Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудо медали нуқра гирифт

Ҳабибулло Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни собиқадорон, ки дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Маҷидови 71-сола дар гурӯҳи М9 дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ ҳашт нафар иштирок дошт, пас аз пирӯзӣ дар аввалин рақобати худ бар ҳамсолаш Ҷорҷ Стейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал Рио Оношитаи 71-солаи ҷопониро шикаст дода, ба финал баромад. Аммо Ҳабибулло Маҷидов дар даври ниҳоӣ аз Ҷос Веннекерси 75-солаи ҳолландӣ мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Рақибаш медали тилло гирифт. Рио Оношита (Ҷопон) ва Бенауда Баулуга (Фаронса) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Бояд гуфт, ки қаблан генерал-майори мустаъфӣ Ҳабибулло Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ медали биринҷӣ гирифта буд. Ӯ моҳи майи имсол дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон дар мусобиқаи собиқадорони ҷудо барои Ҷоми Аврупо медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаи “Las Vegas World Championships veterans 2024” боз як намояндаи Тоҷикистон – Бозоралӣ Маҳмудови 59-сола – рақобат кард. Вай дар вазни то 100 кило, ки 18 нафар иштирок дошт, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм аз ҳамсолаш Александр Лопоучанеки (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар ин гурӯҳ Лулиан Русуи 57-солаи австриягӣ дар финал бар Грзегорҷ Купсинскии 58-солаи лаҳистонӣ ғолиб шуда, бо медали тилло мукофотонида шуд. Купсински медали нуқра гирифт. Виталий Алилуеви 58-сола аз Зеландияи Нав ва Роман Тангаи 57-сола аз Руминия бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Las Vegas World Championships veterans 2024” беш аз 1200 гуштигири собиқадор (мардону занон) аз 69 кишвари панҷ қора мувофиқи синнашон (аз 35-сола боло) ба нӯҳ гурӯҳ тақсим шуда, дар ҳафт вазн то рӯзи 7-уми ноябр рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон боз ду нафар - Аҳрор Холиқови 48-сола (-73 кг) ва Мирзо Абдуллоеви 52-сола (-90 кг) - дохиланд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар - 249 варзишгар (220 мард ва 29 зан) - рақобат мекунанд. Аз рӯйи шумораи варзишгарон мунтахаби Фаронса бо 174 нафар (140 мард ва 34 зан) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо 147 варзишгар (140 мард ва 7 зан) дар ҷойи сеюм мебошанд.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Бразилия бо 7 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби ИМА бо 5 медали тилло, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷойи 29-ум аст.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон аз соли 2012-ум ширкат карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Соли 2012 дар чунин мусобиқа, ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, Хайрулло Назриев дар гурӯҳи варзишгарони синашон 50-54-сола дар вазни мутлақ медали тилло ба даст овард.

Саламшо Муҳаббатов соли 2013-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар гурӯҳи паҳлавонони аз 50 то 54-сола дар вазни зери 90 кило бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҳашт сол муқаддам дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016) дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи ИМА Парвиз Собиров дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 ғолиб шуда, медали тилло ба даст овард. Он замон Парвиз 36-сола буд.