"Ба сарам халта пӯшонда рабуданд"

Парвиз Муродов ва ҳамсараш Светлана

Парвиз Муродов, як марди тоҷики шаҳрванди Русия, ки гӯё бо иттиҳоми “истифодаи алфози қабеҳ дар ҷои ҷамъиятӣ” боздошт шуд, 34 рӯзро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард. Вале дар ин муддат, ба гуфтаи худи Муродов, ӯро на аз рӯи ин иттиҳом, балки ба хотири гирифтани маълумот дар бораи шахсе, ки ба Сурия рафтааст, азобу шиканҷа карданд.

Ҳоло на худи Парвиз Муродов ва на вакилони ӯ бовар надоранд, ки мушкилоти ӯ дигар пушти сар шуд. Талоши ӯву ҳамсари ҳомиладораш барои тарки Русия кардан бенатиҷа анҷомид. Онҳо бовар доранд, ки қурбони парвандаи сохтаи марбут ба ифротгароӣ шудаанд.

Парвиз Муродов соли 2005 бо ҳадафи кор ба Русия рафт. Дар оғоз ҳаммолӣ мекард, баъд таксирон шуд. Баъди чанд сол шаҳрванди Русия

Дар муддати 34 рӯз 5 дафъа ва бо фосилаи нимсоатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода мешуд ва дар ин муддат ҳеҷ гоҳ Муродов ба озодӣ набаромад.

шуд. Баъди издивоҷаш бо Светлана дар соли 2008, ҳамсари русаш дини исломро қабул кард. Светлана дар сӯҳбат бо Радио Свобода - Бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз синфи 9-и мактаб эҳсос кард, ки ба дини ислом таваҷҷӯҳ дорад ва ин ҳам дар замоне буд, ки, ба гуфтааш, ҳеҷ як динро намепарастид. Вай гуфт, “фарҳанги исломӣ ва таърихи он” ҳамеша дар мадди назараш буд ва Парвиз баъдан роҳнамои ӯ ба дини ислом шуд.

Додгоҳ бовар накард

Он солҳо Парвиз ришу мӯи дароз дошт ва рӯзе ба ҳамин хотир дучори мушкил шуданд. Дар кӯча наздашон ду марди зоҳиран маст омада аз Светлана талаб карданд, ки ба унвони як зани рус аз ҳиҷоб даст кашида, бо марди ғайрирус робита надошта бошад. Яке аз мардон ба нишони таҳдид кордро намоиш дод. Ба гуфтаи онҳо, Парвиз хост аз ҳамсараш ҳимоят кунад ва як оҳанпораро ба даст гирифт. Моҷаро бо занозанӣ анҷомид.

Додгоҳ ҳукм кард, ки латукӯб махсус ва бо ҳадафи расонидани зарари ҷисмонӣ рух дод ва Парвиз Муродов ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди озод шуданаш аз зиндон ҳамсарон утоқи зисти худро дар Маскав фурӯхта дар шаҳри Краснодар хона хариданд. Парвиз мегӯяд, дар оғоз аз ҳисоби таксиронӣ пул меёфт. Баъди ин хонаро фурӯхта як фурӯшгоҳи меваву сабзаҷот гирифтанд ва дар оғоз зиндагӣ хеле беҳтар шуд. Светлана ҳомиладор шуд. Вале рӯзи 7 июн Парвиз берун рафту дигар барнагашт.

Светлана мегӯяд, ки тамоми он рӯз натавонист бо Парвиз телефонӣ дар тамос шавад ва шоми он рӯз рафта ба полиси маҳалли зисташ ариза доду аз нопадид шудани ҳамсараш шикоят кард. Танҳо соатҳои нӯҳуними шом Парвиз занг зада гуфт, ки дар идораи полиси шаҳраки Горячий Ключ аст, ки дар 50-километрии Краснодар мебошад. Ӯро гӯё барои истифодаи алфози қабеҳ боздошт кардаанд. Худи Парвиз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар асл ӯро боздошт накарданд, балки лаҳзаи берун шуданаш аз фурӯшгоҳе ба сараш халта андохта рабуданд. Ба гуфтаи ӯ, боздошткунандаҳо ӯро латукӯб ва бо нирӯи барқ шиканҷа карда хостанд иртиботи ӯро бо як тоҷики дигар бо исми Фазлиддин Бозорбоев мушаххас кунанд. Ин шахс, ба гуфтаи Муродов, замони дар зиндон буданаш бо ӯ дар ҳабс шинос шудааст.

Парвиз мегӯяд, муддате баъди озод шудан аз зиндон бо Фазлиддин дар тамос буд, вале баъдан ӯ ба Туркия рафт ва як дафъа занг зада гуфт, ки нияти сафар ба Сурияро дорад. Ба гуфтаи Парвиз, ҳамин сабаб шуду ӯ ба ниятҳои Фазлиддин шубҳа ва дигар тамосашро бо ӯ қатъ кард.

Ҷосусӣ дар масҷид

Парвиз мегӯяд, ҳама иттилоеро, ки дар бораи Фазлиддин дошт, ба нафарони ӯро боздошткарда гуфт. Баъди ин онҳо талаб карданд, ки бояд ба ҳайси як ҷосус ё хабаркаш бо онҳо кор кунад ва масҷид ба масҷид гашта бифаҳмад, ки чӣ шахсе нияти сафар ба Сурияро дорад. Вай гуфт, боздошткардаҳо таҳдид мекарданд, ки агар бо онҳо ҳамкорӣ накунад, ӯро барои абад ба зиндон андохта ҳамсарашро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт мекунанд ва ӯ дар зиндон таваллуд мекунад. Ба гуфтааш, ин нафарон худро чун намояндаи ФСБ – Хадамоти федеролии амният муаррифӣ кардаанд.

