Панфилова: Мардум дар Узбакистон интизори ислоҳотанд

Виктория Панфилова

Виктория Панфилова, шореҳи нашрияи "Независимая газета", ки дар Тошканд ҷараёни интихоботи президентии Узбакистонро пайгирӣ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинони ин кишвар мунтазири ислоҳотанд. Вай рӯзи 4 декабр гуфт, "сокинони Узбакистон мехоҳанд, ки дар тиҷорат, бахусус соҳибкории хурду миёна ислоҳот сурат гирифта, ба онҳо сабукӣ дода шавад".

Ҳатто шунидам, ки гӯё яке аз номзадҳо ба тарафдорӣ аз Шавкат Мирзиёев раъй додааст. Исботи инро надорам, вале аллакай ингуна сару садо ҳаст.

Радиои Озодӣ: Аммо баҳои Шумо ба ҷараёни интихоботи президентии Узбакистон чӣ гуна аст? Мақомот гуфтанд, ки то соати 11 беш аз 30 дарсад раъй доданд ва интихобот баргузор шудааст. То куҷо мешавад ба ин рақамҳо бовар кард?

Виктория Панфилова: "Ман соати шаши саҳар дар ҳавзаи раъйдиҳӣ будам. Намедонам, одат аст, ё чизи дигар, вале субҳи барвақт сокинони зиёд ба овоздиҳӣ омаданд. Яке аз номзадҳои аслии интихобот Шавкат Мирзиёев низ субҳи барвақт ҳамроҳи хонаводааш раъй дод. Аммо ӯ дар ҳавзаи интихоботӣ ягон шарҳе нагуфт. Фақат барои аввалин бор ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ва наберагонаш зоҳир шуд. Шахсан ягон мавриди қонуншиканиро мушоҳида накардам. Барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ омодагии хуб дидаанд. То ҷое мушоҳида кардем, як нафар бо як шиноснома меояд. Ингуна нест, ки як нафар шиносномаи аҳли маҳалларо оварда, ба ҷойи ҳама овоз диҳад. Ин чизест, ки ман дидам."

Радиои Озодӣ: Шумо интихоботҳои гузаштаи Узбакистонро ҳам пайгирӣ доштед. Оё байни гузашта ва ҳоло фарқе ҳаст?

Виктория Панфилова: "Бале, ин интихобот тафовут дорад, вале орзуҳо тағйир накардааст. Ман бо баъзе аз мардум сӯҳбат доштам ва онҳо гуфтанд, ки президенти нав бояд роҳи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешинро идома диҳад. Аммо интизоранд, ки дар тиҷорат, бахусус соҳибкории хурду миёна барояшон сабукӣ дода шавад."

Радиои Озодӣ: Дар берун мегӯянд, ки шанси пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар ин интихобот дар муқоиса ба рақибонаш хеле зиёд аст. Дар дохил чиро мебинед?

Виктория Панфилова: "Бале, дар инҷо ҳам мегӯянд, шанси Шавкат Мирзиёев хеле зиёд аст. Ба фикри ман, интихобот ба даври дувум кашонда намешавад. Ҳатто ман шунидам, ки гӯё яке аз номзадҳо ба тарафдорӣ аз Шавкат Мирзиёев раъй додааст. Дақиқ намедонам. Аммо аллакай ингуна сару садо ҳаст. То ҷое фаҳмидам, ба ӯ бовар мекунанд. Вай аз соли 2003 нахуствазир буд ва тамоми бахши иқтисоди кишварро зери даст дошт. Номзадҳои дигар ба ном рақиб ҳастанд. Онҳо барномаи якхела доранд ва хеле заифанд."

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ва интихоботи нахустини бе Ислом Каримов дар Узбакистон рӯзи 4 декабр баргузор шуд. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон, рӯзи 4 декабр гуфт, танҳо то соати дуи рӯзи якшанбе аз 21 миллион афроди қобили раъй 60 дар сад овоз доданд. Чор довталаби курсии президентӣ дар Узбакистон низ ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Шавкат Мирзиёев, номзади аслӣ дар ин интихобот, ба қитъаи рақами 132-и Тошканд бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова, ду духтар, писар ва домоду наберагонаш ҳозир шуд. Аммо Мирзиёев дар бораи ҷараёни интихобот ва барномаҳояш шарҳе надод. Натиҷаҳои аввалияи интихобот рӯзи 5 декабр эълон хоҳад шуд.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Узбакистон баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар баргузор мешавад. Каримов рӯзи 2 сентябри имсол дар 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт. Бино ба Қонуни асосии Узбакистон ҳукумат дар ихтиёри президент буда, як нафар наметавонад беш аз ду давраи панҷсолӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад.