Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ду медал гирифтанд

Сорбон Латифов дар байн

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Рӯзи 9-уми ноябр панҷ паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Сорбон Латифов дар вазни то 64 кило, Зафар Олимшоев (-88 кг) – ҳарду дар самбои варзишӣ байни мардон, Худоёр Раҷабзода (-71 кг), Саймуҳаммад Исматов (-98 кг) дар намуди самбои размӣ, инчунин Шоҳрух Назаров (-79 кг) дар мусобиқаи самбои нобиноён байни мардон вориди рақобат шуданд.

Аз байни онҳо ду нафар - Сорбон Латифов ва Шоҳрух Назаров - медал гирифтанд. Сорбон дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 64 кило дар даври аввали мусобиқа намояндаи Украина Дмитро Евдошенкоро мағлуб карда, дар даври дуюм аз Сардор Олимҷонови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Сорбон бар Шаҳром Меҳрубон аз Афғонистон ва Уулу Кубаничи қирғиз дастболо гардида, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Ниёзмурод Бабекови туркманро шикаст дод. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2024 дар шаҳри Остона мебошад.

Медали дуюми мунтахаби Тоҷикистонро Шоҳрух Назаров дар самбои нобиноён байни мардон дар вазни то 79 кило, ки нишони биринҷист, ба даст овард.

Зафар Олимшоев дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 88 кило ва Худоёр Раҷабзода дар намуди самбои размӣ миёни мардон дар вазни то 71 кило ҷойи панҷумро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Остона – 8-уми ноябр - се паҳлавони тоҷик рақобат карда, бе медал монда буданд. Акмалиддин Каримов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило дар аввалин рақобаташ ноком шуд. Вай бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Рақибаш Карен Саргсяни арманӣ буд. Сабқати ин ду паҳлавон, ки пуршиддат сурат гирифт, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Саргсян анҷом ёфт.

Паҳлавони номдори тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон Акмалиддин Каримов аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дарвоқеъ, моҳи ноябри соли 2023 вай дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Еревани Арманистон ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф шуда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ дар вазни то 79 кило дар даври аввал Аҳмади Абдулвоситро аз Афғонистон мағлуб карда, дар даври дуюм Борис Шатверяни арманиро шикаст дод. Дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик бар Лионел Мбалла аз Камерун ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар нимфинал Деваштич аз намояндаи бетараф Денис Калинин ноком шуда, сипас барои медали биринҷӣ аз Иван Харкови булғор шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Халид Толибзода дар самбои размӣ дар вазни то 88 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Абусупиён Алихонов шикаст хӯрд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 10-уми ноябр анҷом меёбад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар дохиланд. Боз ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадисо Раҷабов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 71 кило ва Масъуд Қуқаншоев дар самбои размӣ дар вазни то 58 кило – дар рӯзи охирини мусобиқа ба рақобат мепардозанд.”

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарон барои 31 маҷмуи медалҳо дар намудҳои самбои варзишӣ байни мардону занон, самбои размӣ миёни мардону занон, инчунин самбои нобиноён байни мардон мубориза мебаранд.

Рақобатҳо дар вазнҳои зерин мегузарад:

Мардон: 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Занон: 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои размӣ (мардон): 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, +98 кг

Самбои размӣ (занон): 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг

Самбои нобиноён (класси SVI-1, мардон): 64 кг, 79 кг, 98 кг

«Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Қасри муҳорибаҳои якҳарбаи ба номи Жаксилиқ Ушкемпирови шаҳри Остона доир гаштааст, варзишгарон аз тақрибан 80 кишвари дунё иштирок доранд. Варзишгарони Русия зери парчами FIAS (Федератсияи байнулмилалии самбо) ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин дастаи паноҳандагон ширкат меварзад. Бояд гуфт, ки бори аввал ба барномаи мусобиқа самбои размӣ миёни занон ва самбо байни варзишгарони нобино дохил шудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 311 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои ғолибон дар ҳар як вазн 4000 доллар, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойи сеюм 2000 доллар, инчунин барои ғолибони рақобатҳо миёни нобиноён 1000 доллар ҷоизаи молӣ муқаррар шудааст.

Рӯзи 8-уми ноябр дар Остона Конгресси FIAS (Федератсияи байнулмилалии самбо) доир шуда, қарор дар бораи тамдиди ваколатҳои президенти Федератсияи байнулмилалии самбо Василий Шестакови русиягӣ қабул гардид. Вакилон ба тарафдории ин ташаббуси кумитаи иҷроияи FIAS якдилона овоз доданд. Ҳамин тариқ, ваколатҳои Василий Шестаков ба ҳайси раҳбари FIAS то моҳи ноябри соли 2029 тамдид шуд.

Дар зимн, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштаанд.

Ғолибону ҷоизадорони ду рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2024 дар Остонаи Қазоқистон:

Самбои варзишӣ - мардон

58 кг

1. Илҳом Фармонов (Ӯзбекистон)

2. Вахтанг Чидрашвили (Гурҷистон)

3. Армат Кабдолов (Қазоқистон)

3. Давит Ҳовсепян (RST – дастаи паноҳандагон)

64 кг

1. Ессентай Имаханов (Қазоқистон)

2. Сардор Олимҷонов (Ӯзбекистон)

3. Сорбон Латифов (Tоҷикистон)

3. Александр Фёдоров (FIAS 1)

79 кг

1. Денис Калинин (FIAS 1)

2. Михайло Свидрак (Украина)

3. Александр Кокша (FIAS 2)

3. Иван Харков (Булғористон)

88 кг

1. Сергей Рябов (FIAS 1)

2. Йеламан Койшибоев (Қазоқистон)

3. Мишико Нозадзе (Гурҷистон)

3. Александр Круглик (FIAS 2)

+98 кг

1. Темирлан Колбай (Қазоқистон)

2. Пуревдорҷ Дамдинсурен (Mуғулистон)

3. Георгий Кавтарадзе (Гурҷистон)

3. Степан Солдатенков (FIAS 1)

Самбои размӣ – мардон

64 кг

1. Шайх Мансур Ҳабибуллоев (FIAS 1)

2. Майис Нерсесян (Aрманистон)

3. Маратбек Рахматуллин (Қазоқистон)

3. Сайак Бараканов (Қирғизистон)

71 кг

1. Муминҷон Орзиқулов (Tуркманистон)

2. Ролан Зиннатов (FIAS 1)

3. Қурмонбек Замирбек Уулу (Қирғизистон)

3. Арнур Куатай (Қазоқистон)

88 кг

1. Абусупиён Алихонов (FIAS 1)

2. Соҳибҷон Ҳасанбоев (Ӯзбекистон)

3. Петро Давиденко (Украина)

3. Бектен Еркебай Уулу (Қирғизистон)

98 кг

1. Дмитрий Елисеев (FIAS 1)

2. Озодбек Муродов (Ӯзбекистон)

3. Арман Аванесян (Aрманистон)

3. Сейдоу Нҷи Моулуҳ (Камерун)