Интернет дар Тоҷикистон: Гузаштаи бошукӯҳ, ояндаи пурмоҷаро

Шабакаи ҷаҳонии интернет дар рӯзҳои наздик 35-уми солгарди роҳандозии худро таҷлил мекунад. 1-уми январи соли 1983 бунёдгузори шабакаи интернетии APPANET аввалин бор аз протоколи TCP/IP истифода кард. Дар Тоҷикистон низ интернет монанди соири нуқтаҳои ҷаҳон нақши муҳиме дар рушди ҷомеа иҷро мекунад. Дар бораи ин, ки интернет дар Тоҷикистон чӣ гуна буд ва ҳоло чигуна ҳаст ва дар оянда чӣ гуна хоҳад буд, назари коршиносон ва истифодабарандагон ироа мешавад.

Интернет барои занг задан

Ба унвони як навъи иртибот, технологияи интернетӣ дар Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта – замоне, ки созмони байналмилалии CADA дар Душанбе ва як қатор шаҳрҳои калони Тоҷикистон почтаҳои электронӣ роҳандозӣ кард, пайдо шуд. Дар моҳи декабри соли 1999 аввалин дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет тавассути ширкати “Телеком Техноложӣ” ироа шуд. Дар ҳоли ҳозир шумораи каме аз одамон ба ёд доранд, ки дар он рӯзҳо иттисол фақат дар хатҳои шабакаи телефон буд ва тавассути шуморагирӣ аз тариқи як барномаи хос дар компютер анҷом шуд. Файлҳои ба андозаи чанд мегабайт, ки ҳоло дар чанд сония боргирӣ мешаванд, ба муддати аз 10 то 15 дақиқа интиқол меёфтанд.

Дар зарфи чанд соли гузашта шумораи корбарони телефонҳои мобилӣ аз даҳҳо ҳазор ба 2-3 миллион муштарӣ расид.

Рушди фаъолтари интернет дар Тоҷикистон, тавассути ширкати Вавилон-Т, ироа шуд. Дар Тоҷикистон интернет барои муддати тӯлонӣ хадамоти нухбагон монд ва танҳо ба бахши маҳдуде аз мардум ва ширкатҳои бузург дастрас буд. Ва ин ҳам ба ду далел – яке қимати болои хизматгузориҳо ва дигар адами тавоноии ширкатҳои ироадиҳандаи интернет дар барқарор кардани иртибот бо минтақаҳои дурафтодаи кишвар.

Марҳилаи тиллоии «тоҷнет»

Инқилоби интернетӣ дар Тоҷикистон соли 2005-ум, замоне ки барои аввалин бор дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо иртиботи мобилӣ бо стандарти 3G (UMTS, CDMA 2000) муаррифӣ ва бомуваффақият озмоиш шуд, рух дод. Аввалин хадамоти “аҷиб ва ғариб”, ин тамосҳои видеоӣ буд.

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Дар зарфи чанд соли гузашта шумораи корбарони телефонҳои мобилӣ аз даҳҳо ҳазор ба 2-3 миллион муштарӣ расид. Ин марҳиларо соҳибназарон “давраи тиллоӣ”-и рушди “тоҷнет” қаламдод мекунанд. Раҳбарият дар ин давра борҳо тағйир кард ва равишҳои танзими бозор низ тағйир намуд. Дар соли 2010 баъд аз он, ки Бег Зуҳуров ба раҳбарии Хадамоти алоқа расид, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет барои аввалин бор шоҳиди маҳдуд кардани интернет шуданд ва бархе аз торнамоҳое, ки маводҳои интиқодӣ дар нисбати раҳбарияти кишвар ба нашр мерасонданд, чун centrasia.ru, ferghana.ru и ariana.su ба мушкили дастрасӣ рӯбарӯ шуданд. Дар солҳои ахир маҳдудиятҳо манбаъҳои дохилӣ аз ҷумла - asiaplus.tj, avesta.tj, tojnews.tj-ро низ зери таъсир қарор дод. Ва баъдан ин маҳдудият дигар сайтҳо ва торнамоҳо ба шумули Фейсбук, Вайбер ва Wikipedia-ро дар бар гирифт.

