Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи марги як сокини Нуробод, ки ҷасади ӯ аз зери як пул пайдо шуд, мегӯяд, ки ӯ худ аз болои кӯпрук афтода ва ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 май ҳодисаи марги як сокини Нурободро, ки ба иддаои наздиконаш ба идораи пулис бурда шуда ва ҷасадаш ду рӯз баъд аз зери як пул пайдо шудааст, расман шарҳ дод.
Дар шарҳи Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон омадааст, ки Орзуев Саймурод рӯзи 25-уми апрел ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Чорсадаи деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба симчӯби барқ бархӯрда ва онро афтондааст.
Ба гуфтаи манбаъ, маъмурони пулис муайян кардаанд, ки Саймурод Орзуев ҳини ҳодиса маст будааст ва бинобар ҳамин кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ барои ташхиси тиббӣ ӯро ба беморхонаи ноҳиявӣ бурдаанд ва ташхис муайян кардааст, ки ронанда дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба дунболи ин, маъмурони пулис нисбати Саймурод Орзуев мавод тартиб дода ва сипас ӯро бо мошини сокини деҳаи Комсомолбоди ҳамин ноҳия Қурбоналӣ Мирзоҳомидов савор карда ва ба хонааш гусел кардаанд.
Дар шарҳи вазорати умури дохилӣ омадааст, ки падари номбурда ду рӯз баъд бо аризаи шикоятӣ аз се шабонарӯз бедарак будани писараш муроҷиат мекунад ва дар натиҷаи ҷустуҷӯи мақомоти пулис, ҷасади Саймурод Орзуев рӯзи 30 апрел аз зери пул пайдо шудааст. Мақомот мегӯяд, ки санҷиши онҳо муайян кардааст, ки Саймурод ҳангоми гузашта аз болои дарёи Чанор, ки баландиаш тахминан 60-70 метр будааст, сарозер шуда ва ба ҳалокат расидааст.
Аммо хешовандон иддао мекунанд, ки Саймурод баъди боздошт дар шӯъбаи умури дохилӣ латукӯб шуда, ҳамон ҷо ҷон додааст ва кормандони милиса барои пинҳон доштани ҷинояти худ, ҷасадро ба ҷои дуртар, зери пул партофтаанд.Ба қавли ҳамдеҳаҳои Саймурод Орзуев, дар бадани ӯ осори латтукуб ва зӯроварӣ дида мешуд.
Акбар Абдулов, сокини ҷамоати Ҳакимӣ ва аз наздикони ин хонавода имрӯз, 2 май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, баъди он ки Саймурод бо мошинаш як симчӯбро задааст, кормандони милисаи Нуробод барои рӯшан кардани ҳодисаи садама, ӯро рӯзи якшанбе ба милисахона бурда, мавриди пурсиш қарор додаанд. Пас аз он ки Саймурод ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шуд, наздиконаш барои хабаргирӣ ба онҷо рафтанд, аммо корманди милиса барояшон гӯё гуфтаанд, ки ӯро баъди пурсуҷӯ ҷавоб додаанд.
Баъд аз ин Саймурод нопадид шуд ва ду рӯз ба хона барнагашт ва ҳангоми кофтуков ҷасади ӯро рӯзи 30 апрел дуртар аз ҷамоати Ҳакимӣ, дар деҳаи Чинор дар зери як пул пайдо карданд. Сокинони Ҳасандара ҷасади Саймуродро рӯзи 30 апрел ба хок супурдаанд.