"Дарси сулҳ" бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, чаҳоршанбеи 30-юми август дар бинои нави Академияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин дар ҳолест, ки "Дарси сулҳ" дар Тоҷикистон ҳамасола бо ширкати раиси ҷумҳур рӯзи 1-уми сентябр баргузор мешуд.
Рӯзи 30 август вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи анҷоми сафари давлатӣ ва ширкат дар ҳамоиши БРИКС ба Пекин сафар кард. Ҷаласаи сарони кишварҳои БРИКС рӯзи 3 сентябр баргузор меҳавад.
"Дарси сулҳ" дар Тоҷикистон ҳамасола бо ширкати раиси ҷумҳур рӯзи 1-уми сентябр баргузор мешуд.
Бо вуҷуди онки ҳамасола "Дарси сулҳ" дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр баргузор мешавад, аммо ин чорабинӣ имсол ду рӯз қабл баргузор шуд. Эҳсони Хушвақт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хонандагони синфҳои болоӣ ба мактабҳо даъват шуданд ва "Дарси сулҳ"-ро, ки дар Академияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ширкати президент сурат гирифт ва аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, тамошо карданд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, сар аз 1-уми сентябр тибқи ҷадвали дарсӣ, дар мактабҳо ҷараёни таълимӣ оғоз мешавад.
Президент: Сулҳ аҳамияти хосса касб мекунад
Дар суханронии худ президент Раҳмон аз таҳдиду хатарҳои асри 21 ёдовар шуд ва гуфт, "экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ" ва дигар таҳдидҳо аз чолишҳои аслӣ мебошанд. Вай гуфт, дар пешорӯи ин таҳдидҳо "масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса" касб мекунад.
1 сентябр - Иди Қурбон ва рӯзи аввали таҳсил
Рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон иди Қурбон низ таҷлил мешавад ва ин ид тибқи қонунгузорӣ, ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст. Аммо вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо як қарори худ 1-уми сентябрро рӯзи дарсӣ эълон кард. Шуморе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасмими вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи конститутсионии худ донистанд. Тибқи банди савуми Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар бораи рӯзҳои ид дар ин кишвар аст, "Иди Қурбон ҳамасола дар рӯзе, ки аз сӯи мақомоти масъули умури дин муқаррар карда мешавад, таътили расмӣ мебошад."
Рӯзи ҷумъаи 25-уми август Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1-уми сентябрро, ки ба рӯзи Иди Қурбон рост омадааст, бар асоси қарори мушовараи ин вазоратхона, рӯзи дарсӣ эълон кард. Эҳсони Хушвақт, гуфт, хонандагон ва донишҷӯён рӯзи 1-уми сентябр ба дарс мераванд ва ба ҷойи рӯзи Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат эълон шудааст, рӯзи 2-юми сентябр таътил мекунанд.
"Дар қонунгузорӣ ба таври дақиқ гуфта шудааст, ки Рӯзи Дониш якуми сентябр таҷлил шавад. Аммо Иди Қурбонро, ки қонунгузорӣ гуфтааст рӯзи истироҳат аст, онро мақомоти ваколатдор муайян мекунад. Рӯзи Иди Қурбон ба мисли Рӯзи Дониш муайян нашудааст. Мо Рӯзи Донишро 2 ва 3-юми сентябр ҷашн гирифта наметавонистем. Бинобар ҳамин Рӯзи Дониш 1-уми сентябр таҷлил мешавад",- афзуд Эҳсони Хушвақт.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 1-уми сентябри соли 2017 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2-юми сентябр рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ӯ афзуд, раисон ва мудирони мактабҳои миёна ва олии касбӣ ва сардорони раёсатҳои маориф вазифадор шудаанд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
Қабл аз ин изҳороти Вазорати маориф ва илм, имом-хатибони масоҷид дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа аз сокинон хостанд, ки фарзандони худро рӯзи 1-уми сентябр ба дарс фиристанд.