Маҳинаи Даврон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси торномаи "Порсӣ анҷуман" ба хатти сирилик ҳам огоҳ кардани ҷомиаз таҳқиқоти анҷомшуда пиромуни забони форсист ва ҳам боло бурдани дониши забони форсии мардуми Тоҷикистон.
Бо ибтикори як гурӯҳи донишмандони забоншиноси тоҷику афғон ва эронӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи наве бо номи “Порсӣ анҷуман” дар нишонии http://parsianjoman.ir/cyr/?page_id=2 фаъол шудааст. Ин сомона, ки 21 апрел, дар рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз нахустин сомонаҳо бо ҳуруфи сирилик аст, ки ба масоили хештаншиносии миллатҳои форсизабон ва масоили забони форсӣ итисос ёфтааст.
Бунёдгузори сомона Парвизи Шоҳчароғӣ буда, сардабирии онро Масъуди Луқмон аз Донишгоҳи Таботабоии Эрон бар ӯҳда дорад ва масъулияти бахши сириликии ин сомона бар дӯши хабарнигори тоҷик Маҳини Даврон мебошад.
Ин сомона дар ҳоле ба майдон омад, ки баҳсҳо дар атрофи се забони алоҳида ваё се шохаи як забон будани форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бахусус дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Дар ҳоле ки бархе афзоиши нууфузи форсии имрӯза бар тоҷикиро як аломати тозатар шудани забони тоҷикӣ ва бозгашти мардуми тоҷик ба асолати хеш мешуморанд, бархе мегӯянд, забони тоҷикӣ тозатар аз гӯишҳои дигари форсист ва олуданаш ба форсиву дарӣ ҳуснашро баракс хоҳад кост.
Аммо дар ин миён "Порсӣ анҷуман" бо чӣ ҳадафҳое пой ба майдон мегузорад? Ин буд нахустин суоле ки Радиои Озодӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Маҳини Даврон пурсид.
Маҳини Даврон: Ҳадафи аслии торномаи «Порсӣ анҷуман» пос доштани забони порсист. Ҳадафи ба хати сирилик баргардониданаш ин аст, ки мардуми Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро, ки бо амри таърих аз хатти форсӣ маҳрум шуданд, тавонанд матолиби ин торномаро бо хатти сирилик бихонанд ва аз андешаву таҳқиқоти донишмандони забони форсизабон огаҳ шаванд. Дониши забонии худро беҳтар гардонанд.
Озодӣ: Дар ин торнома бештар кадом навъ матолиб нашр мешаванд?
Маҳини Даврон: Бештар матлабҳои илмӣ, дур аз сиёсату дур аз мазҳаб нашр мешаванд. Тамоми донишмандони порсизабон - чӣ аз Эрон, чӣ аз Афғонистону Тоҷикистон ва ҳатто он порсидонҳое, ки дар кишварҳои Ғарб умр ба сар мебаранд, матолиби худро дар торномаи «Порсӣ анҷуман» нашр мекунанд. Назари ҳама донишмандони забони форсиву дарӣ дар бораи осеби ин забон гуфта мешавад. Умуман ҳар чизе марбут ба забони форсӣ аст дар ин торнома чоп мешаванд.
Озодӣ: Ба ғайр аз он ки матлабҳо дар бораи забони форсӣ-дарӣ нашр мешаванд, боз дар мавриди дигар забонҳое, ки моли мардуми Эрон буду аз байн рафт ваё қаламрави истифодааш маҳдуд шуд, чизе гуфта мешавад?
Маҳини Даврон: Албатта, дар ин ҷо мақолаҳои фаровонеро дидан мумкин аст, ки барои мисол, дар бораи забони паҳлавӣ, озарӣ ва балуҷӣ гуфта шудаанд. Донишмандони эронӣ китобу мақолаҳои хеле зиёд дар бораи забони паҳлавӣ нашр кардаанд. Китобҳои зиёде низ аз забони паҳлавӣ тарҷума шудааст. Ҳамчунин аз торномаи «Порсӣ анҷуман» дигар торнамоҳоеро низ пайдо кардан мумкин аст, ки дар бораи камбуду навгониҳои забони порсӣ гуфта шудаанд.
Озодӣ: Дар баробари матолиби илмӣ боз чӣ чизҳои дигарест, ки ба забон рабт дорад?
Маҳини Даврон: Дар баробари мақолаҳои илмӣ, инчунин матлабҳои зиёдеро дидан мумкин аст, ки марбут ба истилоҳоти публисистӣ, иқтисодӣ, пизишкӣ рабт доранд. Бо забони бозаргонӣ донишмандон матлабҳои зиёдеро нашр кардаанд. Донишмандони забони порсӣ-тоҷикӣ ё дарӣ хеле талош кардаанд, вожаҳои тиббӣ, ки аз дигар забонҳо ворид шудаанд, шакли тоҷикии онҳоро ворид кунанд. Ин донишмандон мехоҳанд исбот кунанд, ки забони форсӣ натанҳо забони адабиёту шеър аст, балки забони илм аст.
Озодӣ: Тавре маълум аст, дар ин торнома ҳамчунин матлабҳое низ дида мешавад, ки ба номҳои тоҷикӣ бастагӣ доранд....
Маҳини Даврон: Албатта, ин торнома бахше дорад бо номи «Зебономҳо». Дар ин бахш ҳама номҳои зебои тоҷикӣ, форсӣ ва ориёӣ ҷой дода шудаанд, ки ҳар кас метавонад аз он истифода кунад. Ба фарзанд ва ё дигар пайвандонашон аз ин торнома ном интихоб кунанд.