Видеои волидони Шарофиддин Гадоев: "Баргард, бачам"

Дар як навори видеоӣ, ки чор рӯзи пеш дар сайти Намба ва ҳоло дар Ютуб гузошта шудааст, волидон ва бародари Шарофиддин Гадоев аз ӯ мехоҳанд, то зидди ҳукумат ҳарфе нагӯяд ва ба Ватан баргардад.

Падару модар ва як бародари Шарофиддин Гадоев -- соҳибкори фирории тоҷик, ки ҳоло дар Испания паноҳ бурда, аз фаъолони “Гурӯҳи 24” муаррифӣ мешавад, аз ӯ даъват кардаанд, алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ҳарфе назада, баръакс, аз оромиву субот ва зиндагии хуб шукр гӯяд. Ин видео чор рӯзи пеш дар шабакаи “Намба.Тҷ” гузошта шуда, тоза ба Ютуб роҳ ёфтааст ва зоҳиран пеш аз таъини баргузории намоиши эътирозӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Оишамоҳ Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, дар ин навори видеоӣ ба писараш муроҷиат карда мегӯяд, “наход ту насиҳатҳои маро, кору бори маро фаромӯш кардаӣ. Ман дар хурдӣ Шуморо насиҳат мекардам, ки ба мӯрча зарар нарасонед. Себи ҳамсоя тарафи хонаи мо бошад, наканед. Он насиҳатҳои маро куҷо кардӣ?” Дар идома хонум Абдуллоева, ки ба дунболи овозаи сабти ин видео аз сӯи маъмурони амниятии Фархор дар Интернет барои бозпурсӣ даъват шуда буд, дар бораи ҷангу хунрезӣ мегӯяд ва хитоб ба Шарофиддин таъкид мекунад: “Хуни як одамро бирезонед, ба гардани мо мешавад. Ту агар хоҳиши маро иҷро кунӣ, бачам, ҳеч вақт кори бад накун, ба роҳи бад нарав. Ҳеч вақт бо гапи бад кор буд намешавад. Саломатии падарат хуб нест, саломатии ман ҳам. Ту дар куҷое набошӣ, як кори хуб кун, ки хубият ба Ватан ояд. Гапи бадро шунидан намехоҳам. Ту ин хел гапҳои бемаъноро бас кун.” Оишамоҳ Абдуллоев меафзояд, “хоҳиши маро бихоҳӣ, дуои маро бихоҳӣ, дар ҳеч ҷой кори бад накун. Роҳи нек нек асту роҳи бад - бад. Бо ҳамин гапу сухани ман ба охир расид.”

Дар ин навори видео, ки панҷ дақиқа тӯл дорад, Мирзоалӣ Гадоев -- падари Шарофиддин низ суҳбат мекунад ва танҳо хоҳиши ӯ низ ҳамин аст, ки писараш дар Интернет баромад накарда, ба гуруҳҳо ҳамроҳ нашавад. “Бачам, ту ҳамин корҳоро бас кун. Гапи ҳар фиребгарро нагир. Ҳамин давлати худамон хуб аст. Баргард, биё. Шукр, Тоҷикистон обод аст. Ҳама ҷо сериву пурист. Чӣ даркор ҳамин корҳо? Гапи моро гирӣ, биё. Агар гапи мо нагузарад мисли он дафъаина, худат медонӣ”,-мегӯяд ӯ. Вале маълум нест, падари Шарофиддин дафъаи пеш ба ӯ чӣ гуфтаву манзураш аз гуруҳҳо чист.

Қурбон Гадоев, бародари Шарофиддин ҳам сӯҳбат карда, аз ӯ хостааст, падару модарашонро дар айни пирӣ ором бигузорад. “Бародари азиз, аз думи ягон гуруҳҳои бемаънӣ набош. Фикри худат, фикри волидонро кун. Рӯзҳои башумор мондагӣ аст, дар дами пирияшон ғам надеҳ. Давлат тинҷу оромӣ аст. Дар Интернет, дар ягон ҷо баромад накун. Ягон гапи беасос назан. Умуман ягон гап нагӯ. Дар ягон гуруҳ худатро ҳамроҳ накун”,-таъкид медорад ӯ.

Шарофиддин Гадоев

Ин видео баъд аз он ба Интернет роҳ ёфта, ки Шарофиддин Гадоев дар оғози моҳи ҷорӣ навореро дар бораи ҳузур ва радду бадали маъмурони амниятии ноҳияи Фархор дар манзилашон бо наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт ва гуфт, амниятиҳо аз падару модараш хостаанд, то писари худро “насиҳат” кунанд. Баъд аз он модар ва се хоҳару ду домоди ӯ аз тарафи маъмурони пулис барои бозпурсӣ бурда шуда, ба гуфтаи онҳо тамоми суҳбат дар бораи Шарофиддин ва он видеое будааст, ки пинҳонӣ сабт ва баъдан дар Интернет гузошта шуд.

Шарофиддин Гадоев ва шарикаш Умаралӣ Қувватов, ки ду сол пеш тарки Тоҷикистон карданд, иддао доранд, тиҷорати муваффақи онҳо дар Тоҷикистон аз сӯи Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ғасб шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳардуро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ин соҳибкорро бар асоси моддаи моддаи 289, қисми 1 (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компютерӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Гуфта мешавад, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, мақомот ба маҳзи таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ӯву Қувватов парвандаҳо кушодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

Талоши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди шарики Шарофиддин Гадоев – Умаралӣ Қувватов – низ ба нокомӣ анҷомид. Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол дастгир шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Имороти Араб супурдани ӯ ба дасти Душанберо рад кард.

Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дода, дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиое бо номи «Тоҷикистони нав”-ро ба кор андохтаанд.