Нашри нахустин достон бо забони шуғнӣ, ки аз гурӯҳи забонҳои помирӣ аст, аксари гуишваронашро ба коҳиш ёфтани хатари нобудии ин забон умедвор кардааст. “Зиндагӣ аз нав ца суд сар” ё “Агар зиндагӣ дубора шурӯъ шавад”, ки достони ишқист, ба унвони аввалин китоби бадеӣ ба забони шуғнӣ, таҳаввули чашмгире дар рушди гурӯҳи забонҳои помирӣ дониста мешавад.
Нависандаи китоб Худобахш Худобахшов ҷавони 31-сола аз шаҳри Хоруғ аст. Ӯ аслан иқтисоддон аст ва дар саҳфаи аввали китоби нахустинаш ҳам гуфтааст, на олим аст ва на забоншинос, фақат як гӯяндаи оддии забонӣ шуғнӣ ё ба қавли худаш як “померибуц” аст, ки хостааст бо китоби худ рафҳои тақрибан холии китобхонаи забонҳои помириро пур кунад.
ЮНЕСКО ё Бунёди ҷаҳонии омӯзишӣ ва илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид 10 забонро дар Тоҷикистонро ба феҳрасти забонҳои дар ҳоли нобудӣ қарор додааст ва яке аз онҳо забони шуғнӣ аст.
Худобахш мегӯяд, имрӯз калимаҳои зиёди забони шуғнӣ зери таъсири забонҳои дигар фаромӯш шудааст ва ӯ хостааст, калимотеро, ки модарон ёд доранду фарзандон не, дигарбора ба муҳовара баргардонад.
“Ман фикр кардам, ки барои забони модарии худ чӣ кор метавонам кунам? Ҳоло забонҳои дигаре мисли забони русӣ ва англисӣ забонҳои хурдро мехӯранд. Масалан бархе аз калимаҳо аз забони русӣ ба забонӣ мо омадааст, сӣ то чиҳил дарсади калимаҳо дар забони ман ҳоло бегонаанд. Мо бояд ин мушкилро бартараф кунем.”
“Зиндагӣ аз нав ца суд сар” достони ишқи се ҷавон аст ва ишқи сегӯша, ки поёни хуш дорад. Қаҳрамонони достон ду ҷавони дилдода, Барзу ва Алия дар маросими ёдбуди овозхон ва таронасарои маъруфи Бадахшон, Лидуш Ҳабиб бо ҳам вомехӯранд ва ошиқ мешаванд.
Унвони китоб ҳам баргирифта аз таронаи маъруфи Лидуш аст, ки бо забони шуғнӣ сурудааст. Дар китоб ҳамчунин мавзӯъ ва мушкилоти дигаре мисли муносибати ҷавонон бо волидон ва талоши дуздида ва ба Афғонистони ноором бурдани духтар ҳам ҳаст. “Ҳозир ҳар куҷое бингарӣ дар мардум ишқу меҳрубониро кам мебинӣ. Ман хостам бо ин асар шӯълаи ишқро дар ҷавонон бедор кунам.”
Худобахш дар оилаи шоираи бадахшонӣ, Гулнисо Ризвоншоева ба дунё омадааст ва худаш ҳам завқӣ шеърнависӣ дошт. Аммо вақте тасмими навиштани як достонро гирифт, ба ӯ гуфтанд, ки ин кори осон нест. Барои ошноӣ бо сабки асари бадеӣ нависандаи ҷавон ба пажӯҳишгоҳи забонҳои помирӣ муроҷиат кард, вале ба ҷуз асарҳои илмӣ чизе наёфт. Тасмим гирифт бо услуби ба худ хос ва ба забони оддиву кӯчагӣ рӯ биёрад.
Онҳое, ки достони ишқии “Зиндагӣ аз нав ца суд сар” - ро мутолиа кардаанд, мегӯянд, он ҷолиб ва бо забони фаҳмо иншо шудааст. Барои Сафо Алиназар, ин достони Худобахш аввалин китобе буд, ки бо забони модарии худ хонд.
“Бисёр мардум имрӯз муҳоҷират ва дар ҳар гӯшаи олам зиндагӣ мекунад. Албатта муҳит ба забон ва кӯдакони онҳо таъсир мекунад. Таълифи чунин китобҳо хеле муҳиманд. Китоб табиати Бадахшонро хеле хуб тасвир кардааст ва умуман ин роман моҳирона навишта шудааст”,- мегӯяд, Сафо Алиназар.
Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки ба китоб дидгоҳи интиқодӣ доранд. Сафдар Раҷаббеков, яке аз кормандони Маркази исмоилия алифбоеро, ки барои иншои китоб интихоб шуда, бисёр сахт ва номуносиб медонад. Ба бовари ӯ, ин алифбо барои кӯдакон номафҳум аст. Манзури Сафдар чанд ҳарфе аз алифбои забони шуғнӣ аст, ки муаллифи китоб дар баробари сирилик аз он истифода кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ЮНЕСКО ё Бунёди ҷаҳонии омӯзишӣ ва илмиву фарҳангии Созмони Милал 10 забонро дар Тоҷикистонро ба феҳрасти забонҳои дар ҳоли нобудӣ қарор додааст ва яке аз онҳо забони шуғнӣ аст. Дар маҷмӯъ дар Бадахшон ҳудудан 100 ҳазор нафар бо ин забон сӯҳбат мекунанд. Бархе аз донишмандон бар ин боваранд, ки вазъи забони шуғнӣ дар миёни забонҳои дигари Бадахшон нисбатан беҳтар аст, чун он ба ҳар сурат, забони маркази вилоят ва ҳам забони тиҷорат дар ин минтақа аст.
Дар гузашта ҳам китобҳое ба забони шуғнӣ чоп шудаанд, аммо ҳамаи онҳо китоби шеър ё асарҳои илмиву афсонаҳо ҳастанд. Таваҷҷӯҳи нависандагони забони шуғнӣ ба наср камтар будааст. Коршиносон дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки нашри китобу ингуна осор барои ҳифзи забонҳои дар ҳоли нобудӣ кумак мекунад.
Назархудо Дастамбуев, мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон барои таълифи китоб бо забонҳо дар маърази хатар фазои хубе ҳаст ва нависандаҳо метавонанд, масалан ба забонҳои помирӣ бидуни мушкилу асару китобҳо иншо кунанд. “Ҳоло ягон монеа нест барои шоиру нависандаҳо. Агар онҳо ин корро ҳозир накунанд, дар оянда забонҳо ба вартаи нестӣ мерасанд. Бояд шоир ва нависандагон бо забонҳои вахонӣ, язғуломӣ, рӯшонӣ шеъру повесту романҳои худро бештар пешниҳод кунанд. ”
Донандагони забони шуғнӣ умедворанд, ки “Зиндагӣ аз нав ца сут” танҳо китоби мансур ба ин забон нахоҳад буд. Худобахш Худобахшов, нависандаи ҷавони достони ишқӣ бо забони шуғнӣ ҳам ба навиштани достони дигаре оғоз кардааст. Бо умеде, ки андаке ҳам бошад, як забонро аз вартаи марг дуртар кунад.