Исломобод нисбат ба иқдоми эҳтимолии Эрон дар фиристодани нерӯҳои низомӣ ба хоки Покистон барои озодсозии марзбонони рабудашудаи эронӣ, ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", давлати Покистон рӯзи сешанбеи 18-уми феврал бо интишори баёнияе таъкид кард, ки нерӯҳои Эрон "ҳеҷ ҳаққе" барои убур аз марзҳои Покистон надоранд ва чунин коре "нақзи қавонини байналмилалӣ" хоҳад буд.
Ин баёниния вокунише ба суханони Абдуризо Раҳмони Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон аст, ки рӯзи душанбе гуфта буд, агар Покистон натавонад дар марзҳои худ амният эҷод кунад, Эрон бояд иҷоза дошта бошад, ки ба дохили қаламрави он ворид шавад ва амниятро барқарор созад.
Рабуда шудани 5 сарбози эронӣ дар минтақаи марзии Сиистон ва Балуҷистон, ки гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл" масъулияти онро ба ӯҳда гирифта, ба танишҳо дар равобити Исломобод ва Теҳрон мунҷар шудааст.
Гузоришҳо мегӯянд, ки сарбозони гаравгонгирифташуда ба дохили хоки Покистон мунтақил шудаанд ва ҳамин масъала эътирози Теҳрон ба Исломободро ба дунбол доштааст. Теҳрон мегӯяд, ки Исломобод дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёнӣ кӯтоҳӣ мекунад, аммо Исломобод ин иттиҳомро радд кардааст.
Дар баёнияи давлати Покистон омадаааст, ки изҳороти ҷониби Эрон таассуфангез аст, зеро ҳамагон аз иқдомоти фаълонаи Покистон дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар гузашта огоҳанд ва Эрон низ ба он эътироф кардааст.
Эрон рӯзҳои гузашта бо Покистон гуфтугӯҳое доштааст, ки ҳадафи он ёфтани роҳи ҳалл барои озодсозии панҷ сарбозе аст, ки ба гарав гирифта шудаанд. Гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл дар моҳи ноябри соли гузашта низ масъулияти кушта 14 марзбони эрониро ба ӯҳда гирифта буд.