Дар роҳи сафар ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, 53-километрии ҷануби Душанбе дар як боғ дарахтеро дидем, дар моҳи сентябр ҳам мева ва ҳам гул дорад. Соҳибони ин боғ мегӯянд, ҳар сол ин дарахт ҳангоми пухтани мевааш дубора гул мекунад, аммо меваи ҳосили дувум ҳанӯз нопухта, зери барф мемонад.
Боғдорони дигар мегӯянд, мавридҳои гул кардани дарахтон дар фасли тирамоҳ ва ҳатто расидани меваи ҳосили дуюми, барои мисол, дарахти себро мушоҳида кардаанд, вале маъмулан дарахтҳо дар ин фасл ягон-ягон гул мекунанд. Ин дар ҳолест ки шохаҳои дарахте ки мо дар яке аз боғҳои Ёвон дидем, мисли фасли баҳор ғарқи гул буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Руқия, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Руқия" дар ноҳияи Ёвон мегӯяд, бисёриҳо ин дарахтро дида, дар тааҷуб меафтанд. Аммо ин дарахт ба таври маъмулӣ ҳамасола ду маротиба гул мекунаду мева медиҳад. Ҳарчанд то пухтани меваи ҳосили дувум ҳаво сард мешавад ва тобистону зимистони ин дарахт якҷо бо ҳам меоянд.
Ин наворро дар шабакаи Ютюб низ метавонед тамошо кунед: