааст.

Ба гуфтаи оқои Сафаров, "воқеан қимати маҳсулоти ғизоӣ боло рафтааст. Мо як чизро ба ҳисоб намегирем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон то чанд фоиз инфлятсия, беқурбшавии пул рӯй медиҳад. Чанд фоиз инфлятсия, ки шуд, ҳамон андоза маош боло меравад, аммо инро баландшавии маош намегӯянд, балки ҳар сол ба ҳамон андозаи беқурбшавӣ ҳамчун маоши иловагӣ ба кормандон медиҳанд. Онро зиёдшавии маош наменоманд. Зеро мо маҳсулотро зиёд истеъсол намекунем-ку, ҳамон чиро мехарем, ки агар соли гузашта 5 сомонӣ буд, имсол 8 сомонӣ арзиш дорад. Як маҳсулот аст, нарх хест."

Давлатбӣ Мирзоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, низ иддао дорад, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми маошаш, ҳанӯз ин маблағ барои рафъи мушкилоти зиндагиаш кофӣ нест. Ашӯралӣ Юсуфзода, собиқадори меҳнат, аз шаҳри Сарбанд, мегӯяд, солҳои тӯлонӣ хизмати давлатро адо кардааст, аммо ҳоло маоши бознишастагиаш натанҳо барои хариди озуқа, балки ҳатто барои табобаташ кифоят намекунад.

Вай афзуд, "касе чӣ хел нарх хоҳад, ҳамон нархро мегузорад. Танзим нест. барои ҳамин ҳоли халқ табоҳ шудааст, кор нест, ки мардум машғул шаванд, манбаи даромади шоиста дошта бошанд. Нархҳо осмонӣ шудаанд. Барои ман нафақапулиам барои таъмини рӯзгор басанда нест. Як дору хариданӣ шавед, дар ҳар дорухона ҳар хел нарх, хеле гарон. Дар давраи Шӯравӣ ин хел набуд, дар нархҳо фарқият зиёд набуд, ҳатто барои беморони ниёзманд бепул медоданд . Ҳоло доруи бепулро танҳо ба гирифторони СПИД-у силкасалҳо медиҳанд…"

Аммо ба андешаи Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон, дар коҳиши ҳаҷми хароҷоти мардум ва поинравии қимати маводи озуқа танҳо бо истифода аз усулҳои идории замони Шӯравӣ метавон муваффақ шуд.

Сокинон аз он шикоят доранд, ки системаи ягонаи нархгузорӣ вуҷуд надорад ва ҳар як тоҷир тибқи хостаи худ ба молу коло нарх мегузорад.

«Нархро ягона системае, ки метавонад ба коҳишаш комёб шавад, ин «Райпо» аст, ки дар Шӯравӣ буд. Ба шарте ки худаш база ва маблағ дошта бошад. Дар он замон «загот.контора» буд, харид мешуд маҳсулоти озуқа, захира мешуд ва барои паст задани нархи бозор дар зимистон истифода мешуд. Ҳоло бошад, нарх, ки баланд шуд, дар ҳамон сатҳ мемонад, кӣ паст мекунад нархро?»

Бо ин вуҷуд, мақомоти давлат мегӯянд, наметавонанд аз усулҳои шӯравии танзими нархи бозор истифода кунанд, чун хилофи принсипи иқтисоди бозаргонӣ ва мардумсолорӣ мебошад. Ягона роҳ – афзоиши ҳақмузд мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 380 ҳазор нафар, ё камтар аз 50 фоизи шумораи умумии аҳолии машғул мебошанд. Бо ин ҳам маоши камтаринро дар Хатлон кишоварзон мегирифтаанд, ки баробари 123 сомонӣ, муодили 25 доллари амрикоист ва маоши баландтарин аз они кормандони соҳаи молия будааст, ки ба ҳисоби миёна ба чизе беш аз 217 доллари амрикоӣ баробар аст.