Аввалин вокунишҳо аз Русия ба иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон. САДО

Чанд бонки Тоҷикистон эълон карданд, ки аз 3-юми декабр фиристодани пул аз хориҷ ба кишвар ё баръакс танҳо ба воситаи низоми "Юнистрим" мумкин аст. Шабакае, ки ба маркази миллии интиқоли пул дар Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, шартҳои Бонки миллиро пазируфтааст.

Ин вазъ бисёриҳоро, ки наздиконашон ба воситаи низоми "Золотая корона" ва шабакаҳои дигар пул мефиристанд, нигарон кардааст. Сокинон мегӯянд, хадамоти "Золотая Корона" дар муқоиса ба низомҳои дигар то ҷое арзонтар аст ва муҳоҷирони тоҷик бештар аз он истифода мебаранд. Баъзе аз кормандони бонкҳо низ мегӯянд, пули зиёде аз муҳоҷирон тавассути "Золотая корона" меояд.

Чаро "Золотая корона" то ҳол напайвастааст?

Кирилл Горелов, масъули дафтари матбуоти "Золотая корона", рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби то ҳол пайваст нашудани ширкатро ба маркази миллии интиқоли пули Тоҷикистон шарҳ дод. Ӯ гуфт: "Пайваст шудан ба Маркази миллии интиқоли пул дар Тоҷикистон бо қонунҳои Русия муғойират дорад ва ин яке аз мушкилҳои асосӣ аст. Маҳз барои ҳамин низомҳои калидии интиқоли пул имрӯз имкони шурӯи кор бо қоидаи навро надоранд. Музокироти Бонки Марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон идома дорад."

Ин масъули "Золотая корона" афзуд, онҳо ҳамаи талаботи фаннӣ ё техникии Бонки Миллии Тоҷикистонро дар робита ба пайвастан ба Маркази протсессингӣ ҳанӯз моҳи октябри имсол иҷро кардаанд: "Аммо ба ҷуз аз ҷанбаи фаннӣ боз масоили ҳуқуқие дар миён аст, ки мутаассифона фавран ҳал карда намешавад."

Бонки миллӣ мегӯяд, ҳадаф бехатарӣ аст

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз таъсиси низоми миллии интиқоли пул фароҳам кардани "интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринақдӣ мебошад". Моликони низомҳои пардохти Русия мегӯянд, шакли интиқоле, ки ҳоло низ амал мекунад бехатар ва боварбахш аст ва ниёзе ба тағйири он набуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Низоми нави интиқоли пул ба Тоҷикистон. Ба фоида ва ба зиёни кӣ?

Дар шарҳи зарурати чунин тағйирот Бонки Миллӣ гуфт, қарори мазкур барои ҳифзи манфиатҳои бонкҳои Тоҷикистон аст, чун ҳангоми муфлис шудани ду системаи интиқоли пул – “Мигом” ва “Лидер” бонкҳои Тоҷикистон 20 миллион рубл зарар диданд. Яъне, бонкҳо аз ҳисоби худ пули муштариро доданд, вале аз ин ду ширкат, ки бояд ин пул ва ҳаққи хидматро мепарддохтанд, чизе нагирифтаанд.

Мақомот мегӯянд, рӯзи 3-юми декабр низоми нави интиқоли пул ё маркази миллии протсессингии Тоҷикистон фаъол мешавад ва интиқоли пул ба воситаи шабакаҳое имконпазир аст, ки ба ин марказ пайваст шудаанд. То ин дам шабакаҳои интиқоли пул мустақилона бо бонкҳои тиҷоратии кишвар кор мекарданд.

"Худхоҳии ҷонибҳо" ва зарари шаҳрвандон

Мария Михайлова, раиси иҷроияи Маркази миллии пардохтҳо дар Русия, ки низомҳои интиқоли пулӣ узви он ҳастанд, рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “тассуфовар аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зарар мебинанд. Дар ин ҳолат шаҳрвандон аз худхоҳии ҷонибҳо ва адами хоҳиши танзимгари соҳа (манзур Бонки миллӣ) ва низомҳои интиқоли пулии Русия барои гузашт ба якдигар зиён мебинанд. Чунки барои низомҳои интиқоли пулӣ шакле, ки Тоҷикистон пешниҳод мекунад, риски нақзи қонунҳои Русияро дар пай дорад”.

Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳар низоме, ки мехоҳад ба Тоҷикистон пул интиқол диҳад, бояд шомили Маркази миллии протесстингӣ шавад ва шарту қоидаҳои онро пазирад. Яке аз шартҳои асосии пайвастан ба ин марказ он будааст, ки низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб кушода, маблағи баробар ба як рӯзи интиқолро захира кунанд. Талаботе, ки муҷиби асосии ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи русӣ шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Низоми нави интиқоли пул дар Тоҷикистон. Ҳама чиз аз мӯрии Бонки Миллӣ мегузарад?

“Мувофиқи қонун дар бораи низомҳои пардохт танҳо бонке, ки дар қаламрави Русия қарор дорад, метавонад, ба ҳайси маркази ҳисобаробаркунӣ истифода шавад. Дар сохте, ки ҳоло ҷорӣ мешавад, Бонки милли Тоҷикистон амалан ба маркази ҳисобаробаркунӣ табдил меёбад, ки ин нукта ба қонун дар Русия мухолифат дорад”, -- мегӯяд Михайлова.

Мунтазири "ҳа" ё "не"-и Бонки марказии Русия

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, низоми пардохти “Юнистрим” рискҳои ҳуқуқие, ки низоми нав дар пай дорад, ба дӯш гирифта, ба он шакле ки Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад, пайваст. Аммо низомҳои дигар ҳанӯз мунтазири мавқеи Бонки марказии Русия ҳастанд, ки дар ин бора чӣ мегӯяд.

Михайлова гуфт, миёнаҳои моҳи ноябр дар Маскав нишасте доир шуд, ки дар он намояндагони Бонки марказии Русия ва ҳайате аз Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ширкатҳои интиқоли пул буданд. “Аммо то ҳанӯз ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд ва ё агар натиҷае ҳосил шуда бошад, ширкатдорони бозор (ширкатҳои интиқоли пул) аз он хабар надоранд.”

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона садҳо миллион доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои онҳо барои иқтисоди кишвар фавқулода муҳим аст. Дар нӯҳ моҳи имсол муҳоҷирон ба ба воситаи низомҳои инттиқоли пул ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар фиристодаанд.