Ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Покистон ба махфигоҳҳои Ҳаракати исломии Узбакистон дар Вазиристони шимолӣ ҳамла бурдаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони The News, чопи Исломобод, ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон алайҳи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон тайи ду рӯзи гузашта дар минтақаи қабиланишин Датахел дар Вазиристони шимолӣ сурат гирифта, беш аз 150 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла чанд фармондеҳи онҳо кушта шудаанд. Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, ки дар ин ҳамла шаш махфигоҳи ҷангиёнро ҳадаф қарор додаанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Покистон амалиёти густурдаеро алайҳи Ҳаракати исломии Узбакистон, ки масъули ҳамла ба Фурудгоҳи байналмилалии Карочӣ дар рӯзи 8 июн дониста мешавад, оғоз кардааст. Ҳаракати исломии Узбакистон ахиран бо интишори як баёния масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Карочиро ба гардан гирифт. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳамаи даҳ ҳамлавар узви ин гурӯҳ будаанд. Агар ин изҳороти ҲИУ ҳақиқат дошта бошад, ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ бузургтарин амалиёти ин ҷунбиш дар Покистон ба шумор хоҳад рафт.
Ин дар ҳолест, ки эҳтимол меравад, дар ҳамлаи мазкур чанд гурӯҳи ситезаҷӯён, ки байни худ эътилоф доранд, ширкат кардаанд, зеро қаблан масъулияти ин ҳамларо Ҳаракати Толибони Покистон бар дӯш гирифта буд. Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон қаблан тасдиқ карда буд, ки дар ҳамлаи ба фурудгоҳи Карочӣ ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ширкат доштанд. Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ амалиёти муштараки Таҳрики Толибони Покистон ва Ҳаракати исломии Узбакистон буд.
Ҷангиёни мусаллаҳ шаби 8-уми июн ба таври ҷудогона аз ду тараф ба фурудгоҳ ворид шуданд ва ҳамзамон ҳамлаеро оғоз карданд. Мақомоти нерӯҳои низомии Покистон он замон гуфта буданд, ки баъзе аз ҳамлагарҳо ба узбак монанд буданд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Азим Баҷва гуфт, ки ин ҳамларо 10 нафар анҷом дод ва ҳамагӣ дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд.
Ҳуҷум ба фурудгоҳ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки ҷангиён ба терминали қадимии фурдгоҳи Карочӣ ҳамла бурданд ва ба сӯи посбонҳои фурудгоҳ оташ кушоданд. Ин терминал, ки асосан барои интиқоли бор ва сафари мақомоти баландпоя истифода мешавад, дар лаҳзаҳои ҳуҷум тақрибан холӣ буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад