Ба навиштаи матбуоти Русия, агар бахше аз муҳоҷирони кориро коҳиши рубл ба хонаҳояшон баргардонад, бахши дигар дар зери фишори патент, ё иҷозаи кор ногузир ба сарзаминҳои хуб бармегaрданд. Сар аз 1 январи соли 2015 бо қарори президент Владимир Путин шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ, ки бидуни виза барои кор ба Русия меоянд, бояд патент бигиранд ва бо ин санад барои шахсиятҳои инфиродӣ ва ҳам ширкатҳои ҳуқуқӣ кор кунанд. Дар ҳоле, ки мақомоти Русия фароҳам омадани шароити беҳтари корро барои муҳоҷирон ситоиш мекунанд, ширкатҳои кордиҳанда камбудиҳои қонуни нав, махсусан мӯҳлати таҳияи санадҳо, талаботи имтиҳонсупорӣ ва ҳам харҷи барзиёдро, ки ин раванд ба дунбол дорад, мавриди интиқод қарор додаанд.
Дониёр Усмонов, як соҳибкори тоҷик дар вилояти Волгоград, ки даҳҳо муҳоҷири кориро бо кор таъмин кардааст, ахиран нигарониҳои худро аз ҷорӣ шудани патент дар як нома ба президенти Русия Владимир Путин ирсол кард. Оғои Усмонов пешниҳод кардааст, ки ҳадди аққал барои хоҳишмандони кор дар соҳаи кишоварзӣ сабукӣ бидиҳанд ва коргарони хориҷиро аз супурдани имтиҳони сангини мисли донистани забони русӣ ё таърихи Русия озод кунанд.
Дониёр Усмонов, ки беш аз 15 соли охир ҳамасола коргарони кирояро ба парвариши сабзаҷот ҷалб мекунад, ҷоришавии низоми патент барои муҳоҷиронро дар шароити рукуди иқтисодии Русия як тасмими ғайримантиқӣ меномад.
- Дар гузашта вақте як муҳоҷири корӣ ба Русия меомаду дар давоми се моҳ вақт дошт, ки соҳиби патенти кор шавад, ҳоло бояд ин корро дар давоми 1 моҳ анҷом диҳад. Ҳоло муҳоҷир ба Русия меояду дар варақаи муҳоҷират менависад, ки бо ҳадафи кор меояд, баъдан рафта расман сабти ном мешавад. Барои додани аризаи гирифтани патенти кор, шахс бояд вақт ёфта аз санҷиши тиббӣ гузарад, рақами индивидуалии андозсупоранда (ИНН) бигиранд. Ин ҳарду қоида комилан наванд. Вале агар ин кор дар тӯли 10 рӯзи корӣ анҷом дода шавад, сахттарин бахши кор ин аст, ки бояд шаҳодатномаи имтиҳони забони русӣ, таърих ва ҳам қонунҳои Русияро дар даст дошта бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 90 дар сади ҳолатҳо аз пеш маълум аст, ки на ҳама ин имтиҳонро супурда метавонанд, чунки асосан барои кор онҳое меоянд, ки мактабро баъди соли 1991 хатм кардаанд ва онҳо забони русиро қариб намедонанд, - мегӯяд Дониёр Усмонов.
Қимати патент то 4 ҳазор рубл буда, он бояд дар се моҳ як дафъа ё дар як сол як дафъа дубора сабт шавад. Қимати тамдиди патент дар ҳама ҳолат 4 ҳазор рубл боқӣ мемонад.
Дар натиҷа, ба гуфтаи Дониёр Усмонов , кордиҳанда ва ё муддаии кор барои дарёфти патент, санади сиҳҳатӣ, имтиҳону сабти ном ҳудуди 30 ҳазор рубли русӣ кор доранд, ки ҳеҷ як тараф - на муҳоҷир ва на кордиҳанда барои пӯшиши ин хароҷот омода нестанд. Махсусан муҳоҷирони корӣ, ки дар аксар маврид, бо ҷайби холӣ ва дили пур аз умед ба Русия меояд, то ба хонаводаҳои худ кӯмак кунанд. Зимнан, муқаррароти мазкур барои ҳама гуна коргарон – аз фаррошон то сохтмончиву коргари риштаи савдо баробар аст. Дониёр Усмонов мегӯяд, муқаррароти нав барои фасоду ришва шароити хеле хуберо фароҳам меорад ва базудӣ дар Русия порагириву порадиҳӣ барои имтиҳони забону таърих шурӯъ мешавад.
Мақомот дар ҳукумати Тоҷикистон низ эътироф мекунанд, ки сар аз соли нав шароити қонунӣ барои кори муҳоҷирон боз ҳам сангинтар мешавад, ҳарчанд шояд қонунӣ шудани буду боши муҳоҷиронро фароҳам биёорад. Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, муҳоҷирони корӣ ҳанӯз пеш аз сафар бояд суғуртаи тиббӣ ва шаҳодатномаи забону таърих ва қонунгузории Русияро дар даст дошта бошанд, то дар ҷараёни гирифтани патент фурсати зиёдро аз даст надиҳанд.
Коршиносони бетараф ва нашрияҳои мустақил дар Русия дар рӯзҳои охири соли 2014 муқаррароти нави маҳдудкунандаи кори хориҷиҳоро танқид карданд. Баъзе нашрияҳо саволгузорӣ кардаанд, ки дар шароити камбуди нирӯи корӣ, “магар бонкдорони рус” ва ё “маҳаллиҳо” омодаанд, ки кори сиёҳу назарногири муҳоҷирони кориро ба дӯши худ бигиранд?
Дар зимн худи русҳо низ эътироф мекунанд, ки агар нерӯи арзони муҳоҷирони корӣ набуошад, таҳаммули зимистонҳои сербарфи Русия кори мушкил мебуд. Чанд соли пеш дар шаҳри Маскав дар зимистони пурбарф камбуди нирӯи корӣ шиддат ёфт ва мақомот маҷбур шуданд маҳдудияти корро барои муҳоҷирони хориҷӣ сабуктар кунанд. Зеро сокинони маҳаллӣ намехоҳанд барои 600-700 доллар дар сардиҳои сангини Маскав ба поккории кӯчаҳо машғул шаванд. Мунаққидон дар дохили Русия мегӯянд, ҳоло ҳамин қонуни патент ҳам баъди як муддат бо имзои баландтарин раҳбарон тағйир меёбад, мисли талошҳои дигари маҳдуд кардани ҳузури муҳоҷирони хориҷӣ, ки натиҷа надоданд.
Феълан Хадамоти федеролии Русия гузориш медиҳад, ки аз замони ҷоришавии низоми патент ба буҷаи ин кишвар 36 миллиард рубл (тахминан 700 миллион доллар) фоида ворид шудааст. Дмитрий Демиденко, намояндаи ин ниҳод таъкид кардааст, ки муҳоҷирон баробари ворид шудан ба хоки Русия бояд дар варақаҳои муҳоҷират таъкид кунанд, ки бо ҳадафи кор ба ин кишвар омадаанд.
Дар Русия тақрибан 15 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд, вале на ҳамаи онҳо мақоми қонунӣ доранд.