Парвиз мегӯяд, баъди таҳдидҳо ӯ розӣ шуд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад, вале баъди ин нисбаташ санад тартиб дода ӯро дар истифодаи алфози қабеҳ дар ҷои ҷамъиятӣ муттаҳам карданд.

Қарори додгоҳ

Ҳамсарон мегӯянд, муҷозоти маъмурии се рӯзи боздошт дар натиҷа 34 рӯз тӯл кашид. Ҳар дафъа бо сипарӣ шудани дуву се рӯзи ҳабси маъмурӣ мӯҳлати боздошт тамдид мешуд.

Танҳо баъди муроҷиати Светлана ба созмони “Мусоидаи шаҳрвандӣ” ва бо кӯмаи як вакили дифои мустақил Парвиз Муродов озод шуд.

5 боздошти бидуни озодӣ дар фосилаи 34 рӯз

Ҳуқуқшинос Шамил Шабанов гуфт, ки дар муддати 34 рӯз 5 дафъа ва бо фосилаи нимсоатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода мешуд ва дар ин муддат ҳеҷ гоҳ Муродов ба озодӣ набаромад.

Тамоми муддати боздошт аз Парвиз талаб мекарданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Ҳуқуқшиносони созмони “Мусоидати шаҳрвандӣ” мегӯянд, шеваи ҳабси Муродов методи маъмулии сохтакорӣ шудани парвандаҳои ҷиноӣ мебошад ва ин шева дар ҷараёни ҷангҳо дар Чеченистон зиёд ба кор бурда шудааст. Онҳо мегӯянд, чечентаборҳои зиёдро барои гӯё ба забон овардани дашном боздошт карда баъдан дар ҷараёни ҳабс нисбаташон парвандаҳои нав “эҷод” мекарданд. Гоҳо маводи мухаддиру силоҳ ҳам “пайдо мешуд”, мегӯянд ҳуқуқшиносон, ки бовар доранд, дар бисёр ҳолатҳо ба афроди бегуноҳ ҷиноятҳои бознашударо бор мекарданд. Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, Парвиз ва Светланаро ҳам аз рӯи парвандаи сохтакоришуда зиндони тӯлонимуддат таҳдид мекунад.

Сафари нофарҷом ба Украина

Зимнан, рӯзи 25 июл Муродовҳо хостанд ба Украина сафар кунанд, вале дар марз онҳоро манъ карда аз қатор поин фароварданд ва гуфтанд, ки ҳақи берун рафтан аз хоки Русияро надоранд. Дар ҳоле, ки Парвиз Муродов ҳеҷ санади расмии манъ шудани рафтуомадаш берун аз ҳудуди кишварро дар даст надорад.

Мудофеони ҳуқуқи инсон мегӯянд, қазияи Муродовҳо хеле шабеҳ ба парвандаҳои дигар аст, ки солҳои охир рух медиҳад. Яке аз пурсарусадотарин қазияҳои ҳамсон – парвандаи ҳабси сокинони Доғистон, Чеченистон, Ингушистон ва Қалмиқия аст, ки барои гӯё таҳия кардани ҳамлаи террористӣ дар кинотеатри “Киргизия” боздошт шуданд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар наворҳои видеоии боздошти ин афрод дар як манзил 26 ноябри соли 2013 дида мешавад, ки дар ҷои боздошт силоҳу бомба гузошта мешавад.

Қурбониёни нақшаи "мубориза бо терроризм"

Ҳуқуқшинос Илларион Василев мегӯяд, ки ин афрод ҳама қурбони нақшаи ба истилоҳ” мубориза бо терроризм” шуданд, чунки ҳукумат аз сохторҳои ҳифзи қонун инро талаб мекунад.

Роза Магомедова, ҳуқуқшиноси дигар аз созмони “Мемориал” мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ аз ду ҳодисаи ҳамсони сохтакорӣ шудани парвандаҳои марбут ба терроризм хабар дорад, ки ҳардуаш бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух додааст. Хуршедддин Фозилов, ки, ба гуфтааш, дар Тоҷикистон барои ба Сурия сафарбар кардани ҷангиён муттаҳам мешуд, дар Русия қассобӣ мекард. Магомедова гуфт, ин одам дар асл бегуноҳ буд ва алорағми ҳукми Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар, Русия ӯро ба Тоҷикистон истирдод кард. Саидмаъруф Саидов, ки дар Русия ба ҳайси таксирон кор мекард, ба гуфтаи Магомедова, ҳамингуна бо иттиҳоми сохтаи ҷалби ҷангиён ба сафи ДИИШ аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар ин ҳолат ҳам, ба гуфтаи Магомедова, ҳукми Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар оид ба манъи истирдоди Саидов ба Тоҷикистон нодида гирифта шуд.

Светлана Ганнушкина, як фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар мегӯяд, аксари ин қазияҳо аз рӯи моддаи “ифротгароӣ” сохтакорӣ мешаванд ва ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мисли Тоҷикистону Узбакистон бо Русия, ба гуфтаи ӯ, бар пояи муомила сурат мегирад.

Ганнушкина мегӯяд, то замоне, ки додгоҳҳо мустақил нашаванд, бебандуборӣ дар баррасии қазияҳо, нодида гирифта шудани далелу бурҳони қотеи гумонбарони ҷиноят ва ба фоидаи айбдоркунанда ҳал шудани ин парвандаҳои ношаффоф идома мекунад.

Ҳоло, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, шароити будубоши ҳамсарон Муродовҳо дар Русия сангин ва ҳам хатарноктар мешавад. Дафъаи дигар онҳо талош хоҳанд кард ҳамроҳ бо журналистону вакилони дифоъ аз кишвар хориҷ шаванд.

Анастасия Тищенко, Радио Свобода