Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё се медал гирифтанд

Лоиқ Қутбиддинов, паҳлавони ҷавони тоҷик.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни наврасону навҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2024), ки рӯзҳои 4-7-уми июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир гардид, 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқот дар Қасри варзиши ба номи Балуан Шолаки шаҳри Алмато ба хотираи Бекет Маҳмудов, собиқ раиси Федератсияи ҷудои Қазоқистон ва ноиби президенти Иттиҳоди ҷудои Осиё, доир гардид.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқа миёни наврасон (кадетҳо) 375 варзишгар (248 писар ва 127 духтар) аз 9 кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон - иштирок карданд.

Дар мусобиқа миёни навҷавонон (juniors) 321 варзишгар (209 писар ва 112 духтар) аз–Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, инчунин Русия дар ҳайати дастаи бетараф ширкат варзиданд.

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) ва 14 вазн миёни навҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа 19 нафар (18 писару як духтар) шомил буданд. Аз байни онҳо ду нафар медал гирифтанд.

Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Ин паҳлавони навраси тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, баъдан бар се рақибаш аз Қазоқистон пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Лоиқ дар нимфинал Баҳром Асадови узбекистониро шикаст дода, ба финал баромад. Вай дар даври ниҳоӣ ба намояндаи дигари Узбекистон Амирхон Низомаддинов ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.

Бояд гуфт, ки соли 2023 Лоиқ Қутбуддинов дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон медали тилло, дар Ҷоми Осиё миёни наврасон дар Тошканду Алмато соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Инчунин Лоиқ Қутбуддинов дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни наврасон бо медали нуқра сарфароз гаштааст.

Дар мусобиқаи наврасон дар Ҷоми Осиё дар Алмато гуштигири тоҷик Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 73 кило бо медали бириҷӣ мукофотонида шуд. Ӯ баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Қазоқистон дар даври севум аз намояндаи дигари мизбонон Шамсиддин Апак мағлуб шуд.

Абубакр дар даври тасаллобахш ду гуштигири узбекро шикаст дод ва барои медали биринҷӣ бо рақиби ошнояш Шамсиддин Апак рақобат намуд. Ин дафъа Абубакр ғолиб омад ва нишони биринҷиро азони худ кард.

Ҳамин тавр, мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ миёни наврасон дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо 29 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) мақоми аввлро касб кард.

Қазоқистон бо 27 медал (6-7-14) дувум ва Муғулистон бо 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) севум шуданд.

Ба ҳайати дастаи навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 30 нафар (28 писару 2 духтар) шомил буданд. Аз байни онҳо танҳ як нафар медал гирифт.

Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ пас аз се пирӯзӣ ба як гушигири қирғизу ду қазоқ, дар даври ниманиҳоӣ Ойбек Закашовро аз Қазоқистон ноком карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Муҳиддин дар финал Ҳоҷиакбар Тошеви узбекистониро шикаст дода, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло дар ҳисоби дастаӣ миёни навҷавонон ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Мунтахаби Узбекистон бо 20 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ) мақоми аввлро соҳиб шуд. Қазоқистон бо 16 медал (1-5-10) ҷойи дувум ва Қирғизистон бо 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.

Ба ҷуз аз медал, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот соҳиби имтиёзҳо дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ гардиданд. Аз он ҷумла, ғолиби мусобиқот 100 имтиёз, ҷоизадори нуқра 60 ва ҷоизадори биринҷӣ 40 имтиёз гирифтанд.