Ҳамон тавр, ки нозирон мегӯянд, дар 18 соли гузашта системаи почтаи электронии Русия -- Mail.ru и Yandex.ru, ки бисёре аз мақомоти олирутба ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ин системаи ирсоли мукотиботро дар фаъолияти худ истифода мекунанд, ба мушкил дучор нашудааст.

Яке аз сабабҳои таниш байни танзимкунандагон – Хадамоти алоқа ва операторҳои хусусӣ, напазируфтани идеяи ташкили Маркази ягонаи коммуникатсионӣ – як дарвозаи калон, ки аз тариқи он тамоми мегабайтҳо бояд ба кишвар ворид ва хориҷ шаванд, мебошад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар чунин тарҳро сензура номида ва аз он интиқод карданд. Аммо мақомот онро ба назорат аз терроризм ва беҳбуди бахши техникӣ, рабт доданд. Аммо ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ онро тамоюл ба инҳисори ин яке аз сареътарин бахшҳои иқтисод донистанд.

Интернет дар шароити кунунӣ

Ба бовари коршиноси мустақил Абдулмалик Қодиров, дар ҳоли ҳозир интернет ба як бахши ҷудонопазир аз зиндагии рӯзмарра мубаддал шудааст ва бидуни он зиндагӣ кардан тасаввурнопазир аст. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки интернет дар қадами аввал як манбаи омӯзишӣ мебошад, ки бидуни берун рафтан аз хона, инсон онро ба даст меорад.

"Ин як манбаъ барои иртибот миёни инсонҳо аст. Ҳамчунин дар инҷо имкон доред озодона андешаҳои худро баён доред. Интернет манбаи журналистикаи шаҳрвандӣ шудааст ва ба таври куллӣ ба навъе расонае табдил шудааст, ки аз тариқи он мардум метавонанд дар мавриди таҳаввулоти нав дар ҷаҳон бохабар шаванд ва фаъолона дар мавриди он сӯҳбат кунанд"-афзуд Абдулмалик Қодиров.

​Ба бовари Абдулмалик Қодиров, "интернет фурсатҳои бузургеро барои демократӣ кардани ҷомеа фароҳам мекунад. Ин як пули мустақим байни сокинон ва мақомот мебошад. Аз тариқи интиқодҳо ба унвони худ, мақомот ин фурсатро доранд, то дарк кунанд, ки мардум нороҳат ҳастанд ва бояд иқдомоти лозимро анҷом медиҳанд. Агар дар гузашта ин нақшро васоити ахбони суннатӣ, ки бо “ҳукумати чорум” маъруф буд иҷро мекард, ҳоло метавон гуфт, ки интернет “ҳукумати панҷум” аст ва ин нақшро ифо менамояд."

Ин коршинос масдуд кардани сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро як иштибоҳ медонад ва инро бо амали инсон муқоиса мекунад, ки омода аст барои шикастани оина, танҳо ба далели он, ки инъикосро дӯст намедорад, ин амалро анҷом диҳад.

Мутахассисон куҷояд?

Талъат Нӯъмонов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази технологӣ ва коммуникатсионӣ" мегӯяд, ки алорағми ҳузури бархе аз мутахассиони худӣ дар ҳавзаи иртиботот дар кишвар, корҳои зиёде барои эҷоди як шабакаи мутахассисони фановарӣ дар Тоҷикистон лозим аст.

Вай мегӯяд, “бисёре аз мутахассисоне, ки дар ин соҳа кор мекунанд ва зинаҳои боло мерасанд, асосан касоне ҳастанд, ки дониши худро дар хориҷ аз кишвар ҳосил кардаанд ё худомӯзӣ намуданд ва аз манбаъҳои омӯзишии интернетӣ истифода мекунанд. Мутаассифона имрӯз донишгоҳҳои мо дар марҳилаи такомул дар заминаи таҳияи мутахассисони интернет қарор доранд. Бахше аз мушкил бо бозомӯзӣ ва такмили маҳоратҳо дар марказҳои омӯзишии хусусӣ ҳал мешавад.”

Талъат Нӯъмонов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази технологӣ ва коммуникатсионӣ"

Ба бовари ҷаноби Нӯъмонов, донишгоҳҳои кишвар бояд дарк кунанд, ки бахши IT ин танҳо омода кардани мутахассиони соҳаи барномасозӣ нест, балки муҳандисии фанноварии иттилоотӣ ва амниятӣ интернетӣ низ ҳаст.

Муҳтавои миллӣ камтар аз ҷаҳонӣ аст

Интернет як шабакаи ҷаҳонӣ аст ва ҳар кишвар ва мардум дар он ҷойгоҳи худро доранд. Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина зиёд фаъол нест. Аммо суръати таваҷҷуҳи корбарони ба матолиби миллӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳамон тавр, ки Асомиддин Атоев, ҳамоҳангсози минтақавии тарҳи амнияти кибернетикӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар солҳои аввал матолиби миллӣ, бинобар вуҷуд надоштани калидвожаҳои махсуси Тоҷикистон (фонтҳои миллӣ) ба мушкил рӯбарӯ буд. Дар соли 2004 ин мушкил дар чаҳорчӯбаи Стратегияи давлатии рушди ИКТ ҳалли худро ёфт: гурӯҳи вижаи кории мутахассисони маҳаллӣ стандартҳои мавриди ниёзро рушд дода ва онро дар системаи байналмилалии UNICODE таъйид карданд. Аввалин системаи амалиётӣ, ки тарҳи Тоҷикистонро ба расмият шинохт OC Linux буд. Имрӯз фонтҳои тоҷикӣ дар ҳама системаҳои асосӣ, аз ҷумла Android ва iOS истифода мешавад.

Ояндаи интернет дар Тоҷикистон чигуна хоҳад буд?


Бо вуҷуди он, истифодаи интернет дар миёни аҳолӣ афзоиш ёфтааст, аммо дар солҳои ахир Тоҷикистон дар раддабандиҳо дар мавриди озодии дастрасӣ ба шабакаи интернет дар мақоми муносибе ҷой надорад. Иқдомҳои идорӣ ва фармоишии мухталиф, боиси уфти кайфияти хадамоти шуморае аз ироакунандагон шудааст ва имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо рӯзе нест, ки мардум аз он норозигии худро баён накунанд.

Александр Арестов, яке аз садҳо ҳазор корбари интернет дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, “ман аз интернети як ширкати шинохташуда истифода мекунам ва метавонам бигӯяд, ки аз хизмати он норозӣ ҳастам.” Ин сокини Душанбе мегӯяд, ки қимат ба кайфият мутобиқат надорад. Агар мессенҷер як каме хуб кор кунад, аммо видеоҳоро аслан боз намекунад. Даҳ мегабайт интернет мегирам, аммо ба далели истифода аз VPN, он кифоят намекунад. Дар каме аз порталҳои пешрафта дар дохили кишвар метавон видеоҳоро боргирӣ кард.”

Ҷаҳон дар остонаи ихтирои сифати нави алоқаи 5G меистад, дар ҳоле, ки ҳанӯз на дар ҳамаи нукоти кишвар алоқаи 4G ҷорӣ шудааст. Интернет тавассути ноқилҳо отптикӣ, ки муштариёнро бо интернет, ки бо суръат ва арзон метавонад таъмин кунад, кам рушд кардааст.

Тавре чанд дафъа роҳбарони ширкатҳои алоқа гуфтанд, то замоне, ки танзимгари соҳа ба як маркази мустақил табдил наёбаду бо қоидаҳои эътирофшудаи бозор кор накунад, рушди минбаъдаи интернет номумкин аст.

Муҳимтар аз он ҷузви муҳими интернети ҷаҳонӣ - тиҷорати электронӣ аз рушд мемонад. Агар гардиши молии тарҳое мисли Amazon, AliExpress, Uber дар ҷаҳон аз ҳама бузург аст, гардиши молии чанд интернет мағозаҳое, ки дар Тоҷикистон боз шудаанд, хеле ночиз аст.

Маълум аст, ки ин ҳамаро дар ҳукумати Тоҷикистон мефаҳманд аммо ҳоло масъалаҳои амнияти давлат ва суботи сиёсӣ дар амри танзими дастрасӣ ба интернет дар қиёс ба фоидаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бартарӣ доранд.