Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии самбо ноком шуданд

Акмалиддин Каримов. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар рӯзи аввали рақобатҳо – 8-уми ноябр - бе медал монданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Остона се паҳлавони тоҷик ба рақобат пардохтанд. Акмалиддин Каримов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило дар аввалин рақобаташ ноком гардид. Вай бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Рақибаш Карен Саргсяни арманӣ буд. Сабқати ин ду паҳлавон, ки пуршиддат сурат гирифт, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Саргсян анҷом ёфт.

Паҳлавони номдори тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон Акмалиддин Каримов аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дарвоқеъ, моҳи ноябри соли 2023 Акмалиддин Каримов дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Еревани Арманистон ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф шуда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ дар вазни то 79 кило дар даври аввал Аҳмади Абдулбоситро аз Афғонистон бо ҳисоби 10 бар 1 мағлуб карда, дар даври дуюм Борис Шатверяни арманиро бо ҳисоби 10 бар 0 шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик Леонел Мбалларо аз Камерун мағлуб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Аммо дар нимфинал Деваштич аз намояндаи бетараф Денис Калинин бо ҳисоби 1 бар 2 ноком шуда, сипас барои медали биринҷӣ аз Иван Ҳаркови булғор шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро касб кард. Ин натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқа буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Халид Толибзода дар самбои размӣ дар вазни то 88 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Абусупиён Алихонов бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон то рӯзи 10-уми ноябр идома меёбад, Тоҷикистонро боз ҳафт варзишгар муаррифӣ мекунад. Се нафар - Сорбон Латипов дар вазни 64 кило, Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Зафар Олимшоев (88 кг) - дар самбои варзишӣ байни мардон вориди рақобат мешаванд. Боз се нафар - Масъуд Қуқаншоев (58 кг), Худоёр Раҷабзода (71 кг), Саймуҳаммад Исматов (98 кг) - дар намуди самбои размӣ, инчунин як варзишгар - Шоҳрух Назаров – дар мусобиқаи самбои нобиноён байни мардон дар вазни 79 кило иштирок мекунанд.”

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарон барои 31 маҷмуи медалҳо дар намудҳои самбои варзишӣ байни мардону занон, самбои размӣ миёни мардону занон, инчунин самбои нобиноён байни мардон мубориза мебаранд.

Рақобатҳо дар вазнҳои зерин мегузарад:

Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои размӣ (мардон): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Самбои размӣ (занон): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои нобиноён (класси SVI-1, мардон): 64 кг, 79 кг, 98 кг

«Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Қасри муҳорибаҳои якҳарбаи ба номи Жаксилиқ Ушкемпирови шаҳри Остона доир гаштааст, варзишгарон аз тақрибан 80 кишвари дунё иштирок доранд. Бояд гуфт, ки бори аввал ба барномаи мусобиқа самбои размӣ миёни занон ва самбо байни варзишгарони нобино дохил шудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Барои ғолибон дар ҳар як вазн 4000 доллар, барои ҷойи дуюм 4000 доллар ва барои ҷойи сеюм 3000 доллар, инчунин барои ғолибони рақобатҳо миёни нобиноён 1000 доллар ҷоизаи молӣ муқаррар шудааст.

Дар зимн, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштаанд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2024 дар Остонаи Қазоқистон:

Самбои варзишӣ - мардон

58 кг

1. Илҳом Фармонов (Ӯзбекистон)

2. Вахтанг Чидрашвили (Гурҷистон)

3. Армат Кабдолов (Қазоқистон)

3. Давид Ҳовсепян (RST)

79 кг

1. Денис Калинин (FIAS 1)

2. Михайло Свидрак (Украина)

3. Александр Кокша (FIAS 2)

3. Иван Ҳарков (Булғористон)

+98 кг

1. Темирлан Колбай (Қазоқистон)

2. Пуревдорҷ Дамдинсурен (Mуғулистон)

3. Гиорги Кавтарадзе (Гурҷистон)

3. Степан Солдатенков (FIAS 1)

Самбои размӣ – мардон

64 кг

1. Шайх Мансур Ҳабибуллоев (FIAS 1)

2. Майис Нерсесян (Aрманистон)

3. Маратбек Рахматуллин (Қазоқистон)

3. Саиак Бараканов (Қирғизистон)

88 кг

1. Абусупиён Алихонов (FIAS 1)

2. Соҳибҷон Ҳасанбоев (Ӯзбекистон)

3. Петро Давиденко (Украина)

3. Бектен Еркебай Уулу (Қирғизистон)