Як саду сӣ сомонӣ --нафақа барои Шаҳболи маъюб

Мақомоти тоҷик барои сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоев нафақа дар ҳаҷми 130 сомонӣ ҷудо намуданд.

Вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва идораи Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон барои Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки аз тарафи ҳамхидматан маҷрӯҳ шудааст, 130 сомонӣ нафақаи маъюби гурӯҳи якум таъйин карданд. Аммо хонаводаи сарбоз бар ин аст, ки чунин маблағ ночиз буда, ҳифзи иҷтимоии сарбози Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллиро, ки ҳангоми хидмат маъюб шудааст, таъмин намекунад.

Падари Шаҳбол -- Нӯъмон Мирзоев, рӯзи 1-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои зиёд кардани нафақаи Шаҳбол дар доираи қонунҳои ҷории кишвар, чораҷӯӣ хоҳад кард.

Вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар робита ба нафақаи Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, ки он дар ҳаҷми 130 сомонӣ бар асоси ташхиси пизишкони беморхонаи вилояти Суғд таъйин карда шудааст ва бар пояи он, ин сарбози маъюб тайи ду сол, шурӯъ аз 18 ноябри соли 2014 то 30 сентябри соли 2016 нафақа дарёфт мекунад.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Ҳарчанд дар аввал Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда карда буд, ки тамоми харҷи ҷарроҳӣ ва табобати Шаҳболро мепардозад, ин ваъда иҷро нагардид ва падари сарбоз Нӯъмон Мирзоев, хонаашро фурӯхта, писарашро дар Русия ҷарроҳӣ кард. Ҳамчунин мардум ва ҳукумати вилояти Суғд дертар ба ин хонавода ёриҳое расонданд.

Гунаҳкори ҷароҳоти Шаҳбол -- Усмоналӣ Ғайратов дар моҳи июни соли равон барои расондани осеб ба саломатии Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози маҷрӯҳ, ки ба гуфтаи волидонаш, то имрӯз қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.

Ахиран раиси вилояти Суғд хароҷоти табобати Шаҳбол Мирзоев -- сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шуда буд, бар ӯҳда гирифт.