Беш аз 60 кушта ва 200 захмӣ дар таркиши Лоҳур
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Лоҳури Покистон дар як таркиш, ки рӯзи якшанбе рух дод, аксарият занону кӯдакон қурбон шудаанд. Ин таркишро як маргталаб анҷом додааст. Тибқи хабарҳои охирин, дар ин таркиш ба камияш 65 нафар кушта ва бештар аз 200 нафар захмӣ шудаанд. Таркиш дар ҳудуди боғи Гулшани Иқбол, дар наздикии майдони бозии кӯдакон рух додааст.